

БОЗДИДИ МУОВИНИ РАИСИ ВИЛОЯТИ СУҒД АЗ ДОНИШКАДА
Ҷамшед Ҷӯразода, муовини Раиси вилояти Суғд ва Тоҷибой Султонзода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд зимни як боздид, аз пояи моддиву техникӣ ва раванди омода намудани мутахассисон дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд шинос гардиданд.
Директори донишкада Шаҳриёр Саъдуллозода иттилоъ дод, ки пояи моддию техникии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд дар соли охир тадриҷан мустаҳкам гардида, алҳол дар донишкада бинои маъмурӣ, 8 бинои таълимӣ, 3 китобхона, хобгоҳи донишҷӯён, ошхона, 167 синфхонаҳои таълимӣ, аз ҷумла 7 толори лексионӣ, 47 озмоишгоҳ, 26 синфхонаи компютерӣ, 2 маркази таълимӣ-истеҳсолӣ ва 1 майдончаи таҷрибавӣ, 2 толор ва майдончаи варзишӣ амал мекунанд.
Синфхона ва озмоишгоҳҳои донишкада бо 134 тахтаҳои электронӣ ва 312 адад видеопроекторҳо ҷиҳозонидааст.
Дар ҳамаи биноҳо ва синфхонаҳо беш аз 500 адад камераҳои назоратӣ насб карда шудаанд. Биноҳои таълимии Донишкада бо шабакаи марказонидашудаи гармидиҳӣ ҷиҳозонида шудаанд.
Дар донишкада бо мақсади иҷрои барномаҳои мухталифи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат аз рӯйи чор ҳадафи стратегӣ мутахасисони баландихтисос омода карда мешавад.
Ҳамчунин таъкид шуд, ки дар донишкада ташкил ва баргузории корҳои тарбиявӣ, тарғиботӣ, фарҳангӣ ва идеологӣ баҳри ташаккули ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва баландбардории маърифату маънавиёт дар самтҳои тарбияи инсонӣ, худогоҳии миллӣ, маърифатӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ, ватандӯстӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва ҳаёти солим ба роҳ монда шудааст.
Ҷамшед Ҷӯразода, муовини Раиси вилояти Суғд баъди шиносоӣ аз имконоту шароити донишкада, ба роҳбарияти он баҳри боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, тақвияти пойгоҳи озмоишгоҳҳо, ҷалби бештари донишҷӯён ба дарсҳои лабараторӣ, тақвияти ҳамкорӣ бо ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ, амалинамоии лоиҳаҳо ва ҳавасмандкунии истеъдодҳои умедбахш ва ғайраҳо машварат дод.
Муфассал: https://www.facebook.com/share/p/192mMAFMtK/
Шуъбаи кор бо ВАО