

ЗАБОН-ПОЯИ АСОСИИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН
Эй забони тоҷикӣ воломақомӣ,
Ҳам забони Рӯдакӣ, Саъдию Ҷомӣ,
Тоҷикӣ дар “Махзани тиллоӣ” ҷойгир,
Чун забони қиммату алфози олӣ.
Забони давлатӣ яке аз рукнҳои асосии миллат ва устувории пояҳои давлату давлатдории мо тоҷикон аст. Дар тамоми олам ҳар қавму миллатеро маҳз бо забони давлативу модариаш мешиносанду эътироф мекуннанд. Хушо бар ҳоли мардумони тоҷик, ки имрӯз мо маҳз бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони шевою форсӣ - дарии тоҷикӣ дар замони соҳибистиқлолии кишварамон мавриди ҳифзу ҳимоя ва гиромидошт қарор гирифта, мақоми он рӯз то рӯз баланд ва сатҳаи ҷаҳонӣ касб менамояд. Бо ифтихор ва сарфарозии беназир метавон гуфт, ки мо тоҷикону Тоҷикистониёнро дар тамоми олам маҳз бо забони давлатиамон мешиносанду эътироф мекунанд.
Қайд кардан зарур аст, ки тамоми арзишҳои олӣ ва муқаддасоти кишварамон дар замони Истиқлолияти давлатӣ бо шарофати талошҳои пайгиронаи сарвари давлат олимақому бо арзиш гашта, ҳамеша мардумро барои ҳифзу ҳимояи ин муқаддасот водор месозад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гиромиву муқаддас будани забон чунин қайд карданд: “Забон неъмати бебаҳои зиндагии аҳли башар мебошад. Инсон фақат тавассути забон метавонад эҳсос ва фикру андешаҳои худро иброз намояд. Забони миллӣ ойинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар як халқу миллат ба шумор меравад”.
Оре, фарҳангу тамаддуни ҳар халқу миллат маҳз бо забон эътироф мегардад. Аз ҷумла забони модарии мо – забони шевою ширин ва форсӣ- дарӣ, ки забони шоирони ширинкалом аст, натиҷаи донишу маърифати дар тӯли ҳазорсолаҳо азхудкардаи мардумонро дар худ нигоҳ медорад. Ҳифзи забони давлатӣ вазифаи ҷоноҷони ҳар як шаҳрванди банангу номуси миллат аст ва он аз ҳуввияти баланди миллӣ доштани ҳар як фард дарак медиҳад.
Амон Раҳимов,
устоди ДПДТТХ