• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2024
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    КОНФРОНС: “ВАЗЪИ МУОСИР ВА ДУРНАМОИ РУШДИ КОМПЛЕКСИ НАҚЛИЁТӢ”
 СОВРЕМЕННОЕ СОСТОЯНИЕ И ПЕРСПЕКТИВЫ РАЗВИТИЯ ТРАНСПОРТНОГО КОМПЛЕКСА
КОНФРОНС: “ВАЗЪИ МУОСИР ВА ДУРНАМОИ РУШДИ КОМПЛЕКСИ НАҚЛИЁТӢ”

КОНФРОНС: “ВАЗЪИ МУОСИР ВА ДУРНАМОИ РУШДИ КОМПЛЕКСИ НАҚЛИЁТӢ”
Дар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки васеъи олимон ва коришиносону мутахасисони дохилу хориҷи кишвар конференсияи байналхалқии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Вазъи муосир ва дурнамои рушди комплекси нақлиётӣ” баргузор гардид.
Директори донишкада Шаҳриёр Саъдуллозода конфронсро ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла таъкид дошт, ки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳануз дар рӯзҳои аввалини фаъолияти кориашон бо дарназардошти мушкилоти ҷойдоштаи ҷомеа ҳадафҳои стратегии миллии мамлакатро муайян намуда буданд. Яке аз ин ҳадафҳо - аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон мебошад, ки бевосита ба соҳаи роҳу нақлиёт вобастагӣ дорад.
Бояд қайд намуд, ки комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақлиёти худрав, роҳи оҳан, ҳавоиро муттаҳид сохта, хоҷагии роҳҳои автомобилгардро дар бар мегирад. Вобаста ба шароити хоси табиӣ-иқлимии ҷумҳурӣ, ки 93 фоизи масоҳати онро кӯҳҳо ишғол мекунанд, нақлиёти худрав нисбат ба дигар воситаҳои нақлиёт дорои бартарияти муҳими стратегӣ, хусусан дар самти таъмини интиқоли мунтазами дохилӣ ва фарогирии ҳамаи минтақаҳои мамлакат мебошад.
Зикр гардид, ки инкишофи соҳаи нақлиёт дар навбати худ воситаи мусоидат ба савдои дохилӣ ва хориҷӣ буда, омили асосии рушди муносибатҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва транзитии байналмиллалии кишвар маҳсуб мешавад. Бинобар ин, аз марҳилаи аввали соҳибистиқлолӣ Ҳукумати ҷумҳурӣ ба масъалаҳои соҳаи нақлиёт ва роҳсозӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, Стратегияи аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистонро муайян намуд. 
Ҳукумати мамлакат аз соли 2000 шурӯъ стратегияи махсуси рушди комплекси нақлиётро ба роҳ монд, ки натиҷаҳои онро ҳар сокини кишвар возеҳу равшан эҳсос менамояд. Яке аз чунин ҳадафҳо- қабули «Барномаи давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025» мебошад, ки дар заминаи амалишавии он якчанд шоҳроҳҳо, нақбҳо, роҳҳои оҳан ва пулҳо сохта, дар истифодаи умум қарор дода шуданд. То ба имрўз теъдоди зиёди муассисаҳои нақлиётӣ, терминалҳои мусофирбарӣ, терминалҳои боркашонӣ, хатсайрҳои мусофирбар ва ширкатҳои нақлиёти байналмилалӣ фаъолият доранд, ки аз иқдоми навбатии ҳадафмандонаи Ҳукумати кишвар мебошанд. Чораҳои андешидашуда дар ояндаи наздик ба мо имкон медиҳад, ки ба ҳадафи стратегиамон – ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ноил шуда, рушди устувори иқтисодӣ ва боз ҳам беҳтар гардидани шароити зиндагии халқамонро таъмин менамояд.
Иттилоъ дода шуд, ки Донишкада политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд низ дар амалисозии ҳадафҳои стратегии рушди иқтисодиёти мамлакат, инчунин рақамикунонии соҳаҳои он  саҳми арзанда дорад. Зеро  донишкада мутахассисони соҳибкасбро барои соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди кишвар ба монанди энергетика, саноат, нақлиёт, кишоварзӣ, иттиллотию  коммуникатсионӣ   омода мекунад. 
  Дар донишкада барои омода намудани мутахассисони соҳаи нақлиёт ҳамаи шароитҳо ба монанди синфхонаҳои барҳаво, озмоишгоҳҳои хизматрасонӣ ва таъмири автомобилҳо, ки бо таҷҳизоти муосир ҷиҳозонида шудааст, амал мекунад. Дар кафедра 5 нафар номзадони илм 7 нафар омӯзгорон фаъолият бурда дар мавзуи “Рушди хизматрасонии нақлиётӣ бо назардошти хусусиятҳои минтақа” крҳои илмию тадқиқотӣ мебаранд ва натиҷаи корҳои илмии устодони кафедра ба конференсияи имрӯза пешниҳод хоҳад шуд.    
Кафедра бо муассисаҳо ва корхонаҳои нақлиётии Ассотсиатсияи АВВАТ,   АРЗ-4, ҶСК “Сайёр”, Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ”, КВДК “Нақлиёти мусофиркашони шаҳри Хуҷанд”, ҶСК “Сервис-Бахром”, ҶСП “Суғд-Сервис” ва ҶДММ Нуқтаи таъмири нақлиёт “Темур” шартномаи ҳамкории дутарафа   дорад, ки дар он таҷрибаомӯзии донишҷӯёни ин ихтисосҳо гузаронида мешавад.
Сипас дар ҷараёни кори конфронс Раҳмиддин Саломзода, директори МД “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ”-и назди Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сармуттахассиси шӯъбаи нақлиёти   мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилояти Суғд, Абдуллоев Ҷаҳонгир, директори филиали АВВАТ дар вилояти Суғд, Қаҳоров Абдуалӣ, муовини сардори Раёсати муассисаи давлатии нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логстикӣ дар вилояти Суғд - Исмоилов Шавкат, сардори филиали КВД “Маркази сертификатсиякунони кор ва хзматрасонии соҳаи нақлиёт” дар вилояти Суғд Бобоев Ҷовид, муовини сардори Раёсати “Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт” дар вилояти Суғд Мирзоализада Бахтовар, раиси раёсати ҶСК “АРЗ-4”- Қаюмов Шарифҷон, директори КВДК “Нақлиёти мусофиркашонӣ”-и шаҳри Хуҷанд - Ишанов Хуршед, сармуҳандиси ҶСК “Сайёр” - Мамадов Ҳомидхӯҷа, директори филиали ширкати нақлиётӣ - логистикии “Мавсим” дар шаҳри Хуҷанд-Восидов Мирзотоҷиддин, муовини директори ДПДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд М. Холиқзода ва дигарон доир ба вазъи кунунӣ ва дурнамои нақлиёт маърӯзаҳои илмӣ намуданд.
Конфронс бо мубодилаи афкор ҳусни анҷом ёфт.








: 435

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 08.05.2025
ИШТИРОКИ ОМӮЗГОРИ ДОНИШКАДА ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ГАРВАРД
Новости
  • 08.05.2025
ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШКАДА ДАР ОЗМУНИ БЕҲТАРИН ДОНАНДАИ КОДЕКСИ АНДОЗ
Новости

Хабарҳои машҳур


  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
  • 03.01.2025
Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»
Новости

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2025 | Все права защищены