

ҒОЯҲОИ АХЛОҚӢ ВА АДОЛАТПАРАСТӢ ДАР ОСОРИ МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ
Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ориф, шоири тавоно, тарғибгари ахлоқу эҳсон ва ҳуввияти миллӣ ҳам барои ҳамасрони худ ва ҳам барои ояндагон мебошад. Мавлонои бузург ба дараҷае забони форсии дариро ба риштаи назм кашидааст, ки бидуни омодагии қаблӣ дарки он, фаҳмиши мазмуни он барои хонандаи замони муосир ба осонӣ муяссар намешавад. Осори ин шоири ширинкалому ҳақиқатҷӯй ва нексиришт саросар аз панду ахлоқ ва накӯкориву покизасириштӣ шаҳодат медиҳад. Балхии равшанзамир аз дидгоҳи худ нисбат ба поктинати башарият такя намуда, байтҳои ибратомӯзеро рӯйи қоғаз меоварад, ки хонанда аз он ҷаҳони маънӣ мебардорад. Чунончи:
Рав некӣ кун, ки даҳр некӣ донад,
Ӯ некиро зи некӯвон настонад.
Мол аз ҳама монду аз ту ҳам хоҳад монд,
Он беҳ, ки ба ҷои мол некӣ монад.
Оре, осори Ҷалолиддини Румӣ сириште аз зиндагонии шоиста доштани мардум, омӯзиши панду ахлоқ ва таҷассумгари хислатҳои ҳамидаи инсонист. Шоири забардаст, ҳамеша мунодии ақидаҳои гуманитариву хештаншиносӣ ва тарғибгари ғояҳои ахлоқиву адолатпарастӣ дар замонаш буд. Зеро шоир дар асари безаволи худ “Маснавии маънавӣ” низ пеш аз ҳама масъалаҳои ҳаёти осудаҳолонаро бо ривоятҳову назмҳои ибратбахш эҷод намуда, хонандаро водор месозад ва таъкид менамояд, ки ҳамеша хислати бадсириштӣ, золимӣ, пастиву ҷоҳилиро маҳкум намоянд ва барои намунаи ҷомеа будан рӯ ба омӯзиши донишу илмҳои замон ва меҳнатдӯстиву вафодорӣ, саховатмандӣ ва баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ оварда бошанд. Ин асари пурмазмуну тарбиявии шоир “Маснавии маънавӣ”, рисолаи мукамалли фалсафӣ – ирфонӣ ва ахлоқию адолатпарастӣ буда, бо андешаву дастгирии орифону донишмандони замон бо қалами Ҷалолиддини Румӣ рӯи қоғаз оварда шудааст.
Каломи бадеъ дар осори Мавлавии бузург ба дараҷае шевою гуворо эҷод гардидааст, ки ҳатто шоир масъалаҳои меҳру муҳаббати инсониро хеле ҷозибаноку таъсирбахш ба риштаи назм мекашад, то хонандаи он маънии комиле бардошта бошад. Шоири ғазалсаро, орифи тавоно бо изҳори муҳаббат нисбат ба ояндаи нек, рӯзгори босаодати мардум дар ҳар давру замон, барои шарафёб гардидан ба зиндагии шоиста, чунин байти пурмуҳтаворо ба риштаи назм кашидааст:
Аз муҳаббат талхҳо ширин шавад,
В-аз муҳаббат мисҳо заррин шавад.
Шоири ширикалом масъалаи одоби сухан гуфтан, қавииродагӣ, адлу инсофи подшоҳону мардумон ва ҳамасронашро низ дар ашъори худ ҷой дода, ҳирсу тамаъкорӣ, ришвахӯрию ришваситонӣ, золимӣ ва ҳасад нисбат ба халқро аз ҷумлаи хислати бади башарият пиндошта байти зеринро эҷод мекунад:
Аз қаноат ҳеҷ кас беҷон нашуд,
Аз ҳариси ҳеҷ кас султон нашуд.
Қайд кардан зарур аст, ки мақоми устоду муаллим, омӯзгор аз нуқтаи назари орифи хушбаёну хушбин хеле таъсирбахш эҷод гардида, хонандаро барои баланд бардоштани эҳсоси хештаншиносиву арҷгузорӣ водор месозад. Мавлавӣ ҳанӯз аз хурдсоли хислату рафтори ибратомӯзе ба худ дошт ва таҳсили ибтидоишро низ дар манзили худ аз падар омӯхтааст. Ривояте ҳаст, ки ҳангоми ба сайру гашт баромадан бо падари худ дар шаҳри Ҳалаб ва Кунияи Рум мадрасаеро барои худ таълимгоҳ интихоб намуда, дар он таҳсили илм мекунад ва дар ҳамон ҷо бо Шамси Табрезӣ мавқеи ошноӣ ба миён меояд. Минбаъд Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ Шамсӣ Табрезиро барои худ устоди маънавӣ пиндошта, дар яке аз қисматҳои “Маснавии маънавӣ” байти зеринро ҳамчун нишони эҳтирому арҷгузорӣ нисбат ба ҳастии устод ба риштаи назм кашидааст:
Ҳеҷ кас аз пеши худ, чизе нашуд,
Ҳеҷ оҳан, ханҷари тезе нашуд.
Ҳеҷ Мавлоно нашуд, Мавлои Рум,
То муриди Шамси Табрезӣ нашуд.
Қисми асосии “Маснавии маънавӣ” – ро муаммоҳои ба панду ахлоқ ва адолатпарастии шоҳони даврон рабтдошта ташкил медиҳад. Шоири донову тавоно ҳамаи рисолату асолати башариятро дар осори худ бо лаҳни шевою дарии форсӣ навиштааст, ки аз хондани он манфиати хеле беш аст. Балхии равшанфикру донишманд ҳамчун нишони эътирофи арҷгузорӣ нисбат ба устоди маънавии худ девони машҳури худро, ки пур аз ашъори панду ахлоқӣ буд “Девони Шамси Табрезӣ” ном гузоштааст. Осори адиб оғоз то анҷом ҳидоятгари хислатҳои ҳамида мебошад. Аз ин рӯ, моро лозим аст, ки пеш аз мутолиаи осори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ба андозаи лозим бо забону назарпардозиҳои ирфонӣ, равишҳои фикрии шоир ошно бошем. Ҳамаи мо хуб медонем, ки Балхии бузург дар адабиёти форсии тоҷикӣ ба сифати як орифи шоир шинохта шудааст ва ӯ ба навъи дигари ҷаҳоншиносӣ, ки он аз тариқи маърифати ботинӣ (дилогоҳӣ) ба даст меояд, боварӣ дорад ва ин воситаи идрокро беҳтарин роҳи шинохти воқеият медонад. Шоир чунин мепиндорад, ки инсон бояд дар партави ҳидояти хиради фитрӣ аз имконоти вуҷуди худ огоҳӣ ёбад, мавқеи дурусти истифодаи ҳунару тавонмандиҳои хешро бишиносад ва аз неруи созандаи худ барои суботу ваҳдату ободии ин қаламрав истифода барад.
Маърифат Мавлонова,
котиб-коргузори донишкада