• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
      • Маълумоти асосӣ
      • Стратегияи рушд
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • сахифа
    • зерменю
      • зерзерменю
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2026
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    ПОСДОРОНИ МАРЗУ БУМИ ВАТАН: НАЗДИК 200 НАФАР ХАТМКУНАНДАГОНИ ДОНИШКАДАИ ПОЛИТЕХНИКӢ БА ХИЗМАТИ МОДАР –ВАТАН САФАРБАР ГАРДИДАНД
 ПОСДОРОНИ МАРЗУ БУМИ ВАТАН: НАЗДИК 200 НАФАР ХАТМКУНАНДАГОНИ ДОНИШКАДАИ ПОЛИТЕХНИКӢ БА ХИЗМАТИ МОДАР –ВАТАН САФАРБАР ГАРДИДАНД
ПОСДОРОНИ МАРЗУ БУМИ ВАТАН: НАЗДИК 200 НАФАР ХАТМКУНАНДАГОНИ ДОНИШКАДАИ ПОЛИТЕХНИКӢ БА ХИЗМАТИ МОДАР –ВАТАН САФАРБАР ГАРДИДАНД

Дирӯз дар вазъияти тантанавӣ бо баргузор намудани чорабинии пуршукуҳи идона дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд маросими гусели наздик 200 нафар хатмкунандагони ин муассисаи олӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Сӯҳроб Рустамзода, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Хурсанд Содиқзода, директори ДПДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, намояндагони комиссарияти ҳарбии шаҳру вилоят, волидайни донишҷӯён иштирок ва суханронӣ намуданд.
Таъкид карда шуд, ки ҷавонони даврони соҳибистиқлол насли хушбахти давронанд, зеро барои тақвияти дониш, такмили маҳорат, ҷасурию мардонагии онҳо имрӯз аз ҷониби Давлату Ҳукумат, бахусус Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи шароитҳо муҳайё гардидааст. Донишҷӯёни замони Истиқлол бояд бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда барои омӯхтани илму дониш саъй варзанд, эҳтироми падару модар ва устодонро ба ҷо оранд ва ҳимояи марзу буми кишварро аз мақсадҳои ниҳоии худ донанд. Зеро хизмат дар сафи Артиши миллӣ мактаби мардонагӣ ва омӯзиш барои ҳар як ҷавонмард маҳсуб меёбад
Иттилоъ дода шуд, ки санаи 28-уми феврали соли 2026 фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи “Ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” содир шуд. Мутобиқи ин фармон ҷавонони синни даъватӣ вазифадоранд, ки ӯҳдадории худ, яъне қарзи фарзандию виҷдонии худро дар назди халқу Ватан иҷро намоянд. Боиси хушнудист, ки тибқи анъана донишҷӯёни донишкада аз ҳисоби хатмкунандаҳо бо амри дил ва хоҳиши худ барои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии хешро изҳор медоранд. Имрӯз низ як гурӯҳ аз донишҷӯён пас аз супоридани имтиҳонҳои давлатӣ ба Артиши миллӣ сафарбар мешаванд.
Воқеан ҳам вақте сухан дар бораи ҳимояи марзи Ватан меравад, пеши назар симои ҷавонони бо нангу номус, далеру шуҷо меояд. Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд: «Адои хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ на танҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балки мояи ифтихор ва шарафи бузург буда, хизмати ҳарбӣ ба ҳар як ҷавонмард ҳамчун мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат ва худогоҳиву меҳанпарастӣ хизмат мекунад».
Изҳори умедворӣ карда шуд, ки ҷавонони бонангу номуси донишкада чун дар хониш бо дониши мукаммал, рафтори намунавӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ низ масъулиятнокӣ, далерии худро нишон дода, қарзи фарзандии хешро дар назди Ватан сарбаландона иҷро хоҳанд намуд.
Сипас барномаи фарҳангии ватандӯстона табъи ҳозиринро болида намуда буд.
Дар ин рӯз бо иқдоми роҳбарияти донишкада ба хатмкунандагони дастархони идона густурда шуд.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО


: 6

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 16.04.2026
TEST 1
test 1
  • 16.04.2026
test update 1
test update 1

Хабарҳои машҳур


  • 03.01.2025
Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»
Новости
  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2026 | Все права защищены