

ИШТИРОК ДАР ГУСЕЛИ ДАЪВАТШАВАНДАГОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ
Дар Амфитеатри Қасри Арбоб маросими бошукӯҳи гусели нахустин гурӯҳи даъватшавандагон аз вилояти Суғд ба хизмати ҳарбӣ баргузор гардид, ки дар ин маъракаи муҳими сиёсиву маънавӣ устодону донишҷӯёни донишкада фаъолона иштирок намуданд.
Дар ҳамоиши тантанавӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ширкат варзида, изҳор дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста барои беҳсозии шароити хизматчиёни ҳарбӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад. Артиши миллӣ имрӯз бо таҷҳизоту техникаҳои муосир таъмин буда, ҷавонони ватандӯст дар он дарси садоқат ба Ватан, мардонагӣ ва ҳифзи марзу буми давлатро меомӯзанд.
Зикр гардид, ки даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» амалӣ мегардад.
Раиси вилоят таъкид намуд, ки корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ дар давраи байнидаъватӣ натиҷаи хуб бахшида, дар маҷмӯъ 3500 нафар ҷавонон омодагии худро барои хизмати ҳарбӣ изҳор намуданд. Имрӯз бошад, гурӯҳи нахустини даъватшавандагон гусел карда мешаванд.
Сипас, маросими нонгазон баргузор шуда, барномаи рангини консертӣ барои даъватшавандагон пешниҳод карда шуд.
Шуъбаи кор бо ВАО