

ЗАБОНИ МИЛЛАТ – ҲАСТИИ МИЛЛАТ
Забон неъмати бебаҳои ҳаёти аҳли башар аст. Инсон танҳо тавассути забон метавонад ҳиссу фикру андешаҳои худро иброз намояд. Бо ибораи дигар забон муҳимтарин воситаи муҳобираи мардумон аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, ки поку беолоиш нигоҳ доштани забон ва ҳифзи асолат ва қарзи фарзандии ҳар шахс аст.
Ҳар шахсе, ки худро тоҷик меҳисобад ва бо забони тоҷикӣ ҳарф мезанад, бояд ин гуфтаҳоро самимона қабул намуда, амал намояд. Барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ бояд пайваста кӯшиш кунем ва талош намоем.
Надонӣ гар забони давлати худ
Пушаймонӣ надорад оқибат суд
Муҳаббат ба забони модарӣ — муҳаббати Ватан аст. Онҳое, ки нисбат ба забон эҳтиром надоранд ва онро амиқ наомӯхтаанд, ба халқ ва Ватан низ эҳтиром намегузоранд.
Мо бояд аз соҳибистиқлолии Ватани азизамон шукргузор бошем, зеро ба шарофати он забони мо суфта, ғанӣ ва рангин гардид. Ҳар кас бояд суханашро бар асоси меъёрҳои забони адабӣ ба роҳ монад.
Мутаассифона, имрӯз одамоне ҳастанд, ки ба тозагии забони тоҷикӣ аҳамият намедиҳанд. Зиёда аз ҳама, ҷавонон ба поку озода нигоҳ доштани забон ва ҳусни баён кам таваҷҷӯҳ доранд. Ҷойи таассуф аст, ки на танҳо ҷавонон, балки калонсолон низ гоҳ гоҳ калимаҳои бегона ё вожаҳои лаҳҷаию шевагиро истифода мекунанд. Албатта, на ҳама нисбат ба забони тоҷикӣ бетафовутанд.
Дар ҷомеаи имрӯза хушбахтона нафароне зиёданд, ки бо муҳаббат ва самимият нисбат ба забони тоҷикӣ муносибат мекунанд ва барои тоза нигоҳ доштани он кӯшиш меварзанд.
Ба назари ман, сабаби асосии вайрон шудани меъёри забони адабӣ кам хондани китобу рӯзнома ва маҷалла мебошад. Пештар хурду калон бештар китобу рӯзномахон буданд. Одамон дар толорҳои ҷамъиятӣ бо ҳам сайругашт карда, қиссагӯӣ ва шеърхонӣ мекарданд.
Мо омӯзгорон, калонсолон ва коргарони давлатӣ бояд ин анъанаро идома диҳем ва ҷавононро даъват намоем, ки ба китобхонаҳо ташриф оварда, аз осори гаронбаҳои адабиёти тоҷик бархурдор шаванд. Китоб муҳимтарин воситаи омӯзиши забону маданияти сухан аст. Ҳамагонро танҳо китоб ба куллаҳои мурод мерасонад. Мегӯянд: «Бе китоб, дониш нест, бе дониш хониш нест».
Аз ин лиҳоз, падару модарон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеа бояд бо масъулият ва донишмандӣ дар поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ саҳми худро гузоранд.
Дар масъалаи тозагии забон набояд бетарафӣ кард. Дар тӯю маъракаҳо, кӯчаю бозор ва ҷамъомадҳо бояд мардумро ба тоза нигоҳ доштани забони тоҷикӣ даъват намоем. Ин барои манфиати ҳама аст. Набояд фаромӯш кард, ки забон ҳастии миллату давлат аст ва он шарафу нангу номуси мост.
Хиромон Қодирова,
устоди ДДПТТХ