

БУЗУРГДОШТ: ОМӮЗГОР-МЕЪМОРИ МАЪНАВИЯТИ МИЛЛАТ
Омӯзгор дар фарҳангу тамаддуни башарӣ ҳамеша ҷойгоҳи хоса доштаву дорад. Аз замонҳои қадим то имрӯз, омӯзгорон ҳамчун чароғи маърифат ва роҳнамои ҷомеа эътироф шудаанд. Дар таърихи илму фарҳанги тоҷикон низ омӯзгорон на танҳо нақши омӯзиши донишро иҷро кардаанд, балки ҳамчун тарбиягарони маънавият, ҳифзкунандагони арзишҳои миллӣ ва пуштибонҳои тафаккури созанда арҷгузорӣ шудаанд.
Саҳми омӯзгорон дар таълиму тарбия ва камоли инсоният бузургтарин ганҷинаест, ки ҳеҷ гоҳ аз ёдҳо зудуда намешавад. Маҳз ба шарофати устодони дилсузу закӣ, сахтгиру серталаб ҷомеа рушд мекунад, миллат қавӣ мешавад ва наслҳо роҳи саодатро пайдо менамоянд. Пеш аз ҳама, устод масъули асосии ташаккули шахсияти шогирд аст. Илова бар омӯзиши фанни муайян, ӯ ба тарбияи ахлоқӣ, зеҳнӣ ва иҷтимоии насли наврас машғул мешавад. Ҳар сухан ва рафтори устод метавонад дар шуури шогирдон таъсири амиқ гузорад. Аз ҳамин ҷост, ки нақши ӯ танҳо ба додани дониш маҳдуд намегардад, балки ба ташаккули инсони комил ва ватандӯст низ равона шудааст.
Дар ҷомеаи муосир, ки пешрафти илмӣ ва технологияҳо босуръат сурат мегирад, нақши омӯзгор боз ҳам афзун мегардад. Ӯ нигаҳбони арзишҳои маънавӣ ва интиқолдиҳандаи мероси илмӣ ва фарҳангӣ мебошад. Агар китоб манбаи дониш бошад, пас устод он китобро зинда мегардонад, маъно мебахшад ва онро ба зеҳну қалби шогирд ҷой мекунад.
Ҷомеае, ки ба устод эҳтиром мегузорад ва мақоми ӯро қадр мекунад, ояндаи дурахшон дорад. Зеро устод наслеро тарбия мекунад, ки масъули пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мегардад. Аз ин ҷост, ки устодро метавон сутуни асосии давлат ва ҷомеа номид. Пешрафти ҳар як кишвар дар сатҳи илму маърифат ва тарбия вобаста аст, ва ин ҳама дар дасти устодон қарор дорад.
Боиси хушнудист, ки дар Тоҷикистон бо шарофати талошу ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми омӯзгорон боз ҳам баланд бардошта шуда, фаъолияти онҳо дар маркази таваҷҷуҳи давлат қарор гирифтааст. Аз ин ҷост, ки ҳар як барномаи давлатӣ, ки ба рушди маориф равона шудааст, пеш аз ҳама ба дастгирии омӯзгорон нигаронида шудааст.
Бо итминон гуфтан мумкин аст, ки омӯзгорон бо роҳнамоии Пешвои миллат ба яке аз нерӯҳои асосии пешбарандаи ҷомеаи тоҷик табдил ёфтаанд. Баланд бардоштани мақоми омӯзгор, дастгирии иҷтимоиву маънавӣ ва эътирофи нақши бузурги онҳо аз ҷониби Пешвои миллат далели он аст, ки рушди Тоҷикистон дар заминаи илму маърифат ва тарбияи насли ояндасоз қарор дорад.
Иди касбии омӯзгорон, ки ҳамасола дар саросари кишвар ҷашн гирифта мешавад, имкониятест барои боз ҳам арҷгузорӣ ба заҳмату талошҳои омӯзгорон – ин қишри муҳими ҷомеа, ки сарнавишти миллат ва ояндаи давлатро дар даст доранд.
Аз фурсати муносиб истифода бурда, кулли омӯзгорон, бузургустодон, машъалафрӯзони роҳи илмро бо иди касбиашон самимона шодбош мегӯем!
Бигзор ҳама рӯзи устодон ид бошад, рӯзи фараҳбахш бошад! Тамоми заҳмату талошҳои шабонарӯзие, ки баҳри саводнокии насли ҷомеа мекунанд, ҳамеша самараи нек ба бор оварад!
Шоира Турсунова,
устоди ДПДТТХ