Мо ҷомеаи меҳнатии ДПДТТ бо хушҳоливу сарфарози аз ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ  ва сулҳу субот ба нафароне чун хиётнаткори ватан ба мисли М.Кабирӣ  гуфтанием, ки миллати мо миллати тоҷдор ва мардумонаш босаводу комилақланд. Аз ҳамин лиҳоз барои сулҳу ваҳдат мекӯшанд, зеро асос ҳамин ваҳдат аст. Аз азал миллати  тоҷикро худшиносию таҳаммулпазирӣ  ба хушбахтию саодати беназир овардааст. Ва ин хушбахтиро дигар ба касе иҷозат намедиҳем, ки баобод диҳад.

Шумо хиёнаткорони ватан бояд донед, ки дигар мардуми асри нав ба мисоли фиребхӯрдагони соли 90-ум нестанд, ки дасисаҳои бемантиқатонро гӯш диҳанду ба маъное «баромади бомавридатонро аз минбари баланди умумиҷаҳонии конфронси САҲА», ҷонибдори намуда, манфиати халқу миллати худро ба по зананд.

Ҳамвора дар изороти хеш баён менамоем, ки дигар САҲА ташкилоти нафъовари миллатҳои аъзо нест, балки он минбари маърӯзаи намояндагони ТЭТ гаштааст, ки дар ин конфронс бо ёрмандии ташкилкунандагонаш боз роҳбари ТЭТ ҲНИ имконияти ширкат варзиданро пайдо сохтаст. Иштироки намояндагони ташкилотҳои ТЭТ аз шаҳодат медиҳад, ки пеш аз ҳама САҲА фаъолияти худ ва мақоми худро дар миёни созмонҳо коста гардонид, зеро замоне, ки ба фаъолият оғоз намуда, давлатҳоро ба аъзогӣ даъват сохт дар кори онҳо танҳо мубориза бар зидди тероризм дида мешуд на ҳамкори намудан бо ТЭТ.

Мутмаинем, ки дар муддати начандон дур сафи чунин хиёнаткорон кам гардида, кишварамон бо такя ба нерӯи солими ҷавонон рушду тараққӣ  хоҳад кард.

 

Инак, нишасти солонаи САҲА, ки дар ду сол як маротиба дар шаҳри Варшаваи  давлати Полша доир мегардад, ба анҷом расид. Ҳар он кас, ки ин нишастро пайгирӣ намуд, ба худ хулосаи даркорӣ баровард. Шахсан ман бори дигар бовар ҳосил кардам, ки нерӯҳои мухолифини кишвар то кадом андоза ҳасудхӯранд ва пешравии кишварамонро дидан намехоҳанд.

Аслан дастаҷамъона паймон бубастани чор гӯрӯҳи аз як реша об мехӯрда -  ҲНИ,     Ҷумбиши Ислоҳот ва рушд дар Тоҷикистон, Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ва Анҷумани озодандешони Тоҷикистон худ далолати заифии онҳоро нишон медиҳанд. Зеро роҳбарони ин чор ниҳод ҳамонҳое ҳастанд, ки аз «баракоти ҲНИ» рӯи об баромадаанд. Ҳам Алим Шерзамонов, ҳам Шарофиддин Гадоев ва ҳам Илҳом Ёқубов дастпарварони мактаби «сиёси»-ии Кабирӣ ҳастанд ва онҳо маънавану руҳан ва аз лиҳози моддӣ низ пойбанди Кабирӣ ва ғуломи ҳалқабардӯшаш ҳастанд. Зеро Кабирӣ чун миёнарав ба онҳо то имрӯз маблағҳои калони хоҷагонашонро тақсим мекунанд. Ин нафарони худро «роҳбартарошида» бошанд, қисмати ками даромадҳои худро ба зердастони худ медиҳанд.

Муҳим ин нест, муҳим он аст, ки мавзӯи моҳҳову солҳо омода кардаи ин нафарон дархӯри рӯз набуд, ки роҳбарияи САҲА баромади онҳоро қобили қабул надонист.  Масалан Кабирӣ дар баромадаш зикр сохт, ки ҷониби Тоҷикистон бо баҳонаи паст  кардани шиддати терроризму экстремизм дар кишвар ва минтақа чандин роҳбарони сиёсиро ба зиндон кашиданд. Ин амалашон баръакс ифротгароиро вусъат мебахшад. Ин гуфтаҳои Кабирӣ асоси воқеӣ надорад, зеро Тоҷикистон чун ташаббускори сулҳу оромӣ дар ҷаҳон борҳо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват намуда истодааст, ки танҳо якдиливу тифоқӣ метавонад пеши роҳи терроризму ифротгароиро бигирад. Чунончи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистои  таъкид намуданд: “Дар марҳалаи кунунӣ кишвари мо бо мақсади вокуниши саривақтӣ ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ дар раванди ташаккули иқтидори муносиби дохилӣ ва хориҷӣ тадбирҳои муассир меандешад. Дар ин раванд, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамгироии бештар бо ҷомеаи ҷаҳон ва минтақа, сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин, ба роҳ мондани ҳамкориҳои фарогир муҳим мебошад. Мо ҷонибдори низоми ҷаҳонии одилона, бидуни ҷангу низоъ, густариши ҳамкориву шарикии баробар ва судманди ҳамаи кишварҳои олам, таъмини амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бо роҳи созишу муколамаи созанда бар асоси Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид мебошем”. Воқеан ҳам давоми беш аз ҳашт моҳ кишвари мо минбари баргузории якчанд конфронсҳои сатҳи байналмилалӣ дар мавзӯи мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ гардид. Ва худи Пешвои муаззами миллат дар суханронии худ дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”  бо мисолҳои воқеӣ фарҷоми ин амалҳои номатлубро мушахассан таҳлил намуда буданд.

Кабирӣ медонад, ки нақшаҳои кашидааш иҷронашавандаанд, бо истифода аз ин минбари баланд, хост ба «муаммояш» гиреҳкушо ёбад, аммо хато кард. Зеро ҳама медонад, ки фаъолияти ҲНИ хавфи ҷиддие ба минтақа хоҳад буд, чун ин ҳизб амалҳои террористиро дар ҳамҷоягӣ бо ДИИШ анҷом медиҳаду он як шохаи «Ҳизбуллоҳ»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.

Шарофиддин Гадоев интихоботе, ки худи САҲА онро бевосита назорат мекард, интихоботи шаффоф ҳисоб намекунад ва таъкид ҳам кардааст, ки дар кишвар институтҳои мустақил боқӣ намондаанд. Дар ин пешбарии мавзӯъ Шарофиддин Гадоев низ хато кардааст, зеро интихоботҳо ҳама дар чорчӯбаи қонун баргузор гардида, он ба он хотир  барои наҳзтиён ношаффоф ҳаст, ки ягон номзади пешбарикардаи онҳо пирӯз нашуд.

Ҳамин тавр мавзӯи интихобкардаи рақибони сиёсӣ шикастпазир будани онҳоро нишон дод.

Абдусабур Абдуваҳҳобов,

сармуҳаррири нашрияи «Меҳвари дониш»

 

 

Дар тӯли беш аз 50 соли фаъолияти кориам борҳо пастиву баландиҳои рӯзгорро дида, ҳаёти орому ибратбахш ва мулки ободу озодро танҳо дар даврони соҳибистиқлолии кишвар эҳсос кардам. Аз он меболам, ки сол то сол кишвари сулҳпарварамон ба маҷрои ободкориву созандагӣ усуворона қадам мегузорад. Сол то сол сафи донишҷӯёни рӯ ба илмҳои муосири техникаву технология майлдошта зиёд мешаванд. Ин аз он далолат медиҳад, ки сиёсати ба ободонӣ нигаронидашудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатро хурду бузурги кишвар сармашқи кори худ қарор додаанд.

Аммо ба ҳайси устоди донишкада, марди рӯзгордида маро як зумра нотавонбиноне, ки аз хориҷи кишвар истода, ба ҷониби кишвар санг меғуронанд, ба ташвиш овардааст. Тайи даҳ рӯз аст, ки дар шаҳри Варшаваи Ҷумҳурии Лаҳистон нишасти солонаи САҲА баргузор шуда истодааст. Дар ин ҳамоиши байналмилалӣ дар қатори дигар давлатҳо намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ширкат варзида, аз намояндагони ба ном опозитсионии кишвар даъват ба амал оварданд, ки сари мизи гуфтушунид нишинанд. Аммо баръакси ҳол нерӯҳои мухолифини кишвар бо сарварии Муҳиддин Кабирӣ созмони худро бо унвони «Паймони миллӣ» таъсис доданд. Онҳо бо ин тадбирандешии худ мехоҳанд ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор диҳанд, ки норозиён нисбати давлатдории Ҳукумат зиёданд. Аммо ин нафарон ҳамагӣ аз 10- 12 нафар зиёд нестанд.

Мо ин амали онҳоро қотеъона маҳкум мекунем. Зеро медонем, ки халқи баору номуси кишварамон ин «масхарабози»-и онҳоро хуш надорад.

Итминони комил дорам, ки ин созмони «хасакӣ» дар фурсати кӯтоҳ завол меёбад.

 

Чанде қабл изҳороти намояндагони назҳатиҳоро хондам, ки онҳо боз ба васвасаҳои беҳуда оғоз намудаанд. Дуруст ба мисоли Илҳом Ёқубови манқурт, ки дар баромади худ аз минбари САҲА аз озодии сухан  дар Тоҷикистон нигаронӣ  карда буд. Ё худ натиҷаи баромади Кабирӣ  бахшида ба Истиқлолияти Тоҷикистон, ки ӯ «истиқлолияти Тоҷикистонро эҳтиром мекунад» ба шармандагии дубораи онҳо оварда расонд, ки аз ҷониби масъулини конфронс баромадашон қатъ гардид.

Имрӯз ин назҳатиҳои беҳуда, иддао карданд ба мардумон, ки ба эҳтироми Пешвои миллат ҳар лаҳза қарсак зада, аз ҷой мехезанд. Оғохон чаро ба кушодашавии Донишгоҳи Осиёи Миёна наомадааст. Онҳо, ки ботини сиёҳ доранд, иброз кардаанд, ки ин ҳама ситоиши васфи Пешвои миллат бо маҷбур кардани мақомотҳои давлатӣ сурат гирифтааст. Худ боре қазоват кунед, ки дар Тоҷикистон озодии баён ҳукмрон аст. Аз ин лиҳоз касе нафареро барои чизе маҷбур намекунад. Мардуми имрӯза саводи ҳуқуқии худро беш аз пеш медонанд. Ва ягон ҳоҷат намондааст, ки барои гуфтани сухане касеро маҷбур кунанд. Чӣ  фикр кардед, фазои миллати мо фазо ва шароити ташкилоти терористиатон монанд аст, магар? Асло! Дар ин маврид бисёр хато кардед ва инро худи Шумо низ хуб медонед, ки Тоҷикистон мазраи озоду ободи ҳар як тоҷикони рӯи олам аст.

Дар масъалаи ташрифи Оғохон бошад, гуфтаниам, ки то ба мо мактуб навиштан ҷӯед, то сабаби наомаданашро пайдо кунед. Зеро наҳзатиҳо аллакай ба чунин корҳо фаъол шудаанд-ку! Кӯр-кӯрона ба ҳар чи нодурусту дуруст шунавиданд бовар карда, ҳар чи ба вирди забонашон омад аз бесаводи мегӯянд. Ин бесаводии онҳо кам мондааст, ки аз Варшава низ онҳоро ронад.

 

Таҷрибаи давлатдории тоҷикон имрӯз дар аксари давлатҳои рӯ ба тараққӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Зеро бовуҷуди ҷанги шаҳрвандиро паси сар намуданд, имрӯз иқтидори кишвар рӯ ба рушд аст. Ҳамасола дар мамлакатамон садҳо иншоотҳои гуногун мавриди истифода қарор гирифта истодаанд, ки бозгӯи пешравиҳост. Танҳо дар ҳошияи 1300 рӯзи ободониву бунёдкорӣ дар вилояти Суғд то ҷашнгирии 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ наздики 3000 ҳазор иншооти тайиноти гуногун сохта ба истифода хоҳад шуд. Сокинони кишвар аз ташрифи кории Сарвари давлат ба ин ё он минтақаи кишвар изҳори хушнудӣ менамояд. Зеро ба шарофати пои қадами Роҳбари муаззами кишвар ҳатман ободониву бунёдкорӣ вусъати тоза мегирад.

Мо ҳама шоҳиди он будем, ки Президент дар  сафари панҷрӯзаи худ ба вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон чандин иншоотҳои хурду бузургро ифтитоҳ намуданд. Рӯзгори ин минтақаи азими баландкӯҳ ба тадриҷ беҳтар мешавад. Аммо кӯрдилону носипосон хориҷ аз кишвар истода ба қавле «аз таги нохун чирк мекобанд». Дар кишвар зӯргӯиву мафиябозӣ кайҳо аз байн рафтааст, вақте расидааст, ки адолату ҳақиқатро барпо намуд. Воқеан ҳам аз рӯи нақли мушоҳидон имрӯз дар шаҳри Хоруғ ва атрофи он чанд гурӯҳҳои мавҷуданд, ки бо нашъаҷаллобиву аслиҳафурӯшӣ машғуланд. Агар пеши роҳи онҳоро нагирем, кишвар боз ноором хоҳад шуд. Ва мусаллам аст, ки ба ин кор мақомотҳои қудратӣ бояд мубориза баранд. Зеро ободии макон ва тинҷии он ҳамеша дар мадди назари роҳбари давлат аст. Ин ҳамаро кувваҳои бадбини кишвар ҷомаи сиёсӣ пӯшонида, дар нигоштаҳои муғризонаашон Ҳукуматро смёҳ карданӣ мешаванд. Аммо тирашон хок мехӯрад. Зеро сокинони кишвар ба ягон ҳарфу ҳиҷои душманони миллат бовар намекунанд.

 

Ягона ҳадафе, ки афкори тарафҳои мухолиф, яъне роҳбарият ва намояндагони ТЭТ ҲНИ-ро, ки ҳамчун гурӯҳҳои иртиҷоӣ эътироф гардидааст, ғасп менамояд ин дар сохти конститутсионии миллатамон ворид намудани ҳар гуна тағйирот ба тимсоли аз байн барии озодиву ободкорӣ ва ба харобазор табдил додани ин мамолике, ки биҳишти рӯи олам гаштааст. Бори дигар қобили зикр аст, ки агар ҳизби наҳзати исломӣ сари давлат ояд, аввалин коре, ки анҷом медиҳад, ин дигар кардани сохтори конститутсионӣ аст. Айнан ба мисоли гуфтаи худи Кабирӣ, ки мардумро ба босмачиёни асри гузашта, табдил медиҳад. Инро албатта мардум рад мекунанд, зеро касе дигар тобу тоқати дидани манзараи ҷангу даҳшатро надорад.

Мардум сарбаланди тоҷик имрўз бо  Пешвои миллати хеш ифтихор доранд, зеро ки ин марди қавииродаву оқил ҳанўз дар давраи мудҳиштаринни кишварамон ба по хесту барои хомўш намудани алангаи оташи ҷанг камар баст. Ин ҷоннисори ба хотире буд, ки мардуми тоҷик дар фазои сулҳу дўстӣ зиндагони карда, лаззати истиқлоле, ки солҳо дар интизораш буданд, чашанд.

Муттассифона, имрўз нафароне аз зодагони ҳамин хоки ватан ба кишвари худ ба диёри худ хиёнат намуда, ба ҷои он ки дар пайравии Пешво барои ободии ватан саҳм гиранд. Баракси ҳол, ки рафтанд фармонбардору мутаккои хоҷагони “бузурги” хориҷӣ шуданд, ки барояшон дар ниқоби исломи пок амалҳои ваҳшиёнаро омўхт. То ин фиребхўрдагон дар ватани худ ҷангу маломатро оғоз кардани шудаанд.

Қабирӣ, Илҳом ва дигар намояндагони “фаъол”-и ТЭТ ҲНИ магар он танқиду тақлиди бемаъниатон ба дилатон назад, зеро он ягон натиҷа надодааст. Ин дигар чи кор аст, ки барои Эмомалӣ Раҳмон шуда, ин вафот кард ва барои ў шуда, кадоми дигар аз кор ронда шуд, ў иҷозат намедиҳад, ки ошкорбаёни шавад. Бобати  Шабнам Худойдоваи гуфтаатон худ ягон маълумоти дақиқ доред ё не? Замоне танқидҳои беасос миёни матбуотчиён зиёд ва аз ин бисёре масъулон истифода намуда, тавре хоҳанд навиштанд, ки ин расидан ба иззати нафси нфарони зиёд гардид. Муҷиби аз кор ронда шудани ў низ шояд аз ҳад зиёдарави карданаш бошад. Чи қадар аз номи ў “хубу мавридӣ” навиштаед. Ростӣ ба ин дар ҳайрат уфтодам. Дар ҳақиқат чашми шумобаринҳо барои дидани ҳақиқат кўри мекунад. Ман итминони комил дорам, ки дигар мардум низ ба ин васвасаву шайтонии шумо бовар намекунад, дигар дил хун накунед худро бо чунин оворагиҳо. Дар масъали бадкинагииву ғаразнокиатон гуфтаниам, ки ботинатон пур аз фасод аст, ки ҳатто ба хотире мардум ба суханони Пешвои миллат қарсак мезананд, чашм дўхтаед. Чи шуд вақте М.Кабирӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва дигар манотиқи ҷумҳурӣ барои баромади пешазинтихоботи рафт, мардумро ўро бо чи маломат шарманда сохт, саволҳоеро пурсиданд, ки ў аз минбар истода аз шарм рўсурх гардид. Магар он вақтҳо ва ҳатто имрўз ҳам ба баромадҳои “пурмўҳтавоятон” касе кафкўби накарданд ва ё имрўз иштирокдорони конфронси САҲА чӣ?

Хушбахтона имрўзҳо аксари мардуми тараққипарвар зўровариву ваҳшоният ва хунхории  низоми иртиҷоиро маҳкум менамоянд. Инсоният дар шароите, ки ба озодиҳои сиёсӣ, демократӣ ва дунявӣ муносиботи ҳусни тафоҳуми ҷомеа роҳ гирифтааст, ин гуна зўроварӣ ва террор, ки мақомоти роҳбарикунандаи давлати Исломӣ пеш гирифтааст, ҳар фарди ҷомеаро набояд бетараф гузорад. Ин гуна роҳу усули мубориза, зўроварӣ ва ваҳшониятро тамоми мардуми кишварҳои демократӣ ва сулҳпарвар, аз ҷумла, ҷомеаи мо маҳкум менамоянд. Вақте ки дин сиёсӣ мешавад, он ба қудрати мутлақ табдил меёбад, яъне сиёсат ҳунар, фарҳанг, тафаккур, рафтори ахлоқӣ тобеияти мутлақи дин мешавад.

Омезиши сиёсату дин озодиро аз байн мебарад ва ҷаҳонро фақат зери шишаҳои  идеологияи динӣ мебинад. Озодиро нисбати зан маҳдуд месозад ва намегузорад, ки мақоми зан дар ҷомеа рушд кунад.

Он дастоварду пешравиҳое, ки то имрӯз, давоми 27 соли истиқлолияти давлатӣ дар ҳаёти мо воқеъ шудаанд, махсусан аз байн бурдани ҷанги бародаркуш ва барқарории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, таҳкими қонуният, рушди устувори иқтисодию иҷтимоии кишвар, пайваста боло рафтани сатҳи хиндагии миллати тољик аз бисёр ҷиҳат натиҷаи фаъолияти баланд ва пурсамари сарвари маҳбуби кишвар Эмомалии Раҳмон аст. Тамоми миллати тољик шоҳид аст, ки баъди барҳам хӯрдани давлати абарқудрати шӯравӣ халќи тољик ба муқовиматҳои сиёсию иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гашт. Ҷанги ҳамватанӣ ҳазорон  ҳазор нафарро қурбону фирорӣ ва хонахароб намуд. Ҳама манзили авлодии худро тарк намуда буданд. 

            Мардуми шарафманди тоҷик бо роҳбарии Пешвои миллати мо сарвари кордону оқил, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрўз роҳу равишеро барои ҷилавгирӣ аз шомилшавии ҷавононро ҷустуҷӯ мекунад ва мардуми азизи мо кўшиш мекунанд, ки ҳар чӣ бештар ин ҷавонони гумроҳро аз ин роҳ баргарданд ва ҳамеша ба ватани азази худ  хидмат кунанд, бо кору фаъолияти хуби худ давлати азизашонро ба пеш баранд ва имрӯз муроҷиати ҳизби наҳзати ислом ба СММ ба тамоми ҷаҳон даъвои беҳуда аст. Зеро ҶТ ягон таъқиб нисбат ба аҳзоби сиёсӣ ва ё ашхос раво надидааст.  Баръакс мардум имрӯз ҳушдор гашта, аз нооромии давлатҳои араб ба хулоса омада, худро аз ҳизбҳои динӣ канорагирӣ карда истодааст.

Комилова Дилрабо Абдуалиевна,

номзади илмҳои техникӣ, дотсент,

мудири кафедраи химия ва технологияи хӯрока

 

 

 

Нӯшервони одил аз вазири худ мепурсад: 

- Тавонгар кист?

Бузургмеҳр ҷавоб медиҳад:
- Он ки ба ҳама некӣ кардан мехоҳад.

Нӯшервон боз мепурсад:
- Бадтарин кас кист?
- Бадтарин кас онест, ки бадхоҳи одамон асту ба онон бадӣ мекунад, - мегӯяд Бузургмеҳр.

Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки инсони нек бояд дар ҳамаи давру замон аз худ амали неке ба ёдгор гузорад, то пас аз марг ӯро ба некӣ ёд кунанд. Зеро баъди инсон танҳо ёди нек, амали хайру савоб ҷовидон боқӣ мемонад.

Шахси неку хайрандеш ҳамеша бообрӯ, соҳибхирад, некном ва маркази диққати ҳамагон аст. Накӯкорон ҳамеша бо мадади Офаридгори бузург дар раҳматанд. Беҳуда нагуфтаанд:


Ҳар кӣ ӯро хайр одат мешавад,
Бегумон,  молаш зиёдат мешавад.

 

Дунё саросар пур аз шодиву хурсандӣ ва ғаму дардҳост. Инсон, ки ҳамчун як мавҷуди бузурги олам арзи ҳастӣ мекунад, чун офтобест, ки лаҳзае ҷилои равшанию нур медиҳаду лаҳзае ба ғуруб меравад. Чун оташест, ки даме бо сӯхтану сохтанҳояш ҷаҳонро пурнуру сипас ба хокистар мубаддал мегардонад. Агар инсон хоҳад, бо қувваю мафкураи бузургаш сангро ёқут ва лаълро гавҳар мегардонад, вале агар хоҳад, зиндагиро тамом мебахшад.

Инсон танҳо тавассути некиву накукорӣ, саховатмандиву мардонагӣ метавонад сазовори номи неку рузгори осоишта бигардад.

Аз ин рӯ зарур аст, ки дасти мадад ва ёрии  худро ба дармондагону мӯҳтоҷон дареғ надорем.

Ба номи директори ДПДТТ ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Саидӣ Дилафрӯз Раббизода боз як номаи сипос омада расид.

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ятимону бепарасторон, ниёзмандон Раёсати донишкада низ тасмим гирифтааст, ки ба ниёзмандон ёрӣ расонад.

Сипоси беандоза аз номи Муассисаи таълимии томактабии ширхоргоҳ – кӯдакистони №19 “Зебо”, ки дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воқеъ аст, барои кӯмаку дастгирии Раёсати донишкада дар заминаи аз нав бунёд гардидани кӯдакистони мазкур, ки бахшида ба таҷлили ҷашни бузурги миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шуда буд,  омада расидааст.

Раёсат, устодон ва донишҷӯёни  донишкада тасмим гирифтаанд, ки то қадри имкон ба ятимону бепарасторон, хона-интернатҳо, хонаи маъюбон  кӯмак расонанд.

 Ҳар амалеро подошест. Боварӣ дорем, ки амалҳои неку сахо ҳатман оқибати хайри худро хоҳанд ёфт.

 Ба гетӣ намонад ба ҷуз номи нек,
      Ҳар он кас, ки хоҳад саранҷоми нек.


 



Бо баромади Кабирӣ, ки дар шаҳри Варшава дар конфронси САҲА  тавассути сомонаҳои Интернет ошно гаштем. М. Кабирӣ дар якчанд давлатҳои Аврупо буда, бо масъулин ва дипломатҳои аврупоӣ сўҳбат оростааст. Мавзӯи асосии ин сӯҳбатҳо  вазъи минтақаи Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон, ҳодисаҳои ахири кишвар, вазъи авзо ва тарафдорони ТЭТ ҲНИ будааст. Ӯ мисли шахси ватанфурӯш (ин амалро дигар хел номидан мумкин нест) Тоҷикистон ва давлатии онро дар назди дигарон бадном намудааст. Аввал ин, ки дар Тоҷикистон аллакай чунин ҳизб вуҷуд надорад. Аз тарафи Суди Олии ҶТ мамнӯъ гашатани ҲНИ айби давлати Тоҷикистон нест. Бигзор ҷаноби Кабирӣ аз худ ва аъзоёни ҳизби мамнӯъи худ домангир шавад. Дигар ин, ки бигзор масъулини Аврупо аз вазъи Тоҷикистон нигаронӣ накунанд. Тоҷикистон Ватани мост ва барои таъмини сулҳу ваҳдат халқи тоҷик ва давлати пойбарҷои Тоҷикистон аз тамоми имкониятҳои худ истифода хоҳад бурд.        Мехостем аз масъулини  Аврупои пурсон шавем, ки он амалҳои аз ҷониби намондагони “ватандўстӣ” ҲНИ дар Тоҷикистон рух дод, агар дар ватани онҳо ба амал меомад,  давлатҳои шомили Иттиҳоди Аврупо ба мисли Олмону Шветсария магар сари ифротгароёнро “сила” мекарданд. Ҳеҷ гоҳ! Пас барои чӣ онҳо ба суханони Кабирӣ гӯш дода, аз вазъияти Тоҷикистон изҳори нигаронӣ менамоянд.

Ҷаноби Кабирӣ мегӯяд, ки ӯ тарафдори сулҳу субботи Тоҷикистон аст. Ин дуруғи маҳз аст. Агар ӯ ва тарафдоронаш бегуноҳ бошанд, барои чӣ аз ватан фирор намуданд? Ӯ боз дар бораи таҳлилу таҳлилгарони  вазъи иҷтимоиву сиёсии Осиёи марказӣ ва Тоҷикистон сухан мегӯяд.   Афсӯс, ки М. Кабирӣ ному насаби ин таҳлилгарон ба забон намегирад. Мо такроран ба ин ҷаноб гӯшрас менамоем, аз таҳлилҳои коршиносони хориҷи эҳтиёт бошанд. Дар гузаштаи на он қадар дур ин ба ном “таҳлилгарон”-и  зархарид (шояд онҳоро таҳмилгарон гуфтан ҷоиз бошад) вазъияти ҷомеаҳои якқатор давлатҳои Араб, Африқо ва Украинаро ба таври худ “таҳлил” карда буданд ва бубинед, ки имрӯз ин ҷомеаҳо ба кадом рӯзи сиёҳ гирифтор шуданд. Таҳлилгарони хориҷӣ ҳеҷ гоҳ манфиатҳои миллии моро, аз он ҷумла манфиатҳои аъзоёни ҲНИ-ро дифоъ намекунанд, онҳо аз паи  амали гардонидани манфиатҳои абарқудратҳо дар ин ё он давлат мебошанд. Ин ё он ҳизб ё созмон бошад, дар дасти онҳо лӯхтакеро мемонад, ки чи тавр хоҳанд ҳамон тавр бозӣ медоронанд.  Рафторҳои ахирини М. Кабирӣ ин чизро бори дигар исбот намуд.

Дар хулоса ҳамин чизро таъкид менамоям, ки мамнӯъ гаштани ҲНИ айби давлати Тоҷикистон нест, балки аъмоли ҷинояткоронаи  аъзоёни Шӯрои сиёсӣ ва аъзоёни ҲНИТ мебошад. Аз давлати Тоҷикистон домангир нашавед, айбатонро дар худ ҷӯед, мӯҳтарам М. Кабирӣ!

 

И Зокиров, устоди кафедраи дизайн ва меъмории ДПДТТ

 

 

Таъсис ва ташкили созмони ба ном «Паймони миллӣ», ки дар Варшава, пойтахти Лаҳистон рӯи кор омад, моро ҳушдор месозад, то аз ҳифозати Ватан, марзу буми он, оромиву осудагии кишвар бори дигар андеша намоем, нагузорем, то хоинони Ватан, ба мисли Муҳиддин Кабирӣ, Шарофиддин Гадоев, Илҳом Ёқубзода ва Алим Шерзамонов  мардуми мо, алалхусус, ҷавононро ба доми фиреби хеш мекашанд, ҳар лаҳза эшонро ба хештаншиносӣ, арҷгузорӣ ба Ватани худ, ки ин ҷо хуни нофи онҳо рехтааст, садоқат ба Меҳани азиз даъват намоем!

Имрӯз, ки арзиши асосӣ ва муҳимтарин меъёри давлатдорӣ адолати иҷтимоӣ маҳсуб меёбад ва маҳз ин вижагӣ маҳаки асосии фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ мегардад, бояд дар атрофи сарвари ин давлати ҳуқуқбунёд ҷамъ оем, бо ҳам кишварро ободу хуррам гардонем ва аз ҳаёти босаодати хеш шукргузор бошем, зеро мазмуну моҳияти кору пайкори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари давлат ва пешвои халқ адлу инсоф ва ғамхорӣ дар ҳаққи мардум аст.

Намунаи беназири он мулоқоти Раиси кишвар бо мардуми Бадахшони Кӯҳӣ ба шумор меояд, ки санаҳои 14,15-16.09.2018 баргузор гардид.

Меҳрубонию ғамхории Сарвари давлат ба аҳли ҷомеа беҳадду канор аст. Андеша, суханрониҳои адолатпарвари Эшон ба пири фартут ҳам ҷавонӣ ато менамояд. Гумон дорем, изҳороти мо, дар мавриди маҳкум намудани ҳаракат, андеша ва рафтори нопоки чанд тан аз зархаридони миллати тоҷик зуҳуроти адолат аст, то онҳо дар зиндагии хеш роҳи дурустро дарёбанд. Дар роҳи адолату садоқат, накӯкорӣ ва башардӯстӣ пайваста ташаббус нишон диҳанд, зеро зода ва парвардагони сарзамини Тоҷикистон ҳастанд.

 

Таи рӯзҳои охир тавассути оинаи нилгун ва расонаҳои хабарӣ огаҳӣ  пайдо намудем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомоалӣ  Раҳмон дар вилояти мухтори Кӯҳистони  Бадахшон сафари корӣ  анҷом додаанд. Тавре ба мо маълум шуд, дар сафар Сарвари давлат дар шаҳру ноҳияҳои вилояти мазкур ба кушодашавии чанде аз корхонаву макотиб, корхонаҳои иқтидорашон хурду миёна ширкат варзида, онҳоро ба истифода доданд. Аз ҷумла дастоварди калони  замони истиқлолият, маросими ба истифода супоридани Донишгоҳи Осиёи Миёна низ бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат сурат гирифт.

Мо, мардуми тоҷик, ки аз азал илмдӯсту маорифпарвар, ҳамчун вориси арзандаи Аҳмади Дониш то ба имрӯз мерос овардем. Аз ин лиҳоз таҳти ҳидояти Пешвои муаззами миллат пеш аз ҳама дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар ба соҳаи маориф бештар таваҷҷӯҳ зоҳир менамоянд, ки ин бевосита барои пешрафии маънавиёти мардум заминаи мусоид аст.

Аз чеҳраҳои хушнудии мардумони Бадахшон хурду бузург бараъло маълум буд, ки то чи андоза аз ташрифи Пешвои миллат хурсанду шод буданд. Тӯҳфаҳои сарвари давлатро бо хурсандӣ пазируфта, васфи эшонро аз таҳти дил ситоиш намуданд. Аз ҳама ифтихормандии бузург дар он аст, ки имрӯз мардуми ориёитабори мо, бо ҳисси баланди сарфарозӣ  аз доштани чунин як Пешвои муаззам, марди оқилу доно хушбахтанд. Ҳангоми суханронии Сарвари давлат, тамоми мардум ҳамчун мояи ифтихор ба по хеста, кафкӯбӣ мекарданд.

Маҳз нуқтаи асосии навиштани ин матн низ дар ҳамин ниҳон аст, зеро чанде пеш бо изҳороти роҳбарият ва намояндагони ТЭТ ҲНИ ошноӣ  пайдо намуда, барои ифшои изҳорот ба ҳоли эшон бисёр «нигарон» шудам. Бовар кунед, Кабирӣ   ва намояндагони ӯ маълум аст, ки аз бечорагии беш чи кор карданашонро надониста истодаанд. Бинед, ҳатто САҲА замоне розшунавӣ  онҳо буд. Ҳоло нияти дасткашҳӣ аз иштироки онҳо дорад. Имрӯз ин созмон фаҳмид, ки ин ташкилот бо омода намудани террористон машғул аст. Зеро онҳо дар назди ҳамаи иштирокчиёни конфронс идао намуданд, ки онҳо давомдиҳандагони босмачиёни ҷангталабанд ва то метавонанд дар даъвои худ содиқ мемонанд. Аз ин рӯ қарор кард, ки минбаъд иштироки онҳоро дар конфронс иҷозат нахоҳад дод. Ба Кабирӣ  ва намояндагонаш мегӯям, ки аввал гурезаи хок шудед, баъдан аз конфронс ронда шудед. Акунун равед ба он бошишгоҳи хоҷагони фармондеҳ, ҳозир то он ки мақсади нопокашон амалӣ  шавад бо фатиру ҳалво меҳмон мекунанд, ҳамин ки шуморо истифода карданд, бовар кунед аз он ҷо низ ронда хоҳед шуд.

Маълум аст, ки бо ҳидоятҳои хоҷагон ё бо ҳисси бадбинии ботинатон бошад, эҳтироми мардумонро ба Пешвояшон нахостед, дар умум тақлид намудед. Чӣ  дигар мавзӯи актуалӣ  набуд, магар?

Мардуми бомаданияти тоҷик аз тамоми он заҳаматҳои шабонарӯзии Сарвари давлат бохабаранд, ки барои некӯаҳолии мардум чӣ тадбирҳоро ба роҳ монданд. Ин аст, ки бо ҳисси эҳтироми воло ва арҷгузорӣ ба меҳнати софдилонаи Сарвари давлат, ба ҳар як нуқтаи сухани эшон кафкӯбӣ  намуда, аз ҷой бархостанд.

Ин масъала низ яктараф, марги Санавбар Раҷабов, ки ӯ худ бо амри тақдир маризии сактаи дил дошта, вафот кардааст, даъво доштанд, ки сабаби ба вуқӯъ пайвастани ин ҳодиса дар он аст, ки роҳ баста буду ӯ реҳлат кард.

Тамоми мардуми вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шод аз онанд, ки ташрифи Пешво ба хонадони ҳар кадоми онҳо фараҳу шодӣ  овардаст. Зеро ба истифода додани мактабҳои боҳашамат ва ифтитоҳи ДОМ тӯҳфаи арзандаи Ҳукумати кишар, ширкати Оғохон ва махсусан Пешвои миллат аст.

Раҳимова Алия Раҳимовна, номзади илмҳои химия, дотсент

 

Имруз аз ҷониби бархе душманони миллати тоҷик, ки пешрави ва осудаҳолии мардуми сарбаланди Точикистонро намехоҳанд суханони ноҷо ва фирефтакунандаву гумроҳсозандаро  пахш карда истодаанд ва инҳо фикр мекунанд, ки  муввафақ мешаванд аз он бехабаранд, ки барои худашон чоҳ канда истодаанд. Ин бешарафон бо роҳбарии   раиси ХНИ-и террористӣ  Муҳидин Кабири, имруз ба ҳамон найрангиҳои худ барои  маблағи муфт  гирифтан чунин кирдору амалҳои нобахшиданиро иҷро карда истодаанд.

Вале фаромуш набояд кард, ки тамоми мардуми Тоҷикистон  хурду бузург ин амалҳои нопоки онҳоро маҳкум карда хеҷ гоҳ ва ҳеҷ вақт намегузорад, ки ин амалҳои хоинонаи онҳо  фазои софу беғуборӣ Ватанамонро халалдор созад.

Ин шахсиятҳое, бо хоҷагони хеш ва зархаридҳои  худ  садоқат нишон медиҳанд, дар кунҷи дилашон нисбати меҳан заррае меҳр надоранд. Онҳо  аз он бехабаранд, ки мардуми тоҷик  ватан, модар, замини зархез, оби мусаффо, ки ҷаҳон аз ин ифтихор дорад ва Пешвои миллат доранд, ки аз ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз наметарсанд ва аз ҳеҷ чиз ҳаросе надоранд  ва танҳо  мегуянд, ки ин сагҳои палид несту нобуд гарданд ва дар назди қонун ҷавоб гуянд.

Ин амалҳои нопоки онҳоро ҷомеаи ҷаҳони низ маҳкум мекунанд.