- 07.12.2025
ИМЗОИ МЕМОРАНДУМ БО ДДТ-И НАМАНГОН
«Ҳадафи сиёсиси мо барпо кардани давлати демократию ҳуқуқбунёд
аст. Дар ин ҷода, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун
санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат, раҳнамои ҳамешагии
мо хоҳад буд» – гуфтаанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,
Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
6 ноябри соли 1994-ум барои тамоми мардуми тоҷик, яке аз санаҳои
тақдирсози миллат аст, зеро маҳз дар ҳамин руз бо роҳи райпурсии умумихалқӣ дар
Ҷумҳурии Тоҷикистон-Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст, ки имсол
мо 31–умин солгарди онро ҷашн мегирем. Ин барои мардуми мо аз дастовардҳои
бузурги даврони Истиқлоли кишвар маҳсуб мешавад.
Конститутсяи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун санади меьёрию ҳуқуқӣ
эьтибори олии ҳуқуқӣ дорад, арзиши олии миллат ҳисобида мешавад. Мувофиқи ин қонун
ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Ҳуқуқу
вазифаҳои инсон аз ҷониби давлат эътироф ва кафолат дода мешавад. Тибқи талаботи
Конститутсия ҳеҷ як мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори давлатӣ ҳақ надоранд,
ба ягон ваҷҳ ба қадру қимати инсон бирасанд. Масъалаи дигари муҳими он дахлнопазирии
шахсият, манзил ва монанди инҳо мебошад.
Конститутсия асосан шиносномаи давлату миллат ҳисобида мешавад,
зеро дар он номи давлат, сохти давлатдорӣ ва сохтори он нишон дода мешавад. Дар
он асоси низоми ҳуқуқии давлат муайян мегардад. Он ҳамеша қонуни асосии давлат ҳисобида
шуда, сарчашмаи ҳамаи қонунҳо мегардад. Он барои ҳама баробар дониста мешавад.
Имрӯз шаҳрвандони Тоҷикистон ҳаёти худро бе арзишҳои умумибашарӣ,
ки ҳамчун меъёри ҳуқуқии зиндагии инсон қабул шудаанд, тасаввур карда наметавонанд.
Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯҳу фалсафаи муносибатҳои давлатдорӣ ва
низоми ҳуқуқии моро тағйир дода, арзишҳои умумибашариро бо дарназардошти
хусусиятҳои миллии кишвар ба ҳаёти сиёсиамон ворид намуд. Дар заминаи он асосҳои
ҳуқуқии низоми сиёсии ҷамъият ва муносибатҳои мутақобилаи миёни давлат ва шахс муқаррар
гардиданд. Фаъолияти мақомотҳои давлатӣ нисбат ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ба меъёрҳои
Конститутсия асос ёфтаанд, ки дар он ҳуқуқи инсон арзиши олӣ эътироф шудааст. Қонуни
асосӣ ҳамчунин доираи фаъолияти тамоми неруҳои сиёсӣ — ҳизбҳо, иттиҳодияҳо ва созмонҳои
ҷамъиятиро муайян намуда, барои густариши кори онҳо заминаи қонунӣ фароҳам
овард.
Конститутсияи нав дар роҳи такмили сохти давлатдории Тоҷикистон
иқдоми ҷиддие буд, ки барои такмили минбаъдаи давлат мусоидат намуд.
Дар Конститутсияи соли 1978 моликияти давлатӣ асоси низоми иқтисодии Тоҷикистони
Шӯравиро ташкил медод. Конститутсия соли 1994 гуногунии шаклҳои моликиятро ба таври
баробар эътирофу ҳимоя менамояд ва рушди озодонаи ҷомеаи шаҳрвандиро таъмин месозад.
Мутобиқи Қонуни асосӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун танзимкунандаи
фаъолияти мақомоти олии давлатӣ Сарвари давлат ва Раиси Ҳукумат буда, ҳомии Конститутсия,
қонунҳои кишвар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ,
тамомияти арзӣ ва пойдории давлат эътироф шудааст.
Табиист, ки вобаста ба давраҳои муайяни рушди ҷамъият Конститутсия,
меъёрҳои он ва дигар санадҳои қонунгузорӣ ба такмил эҳтиёҷ пайдо мекунанд. Дар Тоҷикистон
даҳаи охири асри бист гузариш аз сохти сотсиалистӣ ба шакли ба сохти ҷамъиятии
бозоргонӣ ба вуқӯъ пайваст. Ин хусусан ба Конститутсия ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии
давлат ва ҷомеае иртибот мегирад, ки дар марҳалаи гузариш аз як сохт ба сохти дигар
ва рушду такомул қарор дорад. Конститутсияи Тоҷикистон аҳамияти ниҳоят калони таърихӣ
дорад. Бори аввал ғояи ҷомеаи ҳуқуқбунёди демократӣ асоси Конститутсияро ташкил
медод. Конститутсия ҳуҷҷати муққаддасест, ки тақдири миллат ва давлатро муайян намуда,
роҳ ба суи ояндаи онҳоро мунаввар месозад. Такмили Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,
ба он ворид намудани таъғиру иловаҳо тақозои давраҳои муайяни пешрафти ҷомеа мебошад.
Таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули панҷ Конститутсия (1929, 1931, 1937, 1978,
1994) -ро дар ёд дорад. Ба Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол се маротиба солҳои
1999, 2003, 2016 тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.
Конститутсяи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун санади меьёрию ҳуқуқӣ
эьтибори олии ҳуқуқӣ дорад, арзиши олии миллат ҳисобида мешавад. Мувофиқи ин қонун
ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Ҳуқуқу
вазифаҳои инсон аз ҷониби давлат эътироф ва кафолат дода мешавад. Тибқи талаботи
Конститутсия ҳеҷ як мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори давлатӣ ҳақ надоранд,
ба ягон ваҷҳ ба қадру қимати инсон бирасанд. Масъалаи дигари муҳими он дахлнопазирии
шахсият, манзил ва монанди инҳо мебошад.
Конститутсия асосан шиносномаи давлату миллат ҳисобида мешавад,
зеро дар он номи давлат, сохти давлатдорӣ ва сохтори он нишон дода мешавад. Дар
он асоси низоми ҳуқуқии давлат муайян мегардад. Он ҳамеша қонуни асосии давлат ҳисобида
шуда, сарчашмаи ҳамаи қонунҳо мегардад.
Дар давраи ҳозираи рушд дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои
боз ҳам миқёсан васеи-таъмини пешрафти минбаъдаи иқтисодӣ, баланд бардоштани дараҷаи
некӯаҳволии халқ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва истиқлолияти энергетикӣ, баромадан
аз бунбасти коммуникатсионӣ истодаанд.
Бояд қайд намуд, ки дар натиҷаи ислоҳотҳои сохтори иқтисодиёт ва гузариш ба муносибатҳои нави иқтисодиёти бозорӣ, шаклҳои гуногуни моликият, амали озоди субъектҳои хоҷагидорӣ имрӯзҳо дар самтҳои гуногуни иқтисодиёти Тоҷикистон пешравиҳои назаррас ба чашм мерасанд.