• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
      • Маълумоти асосӣ
      • Стратегияи рушд
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2026
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    ПАЁМ: ОЯНДАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ АЗ НАСЛИ БОСАВОДУ СОҲИБКАСБУ СОҲИБҲУНАР ВОБАСТА АСТ
 ПАЁМ: ОЯНДАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ АЗ НАСЛИ БОСАВОДУ СОҲИБКАСБУ СОҲИБҲУНАР ВОБАСТА АСТ
ПАЁМ: ОЯНДАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ АЗ НАСЛИ БОСАВОДУ СОҲИБКАСБУ СОҲИБҲУНАР ВОБАСТА АСТ

Баланд бардоштани эҳсоси худогоҳӣ дар ниҳоди мардуми тоҷик, заминаи мусоид барои таҳкими сулҳу субот ва оромӣ дар кишвар буда, роҳи ояндаи моро ба фатҳи қуллаҳои баланд зафарёб хоҳад кард. Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол ва дорои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мебошад. Чунин шароити ободиву озодӣ барои мо шароит фароҳам овардааст, ки ҳар яки мо масъулияти бештарро дар саводнокгардонии фарзандонамон, шогирдонамон эҳсос намоем. Замоне буд, ки дар кишвар вазъ бениҳоят нотинҷ гардида, ҳамаи орзуи чунин осоиштагӣ ва ба таълиму тадрис фаро гирифтанро орзу мекарданд. Имрӯз давлату Ҳукумати кишвар тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳ нисбат ба фаъолияти ҷавонон ва сатҳи тарбияву саводомӯзии онҳо афзуда, барои фарогирии онҳо ба таълиму тадрис тамоми чораву тадбирҳо роҳандозӣ гардидааст.
Қайд кардан бамаврид аст, ки дар таълиму тарбияи ҷавонон имрӯз танҳо муассисаҳо ҷавобгӯ нест, волидон ва муҳити оила дар тарбияи дурусти фарзанд, масъули асосӣ мебошад. Зеро тарбия оғоз аз оила буда, дар мактабу маориф он сайқал меёбад. Имрӯз сатҳи шароит дар ҳамаи муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои миёна ва олӣ ба дараҷаи аъло муҳайё карда шудааст. Агар ҳар кадоми мо аз чунин шароити мусоид истифода намуда, фарзандонамонро дар руҳияи хирадпешагиву босаводӣ ва ватандӯстиву худогоҳии миллӣ тарбия накунем, рӯзе аз пушаймонӣ суде намебинем. Маҳз ба ҳамин хотир қарзу фарзи ҳар як волидайн аз он иборат аст, ки пеш аз ҳама фарзанди комилақлу хушахлоқ ва дорои хислатҳои инсонгароиро тарбия кунад. Зеро барои ба воя расонидан, соҳибилму бомаърифат намудани фарзанд саҳми падару модар ниҳоят бориз аст. Ин нукта ҳатто дар Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ омадааст, ки: “Бо истифода аз фурсат, мехоҳам ба падару модарон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеа муроҷиат карда, бори дигар таъкид намоям, ки ба масъалаи нигоҳубин ва таълиму тарбияи дурусти фарзандон бо камоли масъулият муносибат намоянд. Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳиб фарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад.”
Албатта агар барои таълиму тарбия фарзанди нек волидайн масъулият эҳсос накунад, нисбати фаъолияти фарзанд бепарвои зоҳир намояд, тарбияи фарзанди ӯ ба дасти онҳое хоҳад афтод, ки ба таври “хос” тарбия мекунанд. Аз ҳамин лиҳоз хоҳем, ки аз боғи хеш меваи ширин чашида бошем, дар нигоҳубини дарахтони он масъулияти боғбонии худро эҳсос намуда, парвариши самарабахшро роҳандозӣ кунем. Маҳз ҳамон вақт ҳадафҳои некбинонаи мо амалӣ хоҳад гашт.
Босаводу донишманд тарбия намудани фарзандон дар оянда ба нафъи мо ва халқу миллат аст, зеро қавми бохираду бофарҳанг ҳамеша сарфарозу некном хоҳад зист. Боиси ифтихори мост, ки дар таърихи миллати тоҷик номи бузургмардону қаҳрамононеро сабт намудааст. Фирдавсии достонсаро, Рӯдакии суханвар, Сомонии давлатдор ва Пешвои миллати сулҳпарвар барин шуҷоатмардон барои сазовори шоиста зиндагӣ намудани мо талошу заҳмати беназир кашидаанд ва имрӯз ҳамаи ин ҷоннисориҳо моро водор месозад, ки барои пешрафти сатҳи зиндагонии худ ва ба ин васила дар таҳкими сулҳу субот дар Тоҷикистон масъулияти дучанд эҳсос намоем. Зеро вусъат бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ низ маҳз дар заминаи тарбияи оилавӣ оғоз меёбад. Тавре Пешвои миллат зимни ироаи Паём таъкид намуданд: “Азбаски чор сол пеш доир ба 35-солагии истиқлол қарор қабул карда будем, пешниҳод менамоям, ки соли 2026 соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ба ифтихори ин ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ эълон карда шавад. Ман ба ояндаи неку дурахшони Ватани соҳибистиқлоламон ва иродаи қавии мардуми заҳматпешаву сарбаланди он эътимоди комил дорам.”
Сазовори боварию эътимоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шудани ҳар яки мо қарзи шаҳрвандӣ ва ифтихори ватандории моро ифода мекунад.
Матлуба Турсунова, устоди ДПДТТХ ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд


: 24

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 20.02.2026
АРТИШИ МИЛЛӢ – ПОЯИ УСТУВОРИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИЯТ
АРТИШИ МИЛЛӢ – ПОЯИ УСТУВОРИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИЯТ
  • 20.02.2026
ДОНИШКАДА АЗ АККРЕДИТАТСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ МЕГУЗАРАД
ДОНИШКАДА АЗ АККРЕДИТАТСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ МЕГУЗАРАД

Хабарҳои машҳур


  • 03.01.2025
Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»
Новости
  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2026 | Все права защищены