АҲАМИЯТИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАРБИЯИ ҶАВОНОН
Дар шароити муосири иҷтимоӣ ва иқтисодӣ тарбияи ҷавонон яке аз масъалаҳои муҳимтарини ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ такроран ба ин нукта таъкид менамояд, ки ояндаи давлат аз сатҳи дониш, маърифат ва ҷаҳонбинии насли ҷавон вобаста аст.
Аммо воқеияти имрӯза нишон медиҳад, ки қисми муайяни ҷавонон аз роҳи асосии рушд — донишомӯзӣ ва таҳсилоти касбӣ — дур шуда, вақти худро ба корҳои муваққатӣ, камдаромад ва аксаран бетаҳассус равона менамоянд.
Мутаассифона, решаи он аксаран дар муҳити оилавӣ қарор дорад. Дар баъзе оилаҳо падару модар ба ҷойи ҳидоят намудани фарзанд ба донишомӯзӣ, ба даромади фаврии онҳо ниёзманд ҳастанд ва иҷозат медиҳанд, ки фарзандон то нимаи шаб дар кӯчаҳо ба корҳои муваққатӣ машғул гарданд.
Ин ҳолат на танҳо ба саломатӣ ва ахлоқи ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад, балки ҷаҳонбинии онҳоро низ маҳдуд месозад.
Дар замонаҳои пеш чунин муносибат нисбат ба тарбия ва масъулияти оилавӣ кам ба назар мерасид, зеро таҳсил ва одоб арзиши олии миллӣ ба ҳисоб мерафтанд.
Як гуруҳи ҷавонон бар ивази он ки дар бораи ояндаи касбӣ ва иҷтимоии худ андешаи амиқ намоянд, мехоҳанд ҳарчи зудтар маблағ ба даст оранд, корҳои арзон ва муваққатӣ дар назари онҳо роҳи осон ба ҳисоб мераванд, дар ҳоле ки донишомӯзӣ заҳмат, сабр ва масъулияти зиёдро талаб мекунад.
Ин раванд, агар идома ёбад, метавонад ба заиф гардидани неруи зеҳнии ҷомеа оварда расонад.
Бояд қайд намуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҷавононро пайваста ба омӯзиши илм, касбомӯзӣ ва аз худ кардани технологияҳои муосир даъват менамояд.
Пешвои миллат таъкид мекунанд, ки танҳо ҷавонони босавод, соҳибкасб ва дорои тафаккури муосир метавонанд, имрӯз дар бозори меҳнати рақобатпазир бошанд.
Дар ин замина, даст кашидан аз таҳсил ба хотири “даромади ночизи муваққатӣ” на танҳо мушкилии шахсӣ, балки мушкили умумимиллӣ мебошад.
Омили дигаре, ки ба ин ҳолат таъсир мерасонад, таъсири муҳити иҷтимоӣ ва шабакаҳои иттилоотӣ мебошад.
Таблиғи зиндагии “осон”, пулёбӣ ва ё худ маблағбадастории зуд ва аҳамият надодан ба дониш, боис мегардад, ки қисми ҷавонон аҳамияти таҳсилро нодида гиранд.
Дар чунин шароит Паёми Президент ҳамчун василаи муҳим барои баланд бардоштани худогоҳӣ ва зиракии ҷавонон нақши калидӣ мебозад.
Бо шарофати сулҳу ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷавонон на танҳо шароити таҳсил, балки имкониятҳои гуногуни қонунии ба даст овардани маблағ ва худтаъминкунӣ фароҳам оварда шудаанд.
Давлат дар доираи барномаҳои миллӣ, стратегияҳои рушди ҷавонон ва дастгирии соҳибкорӣ мунтазам озмунҳо, мусобиқаҳо, грантҳо, лоиҳаҳои инноватсионӣ ва барномаҳои омӯзишию амалиро роҳандозӣ менамояд.
Аз ҷумла, барои ҷавонони лаёқатманд озмунҳои илмӣ, ихтироъкорӣ, стартапҳо, барномаҳои дастгирии соҳибкории ҷавон, курсҳои касбомӯзӣ ва таҷрибаомӯзӣ ташкил карда шуда истодаанд, ки ҳамзамон ба даст овардани даромад ва баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи касбӣ мусоидат менамоянд.
Ин гуна имкониятҳо нишон медиҳанд, ки дар шароити имрӯза даромадгирӣ метавонад бо донишомӯзӣ ва рушди зеҳнӣ дар ҳамоҳангӣ сурат гирад, на дар муқобили он.
Муҳим аст, ки ҷавонон дарк намоянд: маҳз сулҳу ваҳдат заминаи асосии чунин имкониятҳо мебошад. Дар ҷомеае, ки оромӣ, амният ва эътимод ба оянда вуҷуд дорад, давлат метавонад захираҳоро ба рушди ҷавонон равона созад. Аз ин рӯ, иштирок дар озмунҳо, лоиҳаҳо ва барномаҳои давлатӣ на танҳо роҳи даромадгирӣ, балки шакли фаъолонаи иштироки шаҳрвандӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди кишвар маҳсуб меёбад.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавононро ҳидоят мекунад, ки аз ин имкониятҳо оқилона истифода баранд, ба корҳои арзону муваққатӣ маҳдуд нашаванд, балки тавассути дониш, ташаббус ва эҷодкорӣ ба сатҳи баланди зиндагӣ расанд.
Дар Паём инчунин таъкид мегардад, ки давлат барои ҷавонон шароити мусоиди таҳсил, дастгирии иҷтимоӣ ва рушди соҳибкорӣ фароҳам меорад, истифодаи самараноки ин имкониятҳо аз худи ҷавонон вобаста аст.
Агар ҷавонон донишомӯзиро сарфи назар намоянд ва танҳо ба корҳои муваққатӣ қонеъ шаванд, онҳо наметавонанд дар рушди устувори давлат саҳми арзанда гузоранд.
ХУЛОСА, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавононро ҳушдор медиҳад, ки пул восита аст, на ҳадаф. Дониш, касб ва маърифат сармояи асосии инсон мебошанд. Танҳо бо такя ба илм ва омӯзиш ҷавонон метавонанд на танҳо сатҳи зиндагии худро беҳтар созанд, балки дар пешрафти ҷомеа ва давлат низ нақши муассир дошта бошанд.
Аз ин рӯ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи эҳтиром ба дониш ва меҳнати зеҳнӣ вазифаи муҳими оила, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеа дар маҷмӯъ ба ҳисоб меравад.
Мавзуна Ахмедова,
устоди ДПДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд