ШОҲНОМА - ОЛИТАРИН НИШОНАИ ВАТАНДӮСТИВУ АДОЛАТПАРВАРӢ
Ҳакими Тӯс аз бузургтарин нобиғаи достонсарои мардуми форсу тоҷик буда, осори адиб сарчашмаи муҳташами тамаддуни ориёиҳоро посу зинда нигоҳ медорад.
Абулқосими Фирдавсӣ муаллифи достони бузурги “Шоҳнома” буда, дар достони худ, олитарин нишонаи мардонагиву инсонпарастӣ ва ватандӯстиву адолатпарварӣ инъикос менамояд. “Шоҳнома”-ро дар самти адабиёту санъат қимматтарин ҳамосаи миллии ориёнаҷодон пиндоштаанд, ки он солҳои 970 то соли 1005-ум рӯйи қоғаз омадааст. Яъне шоир барои навиштани асари безаволи хеш сӣ соли умри худро бахшида буд. Беҳуда нест, ки байте андар эҷоди он, навишта шудааст:
Басе ранҷ бурдам дар ин сол сӣ,
Аҷам зинда кардам, бадин порсӣ.
Оре, Ҳаким Фирдавсӣ бо офаридани ин асари дорои хусусиятҳои хоси инсонгароиву адолатпарварӣ беҳтарин нишонаҳои қавми ориёиҳоро таҷассум намудааст. “Шоҳнома”-и адиб аз шаст ҳазор байт иборат буда, мислаш дар тамоми ҷаҳон вуҷуд надорад. Зеро ҳамтои ин ҳамоса, ки бо чунин бузургӣ ба қалами як нависанда тааллуқ дошта бошад, то ҳол ба назар намерасад. Агар аз адабиёти ғарб бо бузургӣ асари “Иллиада”-ро тавсиф кунанд, “Шоҳнома” ҷаҳор маротиба зиёдтар аз ҳаҷми он аст. Аммо сухан бештар дар бораи аҳамияти илмиву маънавии асар меравад, ки то кунун “Шоҳнома” ва қисматҳои илмии он аз ҷониби якчанд пажӯҳишгарону олимон мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Бо истифода аз калимоте, ки дар ин асари адиб оварда шудааст, форсигӯён тавонистанд дар бойу ғанӣ гардонидани фонди луғавии хеш шарафёб гарданд. Зеро асари мазкур бо забони форсӣ навишта шуда буд ва то имрӯз бинобар сабаби аҳамияти таърихиву фарҳангӣ доштан бо якчанд забонҳо мавриди тарҷума қарор гирифтааст. Қаҳрамониҳои достон ба монанди Рустаму Сӯҳроб, ҷасоратмандии Таҳмина ва дигарон манбаи асосии баланд бардоштани эҳсоси адолатхоҳиву шуҷоатмандӣ дар зиндагӣ мебошад.
Имрӯз миллати тоҷик ифтихорманд аз он аст, ки дар хонадони ҳар як мардуми огоҳу бофараҳанг намунаи шоҳасари болозикр ҷойгузин аст. Хушбахтона бо ташаббуси фарҳангпарварона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳар як хонавода китоби “Шоҳнома” ба тариқи ройгон бахшида ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид, ки боиси саодати бегазанди ҳар як соҳибватан аст. Аксарияти мардуми олам хондани ин шоҳасарро орзу мекунанд. Талқин намудани фарзандон барои мутолиаи китоби мазкур вазифаи ҳар як падару модар ва омӯзгорон аст. Зеро мо бояд дар ҷавоби ин ғамхории Сарвари давлат нисбати мардуми тоҷик бо мутолиаи китоб ва баланд бардоштани маънавияти миллии худ барои Тоҷикистон хизмати сазовор ва софдилона карда бошем. Ин аст, рамзи давлатдорӣ ва оини мардонагиву шуҷоатмандӣ ва ватандӯстиву худогоҳии миллии ҳар як шаҳрванд, ки барои ояндаи нек ҳадафҳои бузургро тарҳрезӣ кардааст, то миллат мондагору безавол бошад, мисли “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсии бузург.
Гулчеҳра Муллоусмонова, устоди ДПДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд