• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
      • Маълумоти асосӣ
      • Стратегияи рушд
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2026
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    МАҚОМИ УСТОД ДАР ТАРБИЯИ НАСЛИ ҶАВОН
 МАҚОМИ УСТОД ДАР ТАРБИЯИ НАСЛИ ҶАВОН
МАҚОМИ УСТОД ДАР ТАРБИЯИ НАСЛИ ҶАВОН

«... Омӯзгор дар меҳвари соҳаи маориф қарор дорад ва сатҳу сифати дониши шогирдон ва тарбияи шоистаи онҳо маҳз ба донишу таҷриба, малакаву маҳорати касбӣ, усули таълим ва дигар паҳлӯҳои фаъолияти шахсии омӯзгор вобастагии зич дорад»
Асосгузори сул ҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Дар ҳама давру замон устодон ҳамчун чароғи роҳи маърифат ва парваришдиҳандаи зеҳну ахлоқи инсон шинохта шудаанд. Бе устод, на илм рушд меёбад ва на ахлоқи инсонӣ такмил меёбад. Маҳз тавассути заҳмати устодон насли ҷавон ба дониш, фарҳанг ва худшиносӣ роҳ меёбанд.
Дар ҷаҳони муосир, ки технологияи иттилоотӣ ва глобализатсия равандҳои тарбиявии насли ҷавонро таҳти таъсири шадид қарор додаанд, нақши устод — на танҳо ҳамчун интишоркунандаи дониш, балки ҳамчун тарбиятгари ахлоқӣ, худшинос, ватандӯст ва масъулиятшинос — боз ҳам муҳимтар мегардад. Устод метавонад ҳамчун барқе дар роҳи маърифат ва тарбияи иҷтимоӣ барои ҷавонон хизмат намояд.
Дар тамаддуни тоҷикон ва умуман дар фарҳанги шарқӣ, устод мақоме воло дорад. Аз даврони қадим анъанаи эҳтиром ба устод, омӯзгор ва муршид ба мисли муқаддасоти маънавӣ риоя мешуд. Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гуфта буд:
«Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,
Ҳеҷ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.»
Ин байт арзиши омӯзгорро ҳамчун раҳнамои зиндагӣ таъкид мекунад. Ҳамчунин, бузургони илм, аз ҷумла Ибни Сино ва Форобӣ, устодро пояи таҳаввули шахсият ва пешрафти ҷомеа медонистанд.
Мушкилии тарбияи насли ҷавон дар муосири ҷо аз он аст, ки онҳо ғайритифакилӣ, дастрасии пурра ба иттилоот, ва инчунин шабакаҳои иҷтимоиро бештар истифода мебаранд. Дар чунин шароит устод бояд на танҳо донад, балки қобилияти муоширативу равоншиносиву тарбиявиро низ дошта бошад.
Устод (омӯзгор) на танҳо маводи таълимӣ мерасонад, балки намуд ва усулро ба ҷавонон нишон медиҳад. Дар фарҳанги тоҷикону шарқӣ анъанаи эҳтиром ба устод чунон аст, ки ӯ ҳамчун раҳнамо, муршид ва тарбиятгари маънавӣ фарқ мекунад. Шогирдон ахлоқ, эҳтиром, ҳисси масъулият ва худшиносиро на танҳо аз сухан, балки аз рафтору амали устод меомӯзанд ва дар худ татбиқ мекунанд.
Тибқи таҳқиқоти Education Sciences, MDPI соли 2025, устод метавонад муҳити мотиватсионӣ ва контекстии мусоидро барои раванди омӯзиш фароҳам оварад. Ин муҳит тавассути таҳияи фаъолиятҳои ҷолиб, ҷалби фаъолонаи шогирдон, истифодаи усулҳои мутобиқшаванда (адаптивӣ) ва таҳияи маводи таълимии мувофиқ ташаккул меёбад. Натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки нақши устод танҳо ба интиқоли дониш ва маҳорат маҳдуд намешавад, балки ӯ созандаи муҳити таълимӣ ва тарбиявӣ низ мебошад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ метавонад таҳти таъсир қарор гиранд. Устод дар чунин вазъ нақши муҳим мебозад, зеро ӯ интиқолдиҳандаи фарҳанг, ватандӯстӣ, масъулият, адолат ва дигар арзишҳои маънавист. Тибқи таҳқиқоти Гричанова ва ҳамкорон (2024), устодон ва омӯзгорони донишгоҳҳо дар ташаккули ҷаҳонбинӣ ва нигоҳдории фарҳанг ҷойгоҳи хос доранд.
Технологияҳои иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ: аҳамияти устодро тағйир дода, талаботро ба малакаҳои нав (диҷитал, интерактив) афзун кардааст. Таҳқиқи муаллифони Мирзақаримов ва Болтабоев (2025) нишон медиҳад, ки устод бояд бо усулҳои нави таълимӣ (интерактивӣ, конструктивистӣ) ва тавони истифодаи технологияҳо озмоиш карда тавонад.
Мақоми устод дар тарбияи насли ҷавон наметавонад нодида гирифта шавад: ӯ на танҳо интишоркунандаи дониш, балки тарбиятгар ва муҳити калонтарини рушд барои ҷавонон мебошад. Дар ҷаҳоне, ки равандҳои таълимӣ ва тарбиявӣ босуръат тағйир меёбанд, устодон бояд фаъол, эҷодкор ва ҳамқадами замон бошанд. Муносибати устод ва шогирд ва муҳити мотивасионӣ барои тарбияи муассир муҳим аст.
Устод, омӯзгор яке аз пояҳои асосии ҷомеаи мутамаддин аст. Ҳеҷ як давлат наметавонад бе омӯзгорони босавод, содиқ ва дорои мақоми иҷтимоии баланд пешрафт кунад. Аз ин рӯ, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “дар бораи мақоми омӯзгор” барои мустаҳкам намудани заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии фаъолияти омӯзгорон аҳамияти бузург дорад.
Рӯзи 1 сентябр 2025 дар маросими «Дарси сулҳ» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ қайд кардаанд, ки: «…таъсиси ва қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” нишонаи баланди эҳтиром ва қадрдонии устодон аз ҷониби Ҳукумат мебошад».
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» яке аз санадҳои муҳими ҳуқуқӣ буда, мақоми омӯзгорро дар ҷомеа муайян ва ҳимоя менамояд. Дар ин қонун омӯзгор ҳамчун шахсияти калидӣ дар тарбия ва таълими насли наврас эътироф гардида, касби омӯзгорӣ ҳамчун фаъолияти пуршараф, масъулиятнок ва барои рушди давлату ҷомеа муҳим арзёбӣ мешавад.
Қонун ҳадаф дорад шаъну шараф ва эътибори омӯзгорро баланд бардошта, барои фаъолияти касбии ӯ шароити мусоид фароҳам оварад. Дар қонун мафҳуми омӯзгор шарҳ дода шуда, ӯ шахсе ҳисобида мешавад, ки дорои таҳсилоти касбӣ буда, дар муассисаҳои таълимӣ ба таълиму тарбияи кӯдакон, наврасон ва ҷавонон машғул аст. Яке аз нуктаҳои муҳими қонун муайян намудани ҳуқуқҳои омӯзгор мебошад, аз ҷумла ҳуқуқ ба эҳтиром, ҳифзи шаъну шарафи касбӣ, фаъолияти озоди педагогӣ, истифодаи усулҳои муосири таълим, иштирок дар таҳияи барномаҳои таълимӣ ва такмили ихтисос. Ҳамзамон қонун омӯзгорро аз дахолати ғайриқонунӣ ба фаъолияти касбиаш ҳимоя намуда, ҷалби ӯро ба корҳои ғайритаълимӣ, аз қабили корҳои хоҷагӣ, ҷамъоварии маблағ, санҷишҳои беасос ва дигар вазифаҳои ба омӯзиш алоқаманд набуда манъ мекунад.
Дар баробари ҳуқуқҳо, уҳдадориҳои омӯзгор низ муайян гардидаанд, аз ҷумла риояи одоби касбӣ, эҳтироми ҳуқуқи хонандагон, падару модарон ва ҳамкорон, таъмини сифати таълиму тарбия, такмили доимии дониш ва малакаи касбӣ. Қонун ҳамчунин кафолатҳои иҷтимоии омӯзгоронро дар бар гирифта, нақши давлатро дар ҳифз ва дастгирии онҳо таъкид менамояд. Дар маҷмуъ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» ба таҳкими мавқеи омӯзгор дар ҷомеа, баланд бардоштани масъулияти касбӣ, беҳтар шудани сифати таҳсилот ва ташаккули насли босаводу худогоҳ мусоидат намуда, аҳамияти бузурги тарбиявию иҷтимоӣ дорад.
Қабули чунин Қонун омӯзгорро ҳамчун шахси калидӣ дар рушди ҷомеа эътироф мекунад ва барои баланд бардоштани обрӯ ва эҳтироми ӯ дар ҷомеа асоси ҳуқуқӣ фароҳам меорад.
Он инчунин имконият медиҳад, ки омӯзгорон бо итминон ва ифтихор ба кори худ машғул шаванд, ки ин омили муҳими пешрафти ҳар як миллат аст.
Мақоми устод дар тарбияи насли ҷавон бебадал аст. Ӯ бунёдгузори ҷомеаи донишбунёд, ахлоқсолим ва худшиноси миллӣ мебошад. Ҳар қадаре ки устодон бо масъулият ва муҳаббат ба кори худ муносибат кунанд, ҳамон қадар ояндаи миллат дурахшонтар мегардад. Аз ин рӯ, қадршиносии устодон, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии онҳо ва фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти омӯзгорӣ вазифаи муҳими ҷомеа мебошад.
Дилрабо Комилова, устоди ДПДТТ ба номи акдемик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд


: 83

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 15.02.2026
ҲАШАРҲОИ ДАСТҶАМЪОНА ВА ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ДОНИШКАДА
ҲАШАРҲОИ ДАСТҶАМЪОНА ВА ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ДОНИШКАДА
  • 15.02.2026
МУЛОҚОТ: МАЪРИФАТНОКИИ ЗАН-КАФИЛИ НАСЛИ БОФАРҲАНГ
МУЛОҚОТ: МАЪРИФАТНОКИИ ЗАН-КАФИЛИ НАСЛИ БОФАРҲАНГ

Хабарҳои машҳур


  • 03.01.2025
Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»
Новости
  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2026 | Все права защищены