ТАРБИЯИ ҶАВОНОН ДАР РӮҲИЯИ ВАТАНДӮСТӢ ВА ПЕШГИРӢ АЗ ШОМИЛШАВӢ БА ГУРӮҲҲОИ ИФРОТӢ-ВАЗИФАИ МУҲИМИ ҶОМЕА
«Ҷавонон дар ҷомеаи навини Тоҷикистон нерўи азиму тавоно ва навовару ташаббускоранд».
Эмомалӣ Раҳмон
Ҷавонон нерӯи созандаи ҷомеа ва кафили ояндаи дурахшони миллат мебошанд. Онҳо бояд дар фазои солим, бо маърифати баланд ва ҳисси баланди ватандӯстӣ ба камол расанд. Аммо, мутаассифона, дар шароити ҷаҳони муосир баъзе гурӯҳҳо ва ҳаракатҳои ифротӣ кӯшиш мекунанд, ки ҷавононро ба доми худ кашанд ва аз онҳо ба манфиати ғаразноки худ истифода баранд. Аз ин рӯ, масъалаи пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбҳои ифротӣ ва ғайриқонунӣ яке аз масъалаҳои мубрами рӯз ба ҳисоб меравад.
Дар шароити ҷаҳони муосир, яке аз хатарҳои ҷиддӣ ба амнияти миллӣ ва суботи ҷомеа - фаъолияти ҳизбҳои ифротӣ мебошад. Ин гуна ҳизбҳо, ки бо шиорҳои динию сиёсӣ ва ваъдаҳои фиребанда ҷавононро ҷалб мекунанд, дар асл ба манфиатҳои миллӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва оромии мардум таҳдид менамоянд.
Ҳизбҳои ифротӣ одатан бо истифода аз шиорҳои динии таҳрифшуда, ваъдаҳои пучу таблиғоти ғаразнок кӯшиш мекунанд, ки ҷавононро ба сафҳои худ ҷалб намоянд. Онҳо:
- мақсадҳои сиёсӣ ва идеологӣ доранд, ки бо манфиатҳои миллӣ мухолифанд;
- тарғиби ифротгароӣ ва тундгароиро ба роҳ мемонанд;
- мухолифи сохти конститутсионӣ ва арзишҳои давлатдорӣ мебошанд;
- мехоҳанд нооромӣ ва бесуботиро дар ҷомеа ба вуҷуд оранд.
Сабабҳои асосии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ин камбуди маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқӣ Бисёре аз ҷавонон аз моҳияти воқеии ҳизбҳо ва ҳаракатҳои сиёсӣ огоҳ нестанд ва ба осонӣ ба доми таблиғоти бардурӯғ меафтанд. Фаъолияти таблиғотии гурӯҳҳои ифротӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба як воситаи асосии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ табдил ёфтааст. Мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ Бекорӣ, камбизоатӣ ва набудани имкониятҳои рушд метавонанд ҷавононро ба роҳи нодуруст баранд. Камтаваҷҷуҳии оила ва ҷомеа Дар баъзе ҳолатҳо, беаҳамиятии падару модар ва муҳити носолими иҷтимоӣ боиси дуршавии ҷавонон аз арзишҳои миллӣ мегардад.
Чораҳои пешгирӣ ва роҳҳои ҳалли масъала аз шомилшави ҳизбҳои ифроди;
-баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷавонон.Ташкили семинарҳо, вохӯриҳо ва барномаҳои омӯзишӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои ҷавонон барои фаҳмондани моҳияти ҳизбҳо ва хатарҳои гурӯҳҳои ифротӣ муҳим аст;
- тақвияти тарбияи ватандӯстӣ ва худшиносӣ. Ҷавонон бояд бо таърихи миллат, фарҳанг, арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои давлати худ ошно бошанд ва ҳисси ифтихори миллӣ дар онҳо рушд дода шавад;
- назорати падару модар ва муҳити оилавӣ. Оила бояд муҳити солим, меҳру муҳаббат ва дастгирии равониро барои фарзандон фароҳам оварад. Муоширати доимӣ ва назорати оқилона метавонад ҷавононро аз роҳҳои хатарнок эмин нигоҳ дорад;
- мубориза бо таблиғоти ифротӣ дар интернет. Мақомоти дахлдор бояд фаъолияти гурӯҳҳои ифротиро дар шабакаҳои иҷтимоӣ зери назорат гиранд ва бар зидди онҳо чораҳои қатъӣ андешанд;
- фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҷавонон Эҷоди ҷойҳои корӣ, дастгирии ташаббусҳои ҷавонон, рушди варзиш ва фарҳанг, имкониятҳои таҳсил ва касбомӯзӣ метавонад ҷавононро аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои номатлуб боздорад.
Пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбҳои ифротӣ ва ғайриқонунӣ на танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ, балки масъулияти умумии ҷомеа, оила ва ҳар як шахси бедордил мебошад. Танҳо бо ҳамкории зичи ҳамаи ниҳодҳо ва баланд бардоштани сатҳи маърифат метавонем ҷавонони худро аз хатарҳои замони муосир эмин нигоҳ дорем ва онҳоро ба роҳи созандагӣ, худшиносӣ ва ватандӯстӣ раҳнамоӣ кунем.
Дадохон Ҷӯраев, омӯзгори кафедраи таъминоти барқ ва автоматика