Президенти мамлакат дар ҳамаи мулоқоту паём ва баромадҳояшон иброз менамоянд, ки бояд мо, ҷавонон зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, ҳама вақт кӯшиш намоем, ки ин Ватанро азизу муқаддас нигоҳ дошта, аз ҳамаи оризаҳои нопоку ғаразнок эмин дорем, баҳри вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ дар самти тараққиёти мамлакат саҳми сазовори хешро ба ҳайси як шаҳрванди ватандӯсту худогоҳ гузошта бошем. Нагузорем, ки пойи, нохалафе ин сарзаминро олудаи бадиҳо гардонад. Ба ҳамин хотир, ҳар як лаҳза дар фикри он бошем, ки диёрамон ободу зебо ва гулгулшукуфон бошад. Инчунин дар баромадҳои пешвои миллат  доимо дарҷ мегардад, ки мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, барои пойдории миллати хеш рӯ ба сӯи муроду мақсад қадамҳои устувороне гузорем.Агар мо имрӯз сиёсати кунунии давлатамонро ҳифзу ҳимоя намоем, ҳеҷ гоҳ гирифтори ҳолати ногуворе, ки давлати морро табоҳ созад,нахоҳем гашт.

Қарни 21 айёми гулгулшукуфоӣ ва тараққиёти илму техника  буда, моро водор менамояд, ки дониши худро баланд бардорем ва барои гулгулшукуфоии Тоҷикистони озоду соҳибстиқлол ҳиссагузор бошем. Пеш аз ҳама дар пеши мо вазифаи аз ҳама муқаддас муҳофизати марзу буми кишвари азизамон- Тоҷикистон истодааст, ки мо бояд зиракии сиёсии хешро боло бардорем ва нагузорем, ки ҳаргуна афроди зишт ба монанди ғояҳои ҳизби ба номи террористиву экстремистии наҳзати ислом дар шуури мо ақидаҳои номатлуби терроризм ва экстремизимро ҷой диҳад.

Дар шароити имрӯза ҷаҳонишавӣ  имконияти бузурги пешрафт ва дар айни замон таҳдидҳои ҷиддӣ  ва ҷадидро ба ҳаёти инсоният ворид сохта истодааст. Давлатҳои абарқудрат ба хотири манфиатҳои иқтисодиву сиёсӣ давлатҳои аз лиҳози сиёси сустарро майдони ҳарбу зарб табдил дода, бар замми даромадҳои азими иқтисодӣ аз ҳисоби нафту газ ҳамчунин яроқу силоҳу худро ба таъбири халқӣ «ба пул зада истодаанд».

Дар ҷаҳони муосир ҳисси ҷоҳталабона ва манфиатхоҳонаи гурӯҳҳои алоҳида, ки бо назардошти манфиатҳои геополитикии кишварҳои абарқудрат барои пиёда карда ҳадафҳои носозгор равона гардидаанд, боиси харобиҳо ва аланга гирифтани ҷангҳои дохилӣ гардида истодаанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикситон, ки дар оғози даҳсолаи охири асри гузашта ба майдони ҷангу оташ табдил ёфта буд, кам нест инсонҳое, ки зери парчами ислом ҷавонони ноогоҳу фирефташударо ба доми худ андохта, бо маслиҳати хоҷагонашон мехоҳанд бори дигар ҳамон саҳнаи хунини охири асри ХХ-ро аз нав такрор кунанд. Терроризм дар ҷаҳони муосир яке аз василаҳои санҷидашудае мебошад, ки ба дар мубориза ба он манфиатхоҳон сиёсати духӯраро пеш гирифтаанд, ки ин албатта як мушкилотеро барои рушди кишварҳо дар замони муосир эҷод мекунад. Бо ишорат ба ин матлаб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвоми миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикситон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳамон дар Паёмашон таъкид намуданд, ки: «Вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид.Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт.Воқеият чунин аст, ки ҷӯрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд.»

Ислом ба зоти худ надорад айбе,

Ҳар айб ки ҳаст, дар мусулмонии мост.

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократию дунявӣ буда, барои таъсис ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ тариқи қонунӣ шароити мусоид фароҳам овардааст. Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон то рӯзҳои наздик ҳамчун ҳизби эътироф гардида, фаъолият бурда рӯи рост ва бо роҳи пинҳонӣ ба амнияту сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдидҳо ва ищвогарии зиёд менамуд. Баъди ҳодисаҳои аввали моҳи сентябри соли ҷорӣ, террористӣ ва экстимистӣ будани ин ҳизб аз ҷониби Прокуратураи Генералӣ ва Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон исбот карда шуд.

Мехостам андешае чанд перомуни мақсад, ният ва ҳадафҳои сарварон, ҷонибдорон  ва пайравони ҲНИТ сухане арза дошта бошам. Бешак ҳамаи мардуми мо бошандагони Тоҷикистони азиз мусулмонанду ва ба дини муқаддаси ислом эътиқод ва пайравӣ доранд.

Ҷаҳони имрӯза пур аз ҳодисаю воқеаҳои сиёсӣ буда, дар раванди ҷаҳонишавӣ он тамоми халқу миллатҳоро фаро мегирад. Экстремизм ё ифротгароӣ яке аз падидаҳои сиёсии ҷаҳони муосир буда, мубориза бар зидди он дар охири асри гузашта ба дараҷаи масоили умуми башарӣ табдил гашта буд. Ақидаҳои ифротӣ тавассути созмонҳои гуногун паҳн гашта, шаклҳоии мухталиф дорад. Ифротгароӣ шакли фаъолияти сиёсиест, ки принсипи демократияи парламентиро рад карда, ба мафкураю амалияи бетаҳаммулӣ, антисемитизм ва миллатгароии ашаддӣ асос меёбад.

      Дар рӯзномаи «Согдийская Правда» (24 ноябри соли 2017) мақолаи муфассале таҳти унвони «Шоҳиди зиндаи бедодии ҲНИТ» чоп гардид. Дар он сӯҳбати Сияҳаков С.Ш. - яке аз роҳбарони САМНИТ (ниҳоди амнияти ИНОТ) дар солҳои 90-ум асри гузашта оид ба фаъолияти тахрибкоронаи ҲНИТ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон оварда шудааст.

Мо-устодони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, ки дар фазои сулҳу оромӣ бо истифода аз шароитҳои мусоиди таълимӣ ба шогирдон дарс мегӯем, аз он изҳори ташвиш дорем, ки ҳоло низ дар ҷомеа мисли «ҳизб»-и Шумоён гуруҳҳое мавҷуданд, ки мехоҳанд ба оромӣ ва пешрафти кишварамон халал ворид созанд. Он навиштаҳои бӯҳтонангез ва изҳороти бе сару нӯги дастандаркоронатон бо истифода аз минбарҳои моҷароҷӯй имрӯз наметавонад иродаи халқи ваҳдатшиори кишварамонро шиканад. 

 

Вақте маводи мазкурро омодаи навиштан будам, ба хотирам суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо зиёиёни кишвар омад. Он кас қайд карда буданд, ки имрӯз дар ҷомеа эҳтиром нисбати муллоҳо афзудааст, аммо қадру манзалати оне, ки умре пайи таълиму тарбияи фарзандон аст, ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтааст. Воқеан ҳам, ин гуфтаҳои Сарвари давлат ҷон дорад. Ба маъракае даъват шудам. Анбӯҳи одамон паси дарвозаи маъракадор сарҷамъ буданд. Аз вақти таъин намудани ба истилоҳи мардум «зиёфат» ним соат гузашта бошад ҳам, касе ба даруни хона даромаданӣ набуд. Чун сабаб пурсидем, маълум гардид, ки домуллои маҳалла дар маъракаи дигар будаасту ҳамин замон омада мемондааст. Ниҳоят домуллои маҳалла бо як мошинаи гаронарзише назди дарвозаи маъракадор омада таваққуф намуд. Чун нек назар кардам, ӯ ба синну сол тахмин 40-45-сола менамуд. Аммо ришҳои мондаву либоси дарози ба домуллоҳо хос ӯро аз будаш калонсолтар мекард. Домулло бо карру фар аз даъватшудагон пеш вориди хона шуда, дар ҷойи аз ҳама боло рафта нишаст ва бо хондани яке аз оятҳои каломи раббонӣ ҳозиринро ба хӯрдан даъват кард. Шояд ин амал як ҳодисаи маъмул дар ҳоли ҳозир бошад, аммо бароям чунин рафтори домулло писанд наомад. Зеро дар ин маърака нафароне ҳам ҳузур доштанд, ки ҳам ба синну сол ва ҳам аз рӯи обрӯ ва нуфуз аз ин домулло боло меистоданд. Ҳатто марде, ки дар назди ман буд, худро омӯзгори деҳа муаррифӣ намуд, бо ифтихор шогирдаш будани домуллоро қайд кард. Ва ин ҷавони аз илми шариат бархӯрдор мебоист онҳоро аз худ пеш гузаронида, баъд медаромад. Баъдан дар ҳаққи маъракадор ӯ неву шахси калонсолтар дуо мегуфт. Зимни тановули хӯрок ӯ аз аҳкоми шариат ёд карда, ҳатто бузургтарин парастиши Худовандро дар эъзозу икроми волидон ва дар сурати реҳлати онҳо дӯстони наздики онҳо донист, аммо худ ба оддитарин одобу ахлоқи инсонӣ риоя накард.

Хулоса, аз ин зиёфати ошноям ошуфтаву малулхотир берун шудам ва ба худ андешидам, ки чаро имрӯз обрӯ ва мартабаи домуллоҳо баланд шудаасту муаллимро, ҳамон тавре ки пештар ҳурмат мекарданд, имрӯз эҳтиром намекунанд ва азиз намедоранд.

Аз рӯи нақли модаркалонам, ки чанд сол пеш аз ин ҷаҳонро реҳлат кардаанд, дар замони шӯравӣ, ки хондани намозу ба масҷид рафтан манъ буд, «одамони кӯҳна» намозашонро мехонданд, аммо касеро талқин намекарданд. Аз амнияти худ метарсиданд. Чунин даъватҳои ошкоро аввалҳои  соли навадум ба қавле «мӯд» шуданд.  Дар хотирам аст, ки мо, толибилмони мактаб аз рӯи таассуб бошад ё бо амри дил аз волидонамон хоҳиш мекардем, ки ба мактаби шабонаи омӯзиши динӣ равем. Онҳо низ ба хотири гирифтани дониши динӣ ба иқдоми мо розӣ шуда буданд. Ду домулло ба мо аз фанни «муаллими сонӣ» дарс мегуфтанд. Аҷибаш он, ки ин домуллоҳоро, ки ба «дониши мукаммалашон» он вақт сахт эътимод доштем, ҳар шаб сари хони густурдаи яке аз шунавандагон ба мо дарс мегуфтанд. Яъне, бар замми ҳаққи хизматашон мо бояд бо навбат онҳоро меҳмондорӣ мекардем. Хулоса, аз ин домуллотарошон, ки худро аз муридони олими  равоншод Саид Абдулло Нурӣ муаррифӣ мекарданд, чизеро наомӯхта, онҳо ба якборагӣ щайб заданд. Дар он солҳо даҳҳо домуллоҳое буданд, ки худро шогирди ин олими бузурги дин эълон намуда, эҳсосоти мардумро бар манфиати хеш истифода мебурданд. Ва онҳое ки имрӯз қадре аз ин илми исломшиносӣ огаҳӣ пайдо кардаанд, бо дамандозиву фотеҳа ба фотеҳа гаштан ҳам кисаҳояшонро пур мекунанду ҳам шикамашонро.

Манзури овардани ин мисолҳо дар чӣ буд? Ман аз он дар шигифтам: мардуми мо то куҷо кутоҳназаранд, ки кӯдаки беморро ба умеди шифоёбӣ аввал ба шифохона неву ба даргоҳи мулло мебаранд, то  дам андозаду кӯдак шифо ёбад. Чун ҳолати бемор вазнин мешавад, баъд ба беморхона мебаранд. Агар кӯдак шифо наёбад, аз гиребони табиб мегиранд. Аммо то ҳол ба мушоҳида нарасидааст, ки касе аз домулло сабаби шифо наёфтани фарзандашро пурсон шавад.

 Имрӯз шумораи домуллоҳо дар ҷомеа бамаротиб афзудааст. Чаро чунин аст? Аввал ин ки тавре дар боло ишора шуд, ба домуллоҳо ҷомеа бештар таваҷҷӯҳ доранд, сониян набудани касбу кор иддае аз ҷавонони моро водор мекунад, ки даст ба домуллогӣ зананду нони беминнате ёбанд. Дар ин самт ба ақидае бархе розиам, ки мегӯянд: «садоқат ба илму касбомӯзӣ нуфузи муллоҳоро кам мекунад». Зеро ҷавони дар даст касбдошта  ҳаргиз дар фикри домуллогӣ нестанд ва нахоҳанд шуд.

Сардори давлатамон дар чандин баромадҳои худ таъкид намудаанд, ки муллогӣ касб нест. Агар мақсад омӯзиши илми шариат бошад, айни замон қариб дар тамоми шаҳру ноҳияҳо мадрасаҳои исломӣ фаъолият мебаранд. Барои омӯзонидани наврасон бошад, дар назди аксарияти масҷидҳои ҷомеъ мактабҳои ибтидоии аз қайди давлатӣ гузашта мавҷуданд.

Одатан мардуми мо мулло гуфта, шахсеро мефаҳмид, ки ба монанди муаллим роҳнамо ва тарбиятгари аҳли ҷомеа бошад. Ҳатто имрӯз ҳам, одамони калонсол ба нишони эҳтиром ба муаллимон «домулло»- гӯён муроҷиат менамоянд. Мутаассифона, рафтору амали бисёрии муллоҳои навбаромад ба ин талабот ҷавоб намедиҳад. Муллогӣ на роҳнамоиву ҳидоят, балки воситаи рӯзгузаронию сарватҷамъкунӣ барои онҳо шудааст.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки шахси хонда ва бомаърифат ҳаргиз духтурро монда, ба пеши мулло намеравад. Ҳамчунин, тавре ки болотар таъкид намудем, рӯ ба омӯзиши касбу ҳунар ва меҳнати ҳалол овардан ҷавононро ба созандагию бунёдкорӣ таҳрик менамояд.  Бо ибораи дигар, онҳо бахти худро дар меҳнат меҷӯянд, шариатро аз хурофот фарқ карда, динро ҳамчун худошиносӣ ва наздикшавӣ ба асли худ истифода мебаранд.

Бадбахтӣ дар он аст, ки дар замони имрӯза бисёр падару модарон рисолати азалии худро ба ҷо намеоранд ва боз аз мактабу маориф домангир ҳастанд. Ин гуна волидон гоҳо худашон дидаву дониста фарзандонашонро шогирди муллотарошон мекунанд, ки на ҳама вақт оқибати хуб медиҳад.

Аз рӯи маълумотҳо айни замон зиёда аз 300 нафар ҳамватанони мо дар Сурия «ҷиҳод» мекунанд. Ҳамаи онҳо шогирдони чунин муллоҳои ифротгаро ҳастанд ё худашон ба чунин дараҷа расидаанд. Ҷиҳоди онҳо танҳо барои нафс ва молу сарват аст. Агар мақсад ризо кардани парвардигор бошад, онҳо метавонистанд дар Ватани худ гӯшаеро обод намуда, дастгири ниёзмандон бошанд.

Чунин ҳолат дар гузашта низ ба мушоҳида расида, боиси нигаронии равшанфикрон шуда будааст. Аз ин ҷост, ки шоир Фахрии Рӯмонӣ мегӯяд:

Ҳар гову харе, ки соҳиби дунё шуд,

Дар маъракаҳо ҷои вай аз боло шуд.

Норафта ба мактабу наомӯхта сухан,

Аз каҷравии замона домулло шуд.

Мутааассифона, имрӯз айнан чунин ҳолат дар ҷомеаи мо ба назар мерасад. Бояд ҳамагӣ аз паи ислоҳи он шавем ва насли наврасу ҷавонро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намоем.

Абдусабури Абдуваҳҳоб, рӯзноманигор