

БУЗУРГДОШТ: ОМӮЗГОР-РОҲБАЛАДИ ҲАҚИҚИИ РОҲИ ИЛМ ВА ЗИНДАГӢ
Омӯзгор шахсиятест, ки дар марҳалаҳои муҳими зиндагии як инсон нақши калидӣ мебозад. Маҳз тавассути омӯзгор шахс ба олами дониш роҳ меёбад, арзишҳои ахлоқӣ ва иҷтимоиро фаро мегирад ва барои интихоби дурусти касбу равиши зиндагӣ замина пайдо мекунад.
Омӯзгор на танҳо касест, ки дониш медиҳад. Ӯ роҳнамо аст, мураббӣ аст, дӯст ва маслиҳатдиҳанда аст. Омӯзгор метавонад дар як кӯдак орзуи бузург бедор кунад, дар як наврас эҳсоси масъулият пайдо намояд ва ба як ҷавон самти дурусти зиндагиро нишон диҳад.
Меҳнати омӯзгор мисли шуълаи шамъест, ки дар торикӣ равшанӣ мебахшад. Ӯ тамоми донишу таҷрибаи хешро сарф мекунад, то дар дили шогирдон фурӯзонакҳои умед, орзу ва ақлу заковатро равшан кунад. Омӯзгорон бе хастагӣ ва бо муҳаббати том кӯшиш мекуананд, то ҷомеаи солим ва бофарҳанг бунёд гардад.
Дар ҷаҳони имрӯз, ки илму техника бо суръати ғайричашмдошт рушд мекунад, нақши омӯзгорон бештару бузургтар мегардад. Омӯзгорон – сарчашмаи дониш, тарбия ва рушди инсони муосиранд.
Дар ин замина, саҳми омӯзгорони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд шоистаи таҳсину эҳтиром аст. Омӯзгорони Донишкада, бо дониши амиқ, таҷрибаи касбӣ ва ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, дар тайёр кардани мутахассисиони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат ва рушди илму техника нақши назаррас доранд.
Маҳз омӯзгор аст, ки ҳар як донишҷӯро илҳом мебахшад, ба ӯ қуввати эътимод медиҳад ва роҳнамои рушди шахсӣ мегардад. Омӯзгорони Донишкада имрӯз на танҳо омӯзгор балки муҳаққиқ, навовар ва шахсияти замонавист, ки ҳамқадами талаботи асри XXI аст.
Донишкада ба ҳайси яке аз муассисаии муҳими таҳсилоти олӣ буда, ба омода намудани мутахассисони соҳаҳои муҳими техникӣ ва иқтисодӣ машғул мебошад, ки дар паси ҳар як муваффақияти донишҷӯён ва ҳар як навоварию дастоварди илмӣ, меҳнати омӯзгори ватандӯсту кордон истодааст.
Омӯзгорони Донишкада на танҳо донандагони касб балки роҳбаладони ҳақиқии роҳи илм ва зиндагӣ мебошанд. Онҳо бо тамоми ҳастии худ кӯшиш мекунанд, ки насли ҷавононро бо донишҳои муосир, малакаҳои амалӣ ва рӯҳияи ватандӯстӣ муҷаҳҳаз намоянд ва бо истифода аз технологияҳои муосири таълимӣ ва равишҳои инноватсионӣ, муҳити омӯзиширо самаранок ташкил дода дониҷӯёнро ба худогоҳию таҳқиқи илмӣ ҳидоят менамоянд. Бо шарофати заҳмати ин омӯзгорон, имрӯз донишҷӯёни Донишкада дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва олимпиадаҳо фаъолона ширкат варзида, номи Донишкадаро баланд мебардоранд.
Донишкада ифтихор дорад, ки омӯзгоронаш аз устодони варзида, профессорону докторони илм, номзадони илм, дотсентон ва муаллимони ҷавон иборат буда, шуморааш 186 нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 81 нафарашон омӯзгорони унвони илмидошта мебошанд. Ҳар яке бо масъулияти баланд дар пешбурди фаъолияти таълимӣ ва илмӣ саҳм мегузоранд.
Ба ҳар як омӯзгор бояд эҳтиром гузошт, чунки онҳо ояндаро месозанд. Шогирдони имрӯз - раҳбарони фардо ҳастанд ва омӯзгорон он шахсонеанд, ки онҳоро ба ин сатҳ мерасонанд.
Омӯзгорон сутуни асосии ҷомеаи солим ва пешрафтаанд. Бояд меҳнати онҳоро арҷ гузошту қадр кард. Бигзор чароғи дониш, ки бо заҳмати омӯзгорон фурӯзон аст, ҳамеша равшан бимонад ва роҳи насли ҷавонро ба сӯи фардои дурахшон бахшад.
Мо набояд фаромӯш кунем, ки ҳама касбҳо – аз муҳандису табиб то сиёсатмадору олим – маҳсули заҳмати омӯзгоронанд. Аз ин рӯ, ҳар як муваффақияти шахсӣ бо номи омӯзгор пайванди ҷудонашаванда дорад. Омӯзгор устоди зинадагист. Касе, ки моро ба роҳи рост мебарад, ба мо нур мебахшад ва дар сари ҳар қадам раҳнамоии нек мекунад.
Фарзона Низомиддинова,
Устоди ДПДТТХ