ПАЁМ: ИҚТИСОДИ САБЗ-АСОСИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН
Халқе, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат зиндагонии осуда дорад, ҳар лаҳзаи ҳаёти мустақил боиси пайваста нусрат ёфтани мардумон хоҳад шуд. Маҳз ба ҳамин хотир боиси ифтихору саодатмандии шаҳрвандони миллати тоҷик низ аз он иборат аст, ки мо соҳиби Ватани соҳибистиқлол ва ваҳдату ягонагӣ ҳастем. Ифтихори мо ва сари баланди миллати мо аз дастовардҳои миллатамон аст. Дастовардҳое, ки ба туфайли заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо шарафёб гардидаем ва маҳз ҳамин талошу заҳматҳо тавонист, ки моро дар тамоми олам ҳамчун миллати сулҳҷӯй ва башардӯсту соҳибистиқлол муаррифӣ намуд. Шукрона аз ҳамин фазои озод, ки моро дар зиндагӣ ҳамаи нусрату нишотро муҳайё намуда, кафолати зиндагии шоистаро фароҳам овардааст.
Албатта ҳамаи мо ифтихор дорем, ки барои пешрафти миллатамон аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар стратегияҳо ва барномаҳои рушди Тоҷикистон пешниҳоди мардум гардида, мардумон онро дар амал татбиқ менамоянд, ки он барои иқтисодиёти сабзи Тоҷикистон заминаи мусоид мебошад. Агар ҳамаи мо аз имрӯз барои беҳтар кардани вазъияти кишварамон заҳмат накашем, фардо баробари замона ҳамқадам шудани мо имконнопазир мегардад, маҳз ба ҳамин хотир, Сарвари давлат пайваста таъкид менамоянд, ки бояд аз донишҳои замони муосир бебаҳра намонем.
Хушбахтиовар он аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш аз ҷумла изҳор доштанд, ки: “Дар Тоҷикистон бо татбиқи стратегиҳои рушди кишвар сатҳи камбизоатии мардум 19 % коҳиш ёфта, сатҳи зиндагонии мардумон рӯз то рӯз беҳтар шуда истодааст”.
Албатта ҳамаи ин пешравиҳо маҳз бо татбиқ намудани ҳадафҳои асосии рушди кишварамонро тақозо менамояд, ки бояд мо рушди иқтисодии миллатамонро бояд бештар таъмин намуда, ба хотири фазои беҳтари иқтисодии Тоҷикистон заминаи мусоидро фароҳам оварда тавонем.
Ба хотири рушди сармояи инсонӣ дар кишвар, миёни ҳамаи қишри ҷомеа, барои баланд бардоштани маърифати шаҳварндии мардумон бояд донишҳои навро аз худ намуда, барои пешравии ҳаёти осудаҳолонаи мардум қадамҳои устуворро танҳо ба пеш гузорем.
Қайд кардан зарур аст, ки нуктаҳои асосӣ дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди иқтисоди сабз равона гардидааст, ки он кафолати некӯаҳволии мардум ва бештар коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар аст. Барои ҳамин хеле зарур аст, ки барои рафъи камбудиҳо бештар кӯшиш кунем, то ҳамаи суханони ибратбахшу ояндабинонаи Пешвои муаззами миллатро дар амал татбиқ кунем, то зиндагониамон рӯз аз рӯз беҳтару хонадонамон ободттар бошад.
Алия Раҳимова,
устоди ДПДТТ ба номи академик
Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд