Мо, устодону шогирдони факултети информатика ва энергетикаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон  «иқдоми» навбатии гурӯҳе аз хоинони миллатро, ки имрӯзҳо дар шаҳри Варшава дар нишасти САҲА қарор доранд, қатъиян маҳкум мекунем. Зеро «рақибони сиёси»-ии мо ҳамагӣ дар ҷомаи наҳзатиён гурӯҳҳои худро созмон дода, бо ин амалашон мехоҳанд, ҷомеаи ҷаҳонро ҳушдор диҳанд, ки зиди давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон як рақиби сиёсӣ не, балки чор ниҳоди пурқудрат мубориза мебарад.Аммо ҳамон Алим Шерзамнов, Илҳом Ёқубов ва Шарофиддин Гадоев дар гузашта аъзо ва ҳатто роҳбарони ҲНИ дар минтақаҳо буданд. Имрӯз ин нафарон бо таъсиси “Паймони миллӣ” қудрат ва тавоноии худро мехоҳанд нишон диҳанд. Бояд гуфт, ки мардуми тоҷик гумроҳзада нест ва медонад, ки ин нақшаву тарҳ аз ҷониби кӣ шурӯъ шудаву муалллифи ин мазҳака кист. Интихоб шудани Муҳиддин Кабирӣ ҳамчун роҳбари ин «Паймони миллӣ» бори дигар гуфтаҳои болоиро шаҳодат медиҳад. Гузашта аз ин аъзоёни «Паймони миллат» ҳамагӣ он нафаронеанд, ки собиқ дӯстону ҳамҳизбиёни худро дар чорраҳаи тақдир танҳо гузошта, аҳдшиканона тарки диёр намуданд ва имрӯз хориҷ аз кишвар бо маблағҳои хоҷагонашон фақат иғвову дасисаро ба ҷомеа паҳн мекунанд.

Ин амалҳои хиёнатпешаи душманони миллати руҳи моро шикаста намегардонад, балки моро боз ҳам муттаҳидтару қавитар мегардонад.   Миллати мо аз имтиҳонҳои сахту сангин борҳо гузаштааст. Иродаи қавӣ, масъулияти бештар дар муқобили ин ҳама тадбиркориҳои «дӯстони миллат» моро ҳатман пирӯз мегардонад. Мо ҳама сарҷамъона дар атрофии сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарҷамъ шуда, баҳри ободии диёр саҳм хоҳем гирифт.

 

 

Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки имрӯз онро бо шукӯҳу шаҳомати хосаш дар тамоми олам мешиносанд, бархе аз зодагони хиёнаткору кӯрнамак ва кӯрсаводаш бо ношукрии беш мустақилияти кишварро пушти по мезанад. Вале бояд донист, ки истиқлолият, демократия ва сулҳу дӯстӣ ба маънои томаш дар Тоҷикистон аст.

Гарчанде, ки инро ҳамон Илҳом Ёқубови роҳбари “Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ” аз ин неъматҳои миллати мо огаҳ асту дигар илоҷи ба ин сарзамин ворид шуданро надорад. Имрӯз аз ночорӣ  ва пуштибонӣ аз хоҷагони фармондеҳаш намуда, иддао дорад, ки дар миллати мо ба озодандешон гӯё ҷой набошад. Ин танҳо аз назарии маҷбурияти ӯст ё шояд назари асосиаш бошад, аммо баробари шунидани ин изҳороти Илҳом ба ҳоли маъюсаш “раҳм” кардам, ки ӯ дигар кор наёфтааст ва пайгирии ин муамморо намудааст. Дар қаламрави кишвар наздики 350 нашрияҳои дафлативу махсусгардонидашуда, фаъолият мебкаранд. Ва ҳамаи онҳо хабарнигорону кормандони масъул доранд ва ҳар кадоме мавзӯъеро пайгирӣ намуда, онро ба нашр мебароранд. Касе бобати нашрияи эшон ва баёни суханашон коре надорад.

Дар масъалаи журналисти “муваффақ” Исмоилови Аштӣ гуфтаниам, ки ӯро барои ситонидани ришва ба бар киссаи мардум зарар ворид намуданаш аз кораш сабукдӯш намуда, зиндонӣ карданд. Илҳом бояд фаҳмад, агар ин қадар “озодандешу сухандону журналист” бошад, ки агар дар ҳақиқат Исмоилов бегуноҳ ҳабсӣ мешуд, худ аз ҳамаи қоидаву қонуниятҳои муаллифӣ дифоъ намуда, худро раҳо мекард. Айб дар гарданаш печ задааст, ки аз худу аз касбаш дифоъ карда натавонист.

Гузашта аз ин чаро ин қадар ин Илҳоми замоне бо сарварии ТТЭ ҲНИ дар шаҳри Хуҷанд, худро муаррифӣ менамуду бо пулу моли ҳароми хоҷагонаш гӯё сарватманду бизнесмен гардида, ба хоки поки ватанаш хиёнатро раво дид. Имрӯз бошад ӯро кӣ ва бо кадом салоҳият Раиси Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ кардааст, ҳайрон шудам.

Бисёр аҷибу хандаовар, ки Илҳом худро гӯё журналиста барҷаста ҳисобида атрофи озодии баён дар Тоҷикистон талош намуда истодааст.  Ӯ худ кист, ки тоҷику Тоҷикистониёнро фикр мекунад. Тавре ҳарф задааст, ки ӯ журналист асту барои нашри баёнаш касе иҷозат надода бошад.

Ҳоло аниқ ба кори  ташкилоти САҲА баҳои худро медиҳам, ки он бар шаҳри бедарвозае мубаддал гардидааст. Дар асл макони буду боши намояндагони ТТЭ ҲНИ гаштааст, ки ҳар кадоме мехоҳад аз минбари он рози дил ва маърӯзаи бардурӯщу ифроташро паҳн мекунад. Дуруст ба мисоли роҳбарияти ТТЭ ҲНИ ва шогирдони дар мактаби “сухандонон”-и Кабирӣ тарбиятдида.

Илҳом Ёқубов бояд донад, ки дар миллати мо озодии баён дар баробари ба даст овардани истиқлолияти давлатиамон ҳукмфармо гашт ва бо боварии беш аз пеш метавонем зикр намуда бошем он нафаре ки ба озодиву ободии диёру ватани хеш бетарафӣ зоҳир менамояд ба қадри оила, ёру дӯстон ва бар зидди фарзандон намерасад, шукронаи ин сарзамини муқаддас намекунад, нонро аз нонреза тафовут мерасонад, бедорхобиҳову сарсониҳои волидайни хешро намедонад ва ҷоннисориҳои қахрамононро пушти по мезанад экстремист гуфта тавонем. Ҳамин тавр дигар аз инсонии Илҳом осоре боқӣ намондааст, дар умум ин чиз дар ниҳоди тамоми ватанфурӯшону хоинони миллат бармоло ба мушоҳида мерасад. Шумо ба қавле назҳатиҳо дар ҳақиқат ба гардани ташкилоти САҲА бор шуда гирифтед, дар ҳамин замина ба Шумо маслиҳат медиҳам, ки ин созмон замоне барои нафароне кор мекард, ки бо баромади худ аз минбари он ба кишварҳои аъзо роҳҳои дурусти рушду тараққиётро нишон диҳад. На ба мисоли имрӯз паҳнкунандаи нашрияи ифротиву муҳалгарои ва ҷудоиандозии мардумон.

Кабирӣ ва намояндагони “фаъоли” ӯро зарур аст, ки агар дар гузашта аз демократӣ  будани кишвари мо дарак надошта бошанд, бори дигар таърихи начандон дури онро варақгардон намоянд. Он гоҳ хоҳанд дид, ки Тоҷикистон мазраи ободу озоди мардумони соҳибфарҳанг аст.

Наимхон Рашидов,

номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент,

устоди кафедраи маҳсулоти хӯрока ва агротехнология

 

 

Дар нишасти солонаи  Варшава, ки бо ташаббуси САҲА давоми ду сол як маротиба баргузор мегардад, дар қатори дигар хойинони миллат Илҳом Ёқубов,  собиқ сарвари ҲНИ дар шаҳри Хуҷанд, ки худро Раиси Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ эълон доштааст, низ баромад намуд. Суоли нахустин, ки дар сарам чарх зад, кӣ ва дар куҷо ӯро роҳбари Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ интихоб кард? Ва баъдан аз Осиёи Марказӣ  наздики 10 миллион муҳоҷирон дар хориҷи кишвар иқомат доранд. Миёни онҳо дигар лидер ёфт нашудааст, ки Илҳом Ёқубови кӯрсавод роҳбари ин Анҷуман шавад. Сониян кӣ ба ӯ иҷозат додааст, ки аз номи ҳамин қадар муҳоҷирон фикри шахсии худро ба сари миллати мо таҳмил кунад. Ҳол он ки дар хориҷи кишвар садҳои шахсиятҳои шинохта аз минтақаҳои гуногуни Осиёи Марказӣ дар хориҷи кишвар кор ва зиндагӣ доранд ва нақши онҳо дар тамаддуни башарӣ бағоят калон аст. Ва дар қиёс аз «мушкилие», ки Илҳом Ёқубов дар суханрониаш зикр кардааст, мушкилиҳои азими фаромиллӣ пешорӯи муҳоҷирон қарор дорад. Ин ҳам бошад мушкилии буду бош, фавҷ – фавҷ пайваст шудани ҷавонони муҳоҷир ба сафи ташкилотҳои террористие, ки маҳз Илҳом ва илҳомбаринҳо дар ин кори «хайр» нақши асосӣ мебозанд.

Худи Илҳом Ёқубов кист ва то кадом андоза ба сухану журналистика иртибот дорад? Ба  ин суол посух он аст, ки ӯ тарбиятдидаи як хонаводаи «зиёӣ»-и шаҳри Хуҷанд аст. Аммо мавҷи «исломпарастӣ» ва суҳбату устоду шогирдӣ бо Муҳиддин Кабирӣ он тарбияе, ки мактабу маориф ба ӯ додааст, бо «хушгӯ»-иҳои Кабирӣ ба итмом расиданд. Дар муддати хеле кӯтоҳ ин ҷавони хуҷандӣ, ки шояд зиндагии шоҳонаву лутфу карами беҳудудро дар хоби шабаш медид, аз маблағхои хоҷагони эронии худ ба бизнеси мошин гузашт ва дар муддати хеле кӯтоҳ ҳам карейра намуду ҳам яке аз тоҷирони муваффақ гардид. Ба ном роҳбари ҲНИ дар шаҳри Хуҷанд буду рӯзашро дар кишварҳои Прибалтика мегузаронд. Ҳамчунин бо маслиҳатҳои устодонаш Наим Самиев (роҳбари ҲНИ дар вилояти Суғд) ва Муҳиддин Кабирӣ мунтазам дар шӯрои машваратии дафтари САҲА дар вилояти Суғд ширкат меварзид. Ӯ дар ин ҷо бо чанде аз рӯзноманигорон ошноӣ пайдо намуда, бо онҳо робитаи мустақим пайдо намуд. Ҳамин тавр ӯ дар арсаи сиёсии шаҳр ва вилоят ном баровард. Бо нишони «ихлос» ба роҳбари рӯҳонии худ бо ҳамроҳии волидону пайвандонаш тарки диёр намуда, алҳол ҳамонтавре, ки гуфтем ба «мақоми баландпоя» - роҳбари Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ расид. Акнун меоем ба сари ду «мушкилие»,  ки ӯ дар Варшава аз он бонги изтироб зад. Ӯ ба як ҷумла журналистикаи муосири тоҷикро ба риштаи таҳлил кашид ва иброз дошт, ки дар кишвар озодии сухан нест. Овардани ҳамин рақам кифоя аст, ки ӯ дурӯғ мегӯяд. Дар он шаҳре, ки ӯ ба камол расидааст, ҳафт шабакаи телевизионӣ ва 5 радиои FM фаъолият доранд, ки 6 шабакаи телевизионӣ ва 4 радио хусусӣ мебошад ва ҳар кадоме барои рушди журналистика, ифшои камбудиву норасоиҳо хизмат менамояд. Мо борҳо тариқи телевизонҳо гузоришҳои  таҳлилии рӯзноманигоронро дидаем, ки барои ислоҳи вазъ мусоидат намуд. Ягон фишор аз ҷониби мақомотҳои қудратӣ нест.

Гузашта аз ин,  тибқи муқаррароти Конститутсия давлат ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ, озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор, ҳуқуқи муттаҳид шудан дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттифоқҳои касаба, ҳуқуқ ба таҳсил, манзил, ҳифзи иҷтимоӣ ва ғайраро кафолат додааст. Дар кишвар наздики 350 нашрия фаъолият дорад, ки аз ин шумор наздики 300 нашрияҳо хусусисанд.

Ҳамасола санаи 3 май чун санаи озодии сухан таҷлил шуда, беҳтарин журналистон ҷойизаҳои озодии сухан ба монанди ҷоизаи "Эътимод", "Ҷасорати журналистӣ","Касбияти журналистӣ","Ҳамраъйии касбӣ", "Тадқиқоти журналистӣ" ва ҷоизаи Пайванд Гулмуродзода соҳиб мешаванд.

Ҳамзамон соли чорум аст, ки бо мақсади рушд бахшидани ҳама соҳаҳо, ифшои камбудиҳо, таҳлилу баррасии мушкилоти рӯз бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд озмуни «Хомаи созанда» гузаронида мешавад, ки тавассути қалами сеҳрофарини рӯзноманигорон  камбудиҳои ҷомеа ошкор ва масъулияти роҳбарон баланд бардошта мешавад. Баргузории нишасти матбуотӣ низ қадаме ба пеш барои тантанаи озоди сухан аст. Ва роҳбарон муаззаф ҳастанд, ки ба ҳамаи саволи журналистон посухи воқеӣ диҳанд. Вокуниш нишон додани роҳбарон низ ба ҳукми анъана даромадааст. Аммо Илҳом Ёқубов, ки шояд дар асри 23 парвоз дорад, ин ҳамаро нодида мегирад.

Вале баҳогузории як нафаре, ки аз кӯчаи журналистӣ нагузаштаасту санги маломат ба сари журналистон мезанад, аз рӯи камоли одоб нест.

Аксари нашрияҳои хусусие, ки ба гуфти Илҳом Ёқубов фаъолияташон қатъ шудааст ба мушкилии молӣ рабт дорад на ин ки фишору сензура.Тасаввур кунед, ҷаҳони иттилоот торафт доман мекашад. Имрӯз хабаргузории интернетпорталҳо рушд ёфтааст. Ба шакли электронӣ нашр шудани нашрияҳо низ дар мӯд аст. Иқрор ҳам бояд шуд, ки мардум дар қиёс ба газетаҳо бештар рӯ ба телевизион таваҷчуҳ доранд, пас муассис маҷбур мешавад, ки фаъолияташро қатъ созад. Тақдири сомонаи Тоҷнюс ва нашрияи «Нигоҳ» ба мушкилии молиявӣ рабт доранд.

Дар мавриди журналист Исмоилов, ки дар ноҳияи Ашт зиндагӣ мекард, ҳаминро гуфтанием, ки ӯ на ба фаъолияти журналистӣ ва озодбаёнӣ, балки барои гирифтани пора ва шантаж бо ҳукми суд ба ба маҳкама кашида шуд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 100-солагии матбуоти тоҷик, 10 марти соли 2012, фаъолияти озоди воситаҳои ахбори оммаро яке аз нишонаҳои асосӣ ва рушди ҷомеаи демократӣ унвон кард ва гуфт, ки «озодии андеша ва назари интиқодӣ ба рӯйдодҳо бисёр камбудиҳоро ошкор менамоянд ва боиси пешравӣ мегарданд». Ба андешаи ӯ, танқид ҳамчун падидаи созанда яке аз омилҳои асосии рушди ҷомеа мебошад, зеро озодии андеша, назари интиқодӣ ва таҳлилӣ ба далелу рӯйдодҳои ҷомеа боиси ошкор шудани нуқсу камбудиҳо ва ислоҳу пешрафти фаъолияти ин ё он соҳа мегардад. Гузашта аз ин, танқид ҳатто худи инсонҳоро дигар мекунад ва ба рушду камоли онҳо сабаб мешавад. Аммо Сарвари давлат дар идомаи суханаш таъкид кард, ки расонаҳои хабарӣ набояд тамоюли низоъангезӣ, маҳалгароӣ, тафриқаандозӣ, таҳқири шахсиятҳои хизматнишондодаро пеш гиранд ва даъват намуд, ки ВАО аз чопи маводе худдорӣ намоянд, ки боиси рӯҳафтодагӣ ва навмедии мардум гардида, вазъи ҷомеаро ноором месозанд. Ба андешаи ман  се омили таъмингари озодии баён мебошад. яъне ҷасорат, касбият ва риояи одобу ахлоқи касбӣ. Маҳз аз дидгоҳи ҳамин рисолат журналист бояд кору фаъолият намояд. 

Илҳом Ёқубовро мебояд пайгирӣ дигар мавзуъ шавад. Вазифаи ҷониву имонии ӯ хизмат кардан ба халқу миллат аст на бозичаи дасти дигарон шудан.

 

Абдусабур Абдуваҳҳобов,

сармуҳаррири нашрияи «Меҳвари дониш»-и ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

 

 

 

 

Тоҷикистони ҷавону соҳибистиқлол нав ба синни 27 даромадаву мустақилияти давлатиашро ба даст гирифтааст. Ҳамин буд, ки баробари дигар давлатҳои мутараққии олам ба пеш, ба роҳи ободиву озодӣ мунтазам қадам мезанад, ки ин ифтихори тамоми мардуми хештаншиноси миллати кӯҳантамаддуни тоҷик бояд бошад. Мутаассифона, имрӯз боз як қабил афродон ҳамаи ин озодиву ободӣ ва ин мустақилияти давлати  комилҳуқуқамонро нодида гирифта, фирефтаи ду танга пули ночиз ва ё ҳар гуна суханҳои бардурӯғу ифротгароёнаи атрофиён мегарданду роҳи худро дар чаҳорсӯи зиндагӣ гум мекунанд. Дар ҳақиқат боиси таассуф аст, ки алалхусус ҷавонони мо ба фиребу найранги бардурӯғи хоҷагони беруна бовар намуда, имрӯз ба хотири чанд дирҳам худро дар майдони бесару сомони дигар мамоликҳои дунё мебинанд. Магар эшон дар зиндагӣ дигар орзуву омол ё ёру бародар  ва модару фарзанд надоранд, ки бидуни андеша ба чунин ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароёна шомил гардида, амнияти ҳаёти худ ва хешу ақрабояшро дар хатар мегузорад. Афроди комилақл наметавонад ин корро кунад, зеро ҳар як сухану ваъдаҳое, ки гурӯҳҳои мухолифин мегӯяд ба зиндагии орому осоиштаи мо зарар меорад, на нафъ. 

Тавре аз баромадҳои Пешвои муаззамамон, муҳтарам Эмомалии Раҳмон бармеояд «қабл аз он ки мо ба бунёдкориву созандагӣ даст бизанем, сараввал бояд аз ҷавонон то калонсолон зиракии сиёсиро аз даст надиҳем», зеро ки ҷаҳони имрӯза паи ҳар гуна амалҳои сиёсатбозист. Якпорчагии ин марзу бум барои ҳар кадоми мо муҳим аст, ба хотире ки баҳри ба даст овардани хазорҳо нафар дар роҳи адолату хақиқат ҷоннисориҳо кардаанд. Дуруст аст, ки барои  ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ҳазорҳо ҷони худро фидои ин сарзамини муқаддас намудаву сад афсӯс, ки дар ҳамон замон  ҳам як қабил нафароне хони миллатро  пушти по задаанд, то кунун ҳастанд нафароне, ки  намехоҳанд кишвари замоне ҷангзадаву имрӯз дарои истиқлолият шуда пеш раваду дар ҳоли рушд бошад. Ба ҳамин  маънӣ чанд сухани дигереро ҳам мехоҳам замима кунам, зеро ҷоизи қайд аст, ки як гурӯҳи  махсуси  террористон  дар ҳамаи  манотиқи олам  маскан гирифтаву  кори тарғиботиву  ташвиқотии  хешро идома дода истододаанд ва   сабаби гумроҳ намудаи ҷавонони мо дар он аст, ки дар  ниҳоди  онҳо  илми дини  мубини  Исломро ғалат  мефаҳмонанд, гуё  агар  фирефтагон  ба суханони бадхоҳон  амал кунанд  дунёро аз ҳамаи  нопокиву олудагиҳо  софу тоза  мегардонанд. Дар  ҳоле, ки  ҳамаи ин  баръакси кор аст.  Эшон  бо ин амалашон дар кишвари мо  нооромиро эҷод мекунанд, худашон доғеро   дар ҷомеа  мӯҳр мезананд. 

Барои тамоми мардуми сарбаланди тоҷик озодӣ аз ҳама чиз авлотар аст, зеро ин неъмати бебаҳоро ба мушкилӣ ба даст овардаву ба ягон неъмати дунё иваз нахоҳем кард.

 

Хуршед Худойбердиев,

номзади илмҳои физика ва математика, дотсент,

мудири кафедраи  барномарезӣ ва низомҳои иттиллотӣ

 

 

 

 

Мо, устодони кафедра истиқбол аз он мекунем, ки ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як ҳайати баландпояро ба ин нишаст фиристода, бо баромадҳои пурмӯҳтавои худ ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор доданд, ки ба  ин гуна нишастҳо, ки аз қадру манзалати инсон дар ҷомеа ҳимоя мекунад, намояндагони ташкилотҳои террористӣ даъват нашаванд. Махсусан дар арафаи ин нишаст сарҷамъ шудани нерӯҳои мухолифини мамлакат - Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Ҷумбиши Ислоҳот ва рушд дар Тоҷикистон, Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, Анҷумани озодандешони Тоҷикистон моро ҳушдор медиҳад, ки аз ҳар вақта дида бомасъули воқеъияти ҳолро ба аҳли ҷомеа расонем. Махсусан суханронии Илҳом Ёқубов, роҳбари ба ном Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ моро ба риққат овард. Ӯ дар баромадаш аз нақзи ҳуқуқҳои шахрвандон ва маҳдудият ба рӯзноманигорон сухан кард, ки хатои маҳз аст. Зеро дар кишвар ВАО ба сурати умум рушд ёфта, сол то сол теъдоди нашрияҳо ва телевизиону радиҳо меафзояд. Барои рушди касбии рӯзноманигорон имкониятҳои фарох дода шудааст. Мо суханони як нафари гурезаи тоҷикро, ки манфиатҳои шахсиашро аз манфиатҳои давлат боло мегузорад маҳкум менамоем ва мегӯем дар Тоҷикистон ба нафарони кинаҷӯву адоватпарвар роҳ нест.

Тайиба Бобоева, номзади илмҳои суханшиносӣ, муди кафедра,

Муътабар Ғозиева, номзади илмҳои таърих, дотсент

Зафар Раҳмонов, номзади илмҳои суханшиносӣ, дотсент

Туфайли он нафароне, ки ба хотири имрӯзу фардои мо ҷоннисориҳо кардаанд, то имрӯз ҳамаи мо тоҷикони соҳибтамаддун дар замони орому осоишта зиндагӣ намуда истодаем. Аз ин лиҳоз мо бояд фарҳанги бойи миллатамонро пос дошта, якпорчагии ин марзу бумро ҳифзу ҳимоя намоем. Пас бояд ҷавонон дар вобастагӣ ба вазъияти имрӯзаи кишвар тамоми қувваи маънавии хешро сарф намуда, душманонро бо маърифати худ забонкӯтоҳ намоем.

Тавре аз вазъияти таи солҳои охир ба вуқӯъ омада, тимсоли ҳодисаи даҳшатовари соли 2016, хиёнаткории чанде аз нафарони соҳиби мансабҳои давлатӣ ва аз ҳама муҳим куштори саёҳони хориҷӣ дар кишвар инчунин изҳороту паёмҳои намояндагони ТТЭ ҲНИ пайваста бармеояд, чанд нафар ба ном «сарсупурдагони миллат» чеҳраи воқеии худро нишон доданд, оромии кишварро халалдор намуданд, лекин ҳадафи нопоки худро амалӣ гардонида натавонистанд. Аммо моро ин ҳодисаҳо хеле ба таҳлука овард ва метавонем имрӯз муроҷиат намоем, то  он нафаронеро ки то имрӯз мехоҳанд сохти давлатдориву конститутсионии мо аз байн равад, маҳкум менамоем, эшон ва мафкураи пасти онҳоро зери тозиёнаи танқид мегирем, аслан тамоми мардум катъиян бар зидди онанд, ки кадом як нафари бенишоне аз дигар мамлакат миллати моро назорат намояд. Дар хақиқат чӣ тавр фаъолият намудани аъзоёни собиқ ТТЭ ҲНИ баръало эхсос шуд ва имрӯз онҳо аз он ки дигар имкони фаъолият надоранд, ба ғазаб омада, бо ҳар гуна роҳ ва бо василаи ҳар касе ки дар ин ватан зисту зиндагонӣ мекунанд ва аз додани ахборот ба тарафи мухолифин мебошад, ки хиёнати бузургеро муртакиб мегардад. Имрӯз акнун баромаданд ду-се нафар, ки аз намуди давлатдории мо розӣ нестанду сохтори моро дигаргун мекунанд. Онҳо минбаъд қарор доданд, ки дар якҷоягӣ нерӯи оппозитсионӣ ташкил намоянд. Ҳамин тавр Муҳиддин Кабирӣ роҳбари ин гурӯҳ интихоб шуда, минбаъд Шарофиддин Гадоев, Алим Шерзамонов ва Илҳом Ёқубов ҳар кадоме рохбарии ҷамъияти худро пеш мебаранд.

Ба ин «инқилобчиён» гуфтанием, Худоро шукр, ки мо соҳиби мустақилият ҳастем, Президенти кишвар, сарвари фархундасоз барои мо ҷавонон ғамхориҳои зиёд  менамоянд ва мо кӯшиш менамоем, ки ҷавобан ба ин ғамхории ворисони арзандаи олимону мутафаккирони аҷдодони хеш мегардем ва бо заковату матонати мардонагии хеш руҳияи бадхоҳони миллатро шикаст дода, баҳри тараққиёт ва рушди кишвар беихтиёр тамоми қувваи худро сарф хоҳем намуд, кӯшиш намуда тавре кор мекунем, ки барои анҷоми амалҳои мухолифӣ ягон асос намонад.

Аз ҷавонон даъват ба амал меовардам, ки эшон қаблан дарси хештаншиносиро биомӯзанд, то дар ниҳодашон худогоҳии миллӣ пайдо гардад.

Муътабар  Ғозиева, номзади илмҳои таърих, дотсент

 

 

 

Ҳар як нафар пеш аз ин, ки афкори баён мекунад, бояд як бор суханонашро бияндешад. Чун ҳар сухане ба фикр омад онро вирди забон кунӣ, хандахарешӣ мардумон мегардӣ. Дуруст ба мисоли роҳбарият ва намояндагони ТТЭ ҲНИ, ҷаноби Кабирӣ то чи андоза «ба ин ватану халқ муҳаббат доштанашонро», бо воситаи табрикоташон ба муносибати 27-умин солгарли Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз Варшава истода баён намудаанд. Дар ҳақиқат баробари хондани табрикоти Кабирӣ дар ҳайрат афтодам, кич и тавр инсон то ин дараҷа дурӯяги мекунад.

Ҷаноби Кабирӣ ин Шумо нестед, ки барои валангор намудани миллати мо ҳар лаҳза саҳм гирифта истодаед. Ин Шумо нестед, ки ҳар руз мардумро ищво меангезед ва ин Шумо нест, ки ҷавонони моро гумроҳ намуда, роҳи ноҳамвореро барояшон нишон дода истодаед. Ва акнун ин табрикот барои кӣ ва барои чӣ? Ба фикрам аз суханони гуфтаатон худ дарак надоред, ки ҳатто дар мавриди баёни табрик низ мардумро ба тафриқа андохта, миллатчигӣ менамоед. Гӯё тоифае истиқлолхоҳ, босмачиён, щуломиён  ва озодандешон.

Бояд тазаккур дод, ки он босмачиёни тӯдакашро Шумо аз равшанфикрони он замон воло донистед. Ин чи тавр тахайюлот намефаҳмам. Магар бо ҷомеаи босмачӣ чи тавр метавон истиқлолро ба даст овард. Дар асл намояндагони Шумо, ва худатон дар қатори ҳамон босмачиён ҳастед ва ин истиқлолро нахостеду истиқлолхоҳону озодандешонро бад мебинед.

Мо бидуни ҳамкориҳои Шумо роҳи расидан ба истиқлолиятро тай намудем, ба ин восита ба сулҳ ва ваҳдату ягонгагӣ низ соҳиб гардидем. Ин роҳи тай кардаи мо мардуми шарафманди диёр роҳи мурод, роҳи расидан ба ормонҳои чандинасраи мардуми сарфарози тоҷик буд, роҳе буд, ки тоҷику Тоҷикистониёнро дар арсаи баландпояи ҷаҳонӣ шукӯҳу шаҳоматашро боло намуд.

Шумо нагӯед, ки бо ҳамкориҳои шумову намояндагонатон миллати тоҷик ба истиқлоли воқеи мерасад. Ин истиқлол барои ҳар як фарди баору номуси миллати тоҷик арзиши хос дорад. Ҷаноби Кабирӣ донед, ки ин истиқлолият ба маънои томаш ҳақиқист. Ва он бо ҷонбозиҳои ҳазорон нафар мардони шуҷову ҷасур ба даст омад. Имрӯз ин истиқлоли воқеиро танҳо чашми нобиноӣ Шумо намебинаду халос.

Ҳамин пирӯзии нобаҳангоми ибрознамуди Кабирӣ, маҳз бо вайронкориҳои ин ҳизбиён ба дер ба даст омад. Хушбахтона дер ҳам бошад, ба даст омад, бар қасди онҳое, ки миллатро ба вартаи ящмо бурдани буданд дер ҳам бошад ба даст омад. Ва ин боиси болидахотириву соадатмандии кулли мардуми тоҷик гашт. Истиқлоли ба даст омада, ягон тоифаи одамонро ба гурӯҳҳо ҷудо накардааст ва ягон нафарони истиқлолхоҳро зиндони накардаву зери шиканҷа қарор надодааст. Ин ақидаи кардаи Кабирӣ, ки замоне барои ба даст овардани истиқлол нафарони хизмат намуда, дар зиндон қарор доранд, комилан нодуруст. Зеро имрӯз  ҳукумати мамлакат барои сохтмони як бино ва як ташкилот чи қадар дастгириҳо мекунад, ин ба ҳама маълум аст. Пас чаро он нафароне, ки брои расидан ба озодӣ саҳм доранд онҳоро зиндонӣ кунад.

Кабирӣ инсон агар сухан донаду бамаврид гӯяд, хуб аст ва агар ҷоиз сухан нагӯяд пас хомӯширо пеша кунад, то аз ин хомӯши дигарон ибрат гиранд.

Тоҷикистон мулки соҳибихтиёр, демократи комилҳуқуқ ва ягона мебошад. Сулҳи он пойдор ва ваҳдату ягонагиаш бо талошу заҳматҳои мардуми башардӯсташ устувору ҷовидон хоҳад монд. Зеро ин сарзамину мулки соҳибдилону равшанзамирон аст, мулки озоду обод аст, мулке аст, ки бар ивази ҷони ҷасурмардону ватандӯстон ба мустақилияти воқеи шарафёб гардадааст.

А. Рашидов,

номзади илмҳои кишоварзӣ,

устоди кафедраи химия ва технологияи хӯрокворӣ

 

Тоҷикистон дар солҳои навадуми асри гузашта дар вазъияти бисёр ногувору сахте қарор дошт. Вале мардуми шарафманди ватани азизамон нагузоштанд, ки сабабгорони ин вазъият ба мақсадҳои нопоки худ бирасанд. Фарзанди фарзонаи миллат каҳрамони халқи тоҷик, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси сулҳпарварониашон Тоҷикистони азиятдидаро аз вартаи ҳалокат наҷот доданд. Гурӯҳи мухолифинро даъват намуда, ба хотири якпорчагии миллат гуноҳҳои онҳоро бахшида, ба онҳо бовар карда баъзе аз корҳои баланди давлатиро ба онҳо супориданд. Аммо боиси таассуф аст, ки ин хоинони миллат шукргузории бахшиши Пешвои миллатро ба ҷо наоварда даст ба табаддулоти давлатӣ заданд, вале хушбахтона ба мақсади нопоки худ нарасида шармандавор шикаст хурданд ва ба хориҷа фирор намуданд. Яке аз он думравони наҳзатӣ, ки худро ҳоло роҳбари Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ эълон доштааст Илҳом Ёқубов мебошад. Барои ӯ дар зиндагӣ пул мавқеи асосӣ дошт ва мемонад. Ӯ ислоҳнашаванда аст ва аз рӯи гуфти устодонаш кор мекунад. Мавзӯе, ки дар нишасти САҲА иброз доштааст ба фаъолияти журналистика ва суди Тоҷикистон рабт дошт, вале ӯ аз назари бадбинона ин соҳаҳоро дар Тоҷикистон дар ҳоли паст баҳогузорӣ намудааст, ки ин хатои маҳз аст. Мо ба баҳои чунин як нафари хиёнатпеша ниёз надорем. Ва гуфтанием, ки миллати мо дар роҳи дурусти давлатдорӣ қадами устувор мегузорад. Мо намегузорем, ки пойи як лаине ба Тоҷикистон бо мақсадҳои сиёҳ ворид шавад.

А. Акрамов, номзади илмҳои техникӣ, декани факултети сохтмон ва нақлиёт

Ш. Алиев, номзади илмҳои техникӣ, мудири кафедраи нақлиёт

М.Холиқов, унвонҷӯйи кафедраи нақлиёт

Кишвари мо, ки дар айни замон марҳилаи рушду тараққиёт ва пойдорнамоии сулҳу суботро аз сар мегузаронад, талош варзида истодааст то дар роҳи тайкардааш муваффақу комгор бошад. Аммо ин пешравӣ ва ободиву озодии миллати моро бархе чашми дидан нокарда, мехоҳанд, ки фазои истиқлоли моро вайрон намоянд. Мо мардуми бофарҳангу соҳибтаммадун ва қавиирода ҳастем. Ба нафаре чун хоини миллат бар зарари мардум рафторҳои нохалаф кардааст, дар ин марз ва дар миллати мустақил роҳ нахоҳем дод ва афкори он нафаронро ҳатто дар зеҳни худ ҷой ҳам намекунем.

Роҳбарият ва намояндагони ТТЭ ҲНИ аз ҷумла Илҳом Ёқубов кадом вазъи Тоҷикистонро номуносиб, ғайриқонунӣ, ғайриахлоқи ҳисобида имрӯз мардумро боз ба шӯр андохтанӣ мешавад. Ин чи гуна суханронӣ аст, ки дар Тоҷикистон волоияти қонун ба инобт гирифта намешавад.  Фаъолияти ғайриқонунии ҲНИ аллакай ошкор гардида, он ҳамчун ташкилоти терористиву экстремистӣ эътроф гардид ва чанд далели исботи онро низ ҳама шоҳиданд.  Аммо нафарони дар ин ташкилот шомилбуда имрӯз ҷор мезананд, ки дар маҳкамаҳои кишвар бегуноҳон зиндонӣ ҳастанд. Худ қазоват кунед, ки бо он ҳизбе, ки имрӯз аз тарафи оламиён ва чандин созмонҳои байналмиллалӣ ҳизби ифроттӣ эълон гардидааст, метавон ҳамкорӣ кард. Аҷоиботи сухани Илҳои Ёқубовро бинед, ки барои расидан ба роҳи мақсудҳои истиқлоли воқеи ҳамкори бо онҳо натиҷаи назаррас хоҳад дод. Бале хело хуб қайд кардед, замоне ба ин гуфтаҳои Шумо бовар карда, қариб ин миллати тоҷдор бар бод мерафт. Яқин донед, ки дигар ин мардум ба доми макру фиреби чунин нафарони хиёнаткор намешаванд, зеро медонанд, ки мардумони соли наваддуми асри гузашта, ба кадом ҳодисаи даҳшатбор рӯ ба рӯ гаштанд. Он сабақҳо имрӯз намегузорад, ки боз чунин амалҳои номатлуб дар кишвари мо сар зада, боз парокандагии мардумро ба миён орад, боз кӯдакони маъсумро бесарпаноҳ гузорад ва боз модарону падарони моро ҷикарсӯхта созад.

Илҳом Ёқубов, ки дар баромадаш аз Хайрулло Мирсаидов ёдовар шудааст, ҳамин нуктаро гуфтанием, ки ӯ барои роҳ додан дар низоми хароҷоти буҷети давлатӣ ба хатогӣ роҳ дода, хисоротро ба буҷет ворид намуд. Ба устоди ӯ Кабирӣ ва пайравону намояндагони Кабирӣ гуфтанием, бас нест, тафриқандозӣ, бас нест магар он хунрезиҳои мардуми бегуноҳ, ятим мондани фарзандон, бева мондани гуларӯсон, бе саробон мондану доғи фарзанд дидани падару модарон.

Роҳбарият ва намояндагони ТЭТ ҲНИ мақсад доранд, ки ин  табрикоти “бо меҳру муҳаббати саршор навиштаашон” воситаи башардӯсту ватанхоҳ буданашон мегардад. Ва ба ин васила то чи андоза нисбати “ҳамватанони” худ “меҳрубан буданашонро” иброз кардаанд.

Як бор худ фикр кунед, ки то кадом дарарҷа ботини ин афродон аз кинаву ғараз пур аст. Кабирӣ то ҳатто дар табрикот низ сиёҳ будани ботини хешро нишон дода гуфтааст, ки истиқлоли миллии имрӯза воқеи буда наметавонад ва он мардумро ба ду гурӯҳ ҷудо сохтаст. Боз иддао дорад, ки агар ҳокимият дар дасти ин тоифаи имрӯза бошад, ин тадбир давом мекунад. Ин осудаҳоливу мустақили бо заҳмату кӯшишҳои ҳукуматдорони имрӯза ба даст омад ва онро наслҳои имрӯза ба ояндагон месупоранд. Кадом вазъи кунунии кишвари мо номаъқул аст, ки шуморо маҷбур сохт табрикотро воситаи розу ниёзи худ сохтед.

Чаро ин истиқлолро чашми дидан надоред? Ҳол он, ки ин сулҳу салоҳ ба мо мардуми саодатманди диёр ҳама чизро дод, ки муҳмтарини он ба он дасисаҳои бемаънии хиёнаткорон нуқтаи ҳамешагӣ гузошт, то мардум дар фазои озоди истиқлоол нафаси озод кашад. Зиндагии шоиста ба сар бурда аз миллату аз авлоди худ ифтихор намояд.

Имрӯз М.Кабирӣ дар конфронси «баландпоя»-и САҲА дар Варшава аз худу ҳаммаслакони босмачиаш тарафдорӣ менамояд. Як бор инсон пеш сухан гуфтан бояд ҳамаҷониба андешад, зеро он тӯҳмате, ки ӯ алайҳи мардуми мо карда истодааст, ба ҳеҷ ваҷҳ қобили эътимод нест. Дар масъалаи ҳамкори бо онҳо боиси ба ҳадафҳои стратегии миллат расидан мегардад, комилан хандаовар аст, чунки пайрави намудан аз душманону хиётнаткорони ватан ва ҳамкори бо чунин бадтинатон миллати моро танҳо ба ақиб мекашад ва ин табрикоти бемавриди роҳбарияти ТТЭ ҲНИ як васвасаи холии онҳост.

 Маърифат Мавлонова, котиби  масъули нашрияи “Меҳвари дониш”

 

 

 

 

Мо Илҳом Ёқубовро ҳамчун фарзнди шаҳри Хуҷанд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул надорем. Нафаре, ки обу хоки диёрро хӯрда,падараш дар яке аз муассисаҳои таълимии бонуфузи кишвар кор мекарда имрӯз тасмими хиёнат ба Ватанро дорад. Ӯ гумроҳ аст, фирефтаи молу маноли хоҷагони Эрон аст. Ҳатто падару модари худро ба ин роҳ дароварда оқибат имрӯз шаҳди ғарибӣ мечашанд. Он суханроние, ки дар нишасти САҲА дар шаҳри Варшава иброз дошт, дар ҳаққи кишвар тӯҳмати маҳз аст. Зеро дар мамлакати  мо адолати судӣ барқарор аст ва ҳар он касе, ки ғуломи қонун аст, озодона кору зиндагӣ дорад. Он маҳбусони сиёсие, ки имрӯз дар маҳкама нишастан барои кӯшиши табадулоти давлатиро ба миён овардаанд, нишастаанд. Вале давлат ва Ҳукумати кишвар тасмим дорад, ки гуноҳҳои онҳоро ба хотири таъмини сулҳу суббот мебахшад. Ин амали хайри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати  миллати хеш аст. 

А. Акбаров, номзади илмҳои филологӣ,

У. Мақсудов, номзади илмҳои филологӣ,

М. Раҳматова, номзади илмҳои филологӣ

Мо насли имрӯз, фарзандони даврони соҳибистиқлоли кишвар  вазифадорем, ки ҳамсолони худро дар руҳияи ифтихори баланди миллӣ тарбия намоем. Онҳоро ҳушдор диҳем, ки дӯстро аз душман фарқ намоем. Ба суханони авомфиребонаи душманони миллат ба мисли Кабирӣ бовар накунем. Зеро аз “хушгӯиҳои” ин гуна бадсиголон асаре аз меҳру муҳаббат ва садоқат ба Ватан нест.

Барои пойдории миллат ва Ватан моро мебояд аз волидони худ сабақи хуб гирем. Дар баъзе ҳолатҳо беэътиноии волидон яке аз омилҳои ба гурўҳҳои тундрав ҳамроҳшавии ҷавонон гардидааст, ки онҳо ҳамеша ба мустақилият баромадани фарзандонашон монеъ мегарданд. Вақте ин қадар аз паи кору бори фарзандони хеш бошанд, пас он ҷавононе, ки имрӯз фирефтаи гурӯҳҳои иртиҷои мегарданд онҳоро боз доранд, охир то кай онҳоро дар чунин масоили зиндаги беболу пар гузошта имконият медиҳанд, ки кореро мехоҳад анҷом диҳад. Аз ин нигоҳ мегӯям, ки як рӯз оқибати нангин ва пеш аз ҳама талхини амалҳои ношоистаи фарзандонро аввал волидон сипас тамоми ҷомеа мечашад.

Мо бояд ба ояндагон онро фаҳмонем, ки  ҷавонон бояд танҳо аз гузаштаи бою пурғановати худ ифтихорманд нашуда имрўзро низ ба як фазои ифтихорӣ мубаддал созем. Фарзандонро сохибимаълумоту  донишманд, соҳибватану соҳибфарҳанг созем. Ҳамаи онҳоро қабл аз ҳама на ба  масҷид  балки барои ба  мактабҳо рўй оварданашон мусоидат намоем, ки мактаб макони махзани илму маърифат ва тамаддуни гузаштаву фарҳанг ва умуман ҷои муқаддас аст.

Ҷамшед Масаидов,

Хиромон Пӯлодова,

Марифат Мавлонова,

Рустам Ғуфронов,

Манучеҳр Шарипов,

донишҷӯёни ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд