• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2024
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    ПЕШБУРДИ ЭНЕРГИЯИ БАРҚАРОРШАВАНДА – ТАЛАБОТИ ЗАМОН
 Новости
ПЕШБУРДИ ЭНЕРГИЯИ БАРҚАРОРШАВАНДА – ТАЛАБОТИ ЗАМОН

ПЕШБУРДИ ЭНЕРГИЯИ БАРҚАРОРШАВАНДА – ТАЛАБОТИ ЗАМОН
(бардоштҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 28.12.2024)
Имсол маротибаи бистуякум аст, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ” ироа гардид. Дар воқеъ, паёмҳои ҳарсолаи Сарвари давлат мақоми барнома-стратегияи рушду тавсеаи миллиро дошта, сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои оянда фаро мегиранд. Муҳимтар аз ҳама, дар доираи ин санади муҳимми сол воқеияти давлатӣ, сиёсӣ, таърихӣ, мафкуравӣ, иҷтимоӣ ва мадании мамлакат таҳлилу баррасӣ ва дурнамои рушди он муайян гардида, байни доираҳои илмию фаннӣ, қишрҳои иҷтимоӣ, сиёсию маданӣ ва зиёӣ ҳамовозиро ба вуҷуд меоварад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ масъалаҳои таъмини пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла энергетика мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор доданд.
«Ҳукумати мамлакат бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ бо истифода аз ҳамаи имконияту сарчашмаҳои мавҷуда, хусусан, манбаъҳои рушди «энергияи сабз» мунтазам чораҷӯйӣ карда истодааст.»
(Иқтибос аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ. 28.12.2024)
Дар айни замон дар тамоми ҷаҳон ба истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия диққати ҷиддӣ дода мешавад.
Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ буда, иқтидори истеҳсоли солонаи энергияи барқ 527 млрд. кВт/соат арзёбӣ мегардад. Бояд қайд намуд, ки 95 % иқтидори гидроэнергетикии аз ҷиҳати иқтисодӣ имконпазир то ҳол азхуд карда нашудааст. Инчунин, илова ба захираҳои гидроэнергетикӣ, захираҳои зиёди тавлиди нерӯи барқ аз ҳисоби манбаъҳои шамол, офтоб ва дигар манбаъҳои барқароршавандаи энергия (МБЭ) мавҷуд мебошад. Бояд гуфт, ки талаботи дохилӣ ва минтақавӣ ба неруи барқ бунёди иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ва барқарорсозии иқтидорҳои истеҳсолии мавҷударо тақозо менамояд.
Дар Стратегияи Миллии Рушди Тоҷикистон то соли 2030 дар бахши энергетика нишондиҳандаҳои асосии рушд дар соҳаи энергетика аз рӯи консепсияи 10/10/10/10 – 500 муайян шудааст, аз ҷумла, афзоиши иқтидорҳои лоиҳавии низоми энергетикаи кишвар то 10 ГВт, коҳиш додани талафоти техникӣ ва тиҷоратӣ дар шабакаҳо то 10 %, афзоиши содироти солонаи энергияи барқ дар як сол то 10 миллиард кВт/соат, диверсификатсияи иқтидорҳои низоми электроэнергетикаи ҷумҳурӣ аз дигар намуди манбаъҳои истеҳсолӣ то 10 фоиз ва иловатан ба даст овардани беш аз 500 миллион кВт/соат неруи барқ дар як сол аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва истифодаи технологияҳои каммасраф.
Ба сабаби тағйирёбии иқлим ва бо суръати тез тағйир ёфтани нишондиҳандаҳои гидрологии дарёҳо ва мавсимӣ будани маҷрои дарёҳо, инчунин маҳдуд будани иқтидори НБО-ҳо барои қонеъ гардонидани талабот ба қувваи барқ дар давраи тирамоҳу зимистон, масъалаи ба таври васеъ афзоиш додани манбаъхои баркароршавандаи энергия торафт аҳамияти аввалиндараҷа пайдо карда истодааст.
Қонеъ гардонидани талаботи рўзафзун аз ҳисоби сохтмони неругоҳҳои барқии ҳароратӣ (МБГ) бинобар баланд будани арзиши сохтмон, инчунин арзиши баланди истихрочи ангишт на ҳамавақт асоснок аст. Илова бар ин, мушкилоти экологӣ ва талаботи зиёд нисбат ба ихроҷи моддаҳои зараровар ва газҳои гулхонаӣ аз сӯзишвории ангишт, пеш аз ҳама CO2, ба рушди неругоҳҳои ҳароратӣ бо ангишт мусоидат намекунанд.
Бо назардошти он, ки тамоми сохаҳои хоҷагии халк ва мутаносибан некуаҳволии сокинон аз рушди соҳаи энергетика вобастагӣ дорад, рушду нўмуи иктисодиёти мамлакатро бе рушди соҳаи энергетика аз ҷумла манбаъҳои барқароршавандаи энергия.тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Ҳамин тариқ, афзоиши тавлиди нерӯи барқ дар системаи энергетикии Тоҷикистон омили муҳими роҳи рушди кишвар ба шумор меравад ва аз ин рӯ, бояд ба пешбурди энергияи барқароршаванда таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда шавад. Қобили зикр аст, ки дар солҳои охир лоиҳаҳои бисёр аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия барои таъмини нерӯи барқ ва оби гарм дар иншоотҳои давлатӣ ва хусусӣ, аз ҷумла дар ноҳияҳои дурдаст ва баландкух амалӣ карда шуданд.
Сарвари давлат хулоса карданд, ки бо амалисозии тадбирҳои мазкур то соли 2032 истеҳсоли барқ дар кишвар пурра аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда, яъне 100 % бо “энергияи сабз” таъмин гардида (ҳоло 98 фоиз), дар ин замина аз рӯйи меъёрҳои байналмилалӣ то соли 2037 партови газҳои гулхонаӣ то ҳадди ниҳоӣ коҳиш дода мешавад. Ба сухани дигар, Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсафи ҷаҳон дар самти инкишофи “иқтисоди сабз” соли 2037, воқеан ба “кишвари сабз” табдил меёбад.
Дар воқеъ, он чӣ ки дар қолиби Паём - як барнома-стратегияи давлатӣ аз ҷониби Сарвари давлат ироа гардид, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистони азизро муваззаф месозад, ки дар роҳи рушду тавсеаи иқтисоди ватанӣ, ҳифзи манофеи миллӣ, устувории давлати дунявӣ ва пойдории ваҳдати мардумию суботи сиёсӣ қадамҳои устувор бардорем ва бо ташаббусу ибтикороти рӯзмарраи хеш то ба сатҳи зиндагии арзандаву шоиста бирасем.
Анвар Ҳоҷиев, н.и.т., омӯзгори калони
кафедраи таъминоти барқ ва автоматика



: 256

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 08.05.2025
ИШТИРОКИ ОМӮЗГОРИ ДОНИШКАДА ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ГАРВАРД
Новости
  • 08.05.2025
ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШКАДА ДАР ОЗМУНИ БЕҲТАРИН ДОНАНДАИ КОДЕКСИ АНДОЗ
Новости

Хабарҳои машҳур


  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
  • 03.01.2025
Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»
Новости

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2025 | Все права защищены