Мусоҳибаи Муҳиддин Кабирӣ бо хабарнигоре, ки чанд рӯз пеш дар шабакаи байналмилалии интернет паҳн шуд, ба ёдам як ҳикоятеро овард. Устоде бо ҷамъи шогирдон аз кӯчае мегузаштанд, ки дар гӯшае саге мурдааст. Ва бӯи ғализи он атрофу акнофро паҳн кардааст. Шогирдон чун ба ин саг наздик шуданд, ҳамагӣ нафасҳояшонро муддате маҳкам карданд, аммо устодашон баръакс ба саг наздик шуда, лабонаш моили табассум шуд. Шогирдон аз ин рафтори устод дар ҳайрат шуда, савол доданд, ки чаро ба саги мурдаи бадбӯй наздик шуда боз хандидед, магар дилатон беҳузур нашуд? Устод дар ҷавоб гуфт: медонед, дандони саг онқадар пурҷилост, ки аз нури офтоб боз зеботар гардидааст. Шогирдони азизам, ба ҳар чизи нохуб бо назари нек нигаред, хубиашро қабул кунеду аз бадиаш ҳазар кунед.

Ба арсаи сиёсӣ омадани ҳизбе ба номи исломӣ тақозои замон буд ва ин ҳизб дар ҷомеа рисолати худро анҷом дод. Яъне, бо гузашти ба қавли худашон беш аз 40 сол дигар ҷомеа ниёз ба Ҳизби наҳзати исломӣ надорад. Аммо саркардагону масъулини онҳо ҳанӯз ҳам шиори «охирин уммеди ин умедворон зинда бод»-ро сармашқи кори худ қарор дода, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал меоранд, ки ба онҳо барои идома додани фаъолият иҷозат диҳанд. Аммо ин нафарон намеандешанд, ки халқи заршинос вуҷуд доштани онҳоро намепазирад, зеро  аз исломгароии сохтаи наҳзатиён хаста шудаанд. Онҳо дарк карданд, ки воқеаҳои нангини солҳои навадум боз такрор мешавад, агар наҳзатиён фаъолияташонро идома диҳанд.

Худ дар мизони андеша баркашед. Ин ҳизб чӣ мехост? Қудрат ва тавоноӣ, дар фарҳанги маънавии мардум маҷбуран таҳмил кардани таассубу хурофотпарстӣ ва ахиран террору экстримизм. Магар ҳодисаҳои давлатҳои арабӣ, Афғону Покистон барои мо дарси ибрат нест. Пас ин мардуми ваҳдатшиор ҳадафмандона будани ин ҳизбро инкор намуд. Хубиаш он аст, ки мардум кӣ дӯсту ки душманро дар симои ҳамин ҳизб фаҳмида гирифт.

Воизону муаббирони наҳзатӣ дар оғози изҳороти худ гӯиё мардумро тарсониданӣ мешаванд, ки агар «ҳуқуқи наҳзатиён поймол шавад, хатари ҷанги бародаркуш сар мезанад», аммо ин «воломақом»-ҳо боре ҳам намеандешанд, ки дигар мардум сабукбор нестанд, дар мағз-мағзи устухонашон ҷароҳатҳои ҷанги бародаркушро эҳсос кардаанд. Ва идома ёфтани ин қувва баръакс хатари ҷанги шаҳрвандиро шиддатнок менамоянд. Онҳо даъво пеш меоранд, ки ҳодисаҳои моҳи сентябри соли гузашта кори дасти наҳзатиён нест, аммо воқеияти ҳол нишон дод, ки Кабирӣ бо ҷамъи ёронаш бо фармоиши хоҷагони беруниаш ва маблағҳои ҳангуфт мехостанд дар кишвар табадуллоти давлатӣ барпо кунанд, магар ин исботи гуфтаҳои болоӣ нест. Ягон қувва ва ирода наметавонад  ҳуқуқ ва манофеи шаҳрвандони кишварро нақз намояд. Намедонам аз кадом сарчашма гирифтаанд, ки мақомоти низомии кишвар ба оилаҳои роҳбарони ин ҳизб ҷабру ситам мекунанд. Ҷоҳилият дар зиндонҳои кишвар ҳукмфармо аст.  Ин ҳама дурӯғи маҳз буда, баръакс  аз ин нафарон хоҳиш карда шуд, ки ба ҳаёти солим баргарданд ва зиндагиро бо чашми ҳақбин нигоҳ кунанд. Замоне аъзои ин ҳизб будан ҳеҷ маънои душмани халқу давлат буданро надорад. Чунки тавре аз мушоҳидаҳо ва назарпурсиҳо бармеояд, аксари аъзои ҲНИТ он нафароне ки худ намедонанд, ки шомили ин ҳизб ҳастанд.

Ҷомеаи имрӯзаи мо ҷомеаи ободу озод аст. Касе ки қонунҳои кишварро риоя мекунад, ӯ зиндагии осудаҳолона дорад. Ба рӯяш мактабу масҷидҳо кушодааст. Хонад, маърифатнок шавад. Онҳо аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдат- Пешвои миллат интиқод карда, чунин болоназар будани Сарвари муаззами кишварро чашми дидан надоранд. Чашми ҳасуд кӯр аст. Магар роҳбари давлат сазовори чунин баҳо нест, дар ҳоле ки миллат ба ҳадди нестӣ мерасид, маҳз ӯ ҷон ба каф гирифт ва масулияти дирӯзу имрӯзи кишварро бар дӯш гирифт. Мулкро тинҷ кард, кинву кудуратро аз дили размандагон берун сохт ба гузашта салавот гуфт. Бо гузашти беш аз 24 сол танҳо барои ободӣ ва беҳдошти рӯзгори мардум кӯшиш варзид. Халқи тоҷикро ба оламиён чун миллати соҳибтамаддун ва фарҳангофар муаррифӣ кард. Халқ худ ӯро ҳомӣ ва пешвои худ интихоб кард. Ботини Сарвари давлат, ки пок аст ҳамвора кишварамон пеш меравад.

Мо имрӯз ба шарофати сиёсати ояндабинонаи роҳбари муаззами кишвар  ба натиҷаҳои назаррас ноил шуда истодаем.  Ва ин ҳама ободиро аз самараи меҳнати ҳалол ва тинҷиву оромии кишвар дида истодаем.

Мо фарзандони содиқи Ватанем ва ҳаргиз намегузорем, ки идеяи бегона мафкураи моро пойбанди ифротгароӣ гардонад. Зеро фардои ин миллат бо Сарвари оқилу донояш дурахшон аст.

 

Турсун Холматов,  устоди ДПДТТ

 

Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Оқилзода ва гуруҳи тарғиботӣ бо роҳбарии Дилафрӯз Саидӣ - директори Донишкадаи политехникии ДТТ ба номи М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, мулоқоти судманд бо сокинони ноҳия баргузор гардид, ки ҳадаф аз он ташвиқи нуктаҳои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фаҳмонидани самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати мамлакат барои имрӯзу оянда таъкид гардид

Нахуст раиси ноҳияи Мастчоҳ Ғайрат Азиззода доир ба муҳтавои ҷаласа маълумот дода, меҳмонон ва аъзои ҳайати гуруҳи тарғиботиро муаррифӣ намуд. Раиси ноҳия зимни муқаддимаи кутоҳ оид ба Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози андеша намуда, таъкид кард, ки ин навбат низ Президенти кишвар бо муҳаббат ба халқу миллати тоҷик роҳҳои боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии шаҳрвандонро нишон дода, барои рушди ҳамаи соҳаҳо дастури мушаххасу муфид ироа карданд.

Нурулло Оқилзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни маърузаи пурмуҳтаво оид ба дастовардҳои муҳимтарини Ҳукумати кишвар бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаҳои бузурги дар Паёми навбатӣ қайдгардида изҳори назар карда, иброз намуд, ки Паёми Пешвои миллат яке аз муҳимтарини асноди рушди мамлакат буда, барои имрӯзу ояндаи беҳтар заминаи устувор мегузорад.

Сипас Дилафрӯз Саидӣ - роҳбари гуруҳи тарғиботӣ ва узви ҳайати мазкур Тайиба Бобоева низ оид ба Паёми Пешвои миллат ва нукоти муҳимтарини он андешаҳои худро иброз намуданд.

Дар вохӯрии мазкур роҳбарони ҳамаи сохтору ташкилоти ноҳиявӣ, масъулини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, уламои дин, зиёиён, намояндагони ВАО, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, дар маҷмуъ беш аз 400 нафар сокинони дорои касбу кори гуногун иштирок доштанд.

"Нигоҳи халқ"

Мутаассифона,  алҳол роҳбарон ва пайравони ҲНИТ дар хориҷи кишвар фаъолияти зиддидавлатии худро фаъолона идома медиҳанд. Зиёда аз он  ба муборизаи ошкоро зидди давлат ва ҳукумат даъват ба амал меоваранд. Пайваста сиёсати дохилӣ ва берунии ҳукумати Тоҷикистонро танқид намуда, танҳо камбудӣ  ва норасоии фаъолияти давлат мавриди муҳокимаи онҳо  қарор гирифтааст.  Онҳо  ободӣ ва рушди рӯзафзуни кишварро  эҳсос намекунанд ё дидан намехоҳанд. Мақсади асосӣ  дар байни мардум нооромӣ ва нобоварӣ нисбати сиёсати давлат ба амал овардан аст. Сарварони ҲНИТ ба ҳар ҳодисаву воқеа ва амалиёти дохил ва бурунмарзии кишвар нуқтаи назари боғарази худро баён намуда, мардумро ба иштибоҳ медароранд. Чунончи, оид ба муҳоҷирони тоҷик сухан ронда, тарки Ватан намудани  онҳоро аз дидгоҳи худ маънидод менамоянд. Ба ақидаи онҳо, бештари муҳоҷирон аз сиёсати давлат норозӣ шуда, кишварро тарк кардаанд. Инчунин, мисол меоваранд, ки бо чандин муҳоҷирони тоҷики ба Аврупо омада, суҳбат кардаанд ва онҳо гӯё оид ба фишору таъзиқи  ҳукумат шикоятҳо намудаанд  ва аз сиёсати давлат норозигӣ баён намудаанд. Пас аз  шиносоӣ аз даъвоҳои беасос  ва  дурӯғи  таблиғгарони ин ҳизб  шахс ба ҳайрат меояд, ки чаро онҳо аз ҳар як лаҳза ва ҳодисаи оддӣ проблемаи калони сиёсӣ сохта, мардумро ба иштибоҳ меандозанд.

Дар сӯҳбати як рассоми гурҷӣ, ки тифоқан тариқи вилояти мо ба ҷониби вилояти Оши Ҷумҳурии Қирғизистон сафар мекард, қарор доштам. Ӯ аз табиати афсонавии кишвари мо васф карда, мардумашро батолеъ унвон кард. Аз вазъи душвори геополитики ҷаҳон ёдовар  шуд ва қайд кард, ки ноамниҳои давлатҳои Ироқу Шом агар аз як ҷониб ба кишварҳои абарқудрат вобаста бошад, аз ҷониби дигар маҳз тангназарии худи мусулмонҳост. Ба андешаи ин марди сафардида, ки ними ҷаҳонро тавассути мусаввираҳояш тай кардааст, дар ҷаҳон як қувва ва нерӯе мавҷуд аст, ки мехоҳад заифии ин ё он давлат ва ё миллатро бар зидди ҳамон давлат муқобил гузорад.

Президенти мамлакат дар ҳамаи мулоқоту паём ва баромадҳояшон иброз менамоянд, ки бояд мо, ҷавонон зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, ҳама вақт кӯшиш намоем, ки ин Ватанро азизу муқаддас нигоҳ дошта, аз ҳамаи оризаҳои нопоку ғаразнок эмин дорем, баҳри вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ дар самти тараққиёти мамлакат саҳми сазовори хешро ба ҳайси як шаҳрванди ватандӯсту худогоҳ гузошта бошем. Нагузорем, ки пойи, нохалафе ин сарзаминро олудаи бадиҳо гардонад. Ба ҳамин хотир, ҳар як лаҳза дар фикри он бошем, ки диёрамон ободу зебо ва гулгулшукуфон бошад. Инчунин дар баромадҳои пешвои миллат  доимо дарҷ мегардад, ки мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, барои пойдории миллати хеш рӯ ба сӯи муроду мақсад қадамҳои устувороне гузорем.Агар мо имрӯз сиёсати кунунии давлатамонро ҳифзу ҳимоя намоем, ҳеҷ гоҳ гирифтори ҳолати ногуворе, ки давлати морро табоҳ созад,нахоҳем гашт.

Айни замон  таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи ҳар чӣ бештар бо донишу маърифати сиёсӣ ва улуми ҷамъиятшиносӣ фаро гирифтани ҷавонон  беандоза зиёд аст.   Бахусус,   “Соли ҷавонон” эълон шудани соли 2017 барои оғози марҳилаи тозаи  баррасии самтҳои фаъолияти ҷавонон ва таҷдиди назар ба барномаҳои таълимӣ дар ҳамаи шаклҳои таҳсилот дар арсаи ҷаҳонишавӣ шароити мусоиде фароҳам овард.

Қарни 21 айёми гулгулшукуфоӣ ва тараққиёти илму техника  буда, моро водор менамояд, ки дониши худро баланд бардорем ва барои гулгулшукуфоии Тоҷикистони озоду соҳибстиқлол ҳиссагузор бошем. Пеш аз ҳама дар пеши мо вазифаи аз ҳама муқаддас муҳофизати марзу буми кишвари азизамон- Тоҷикистон истодааст, ки мо бояд зиракии сиёсии хешро боло бардорем ва нагузорем, ки ҳаргуна афроди зишт ба монанди ғояҳои ҳизби ба номи террористиву экстремистии наҳзати ислом дар шуури мо ақидаҳои номатлуби терроризм ва экстремизимро ҷой диҳад.

Ба варзиш машғул шудан натанҳо гарави саломатист, балки инсонро аз ҳама гуна амалҳои ношоиста эмин медорад. Вобаста ба рушди варзиш дар сатҳи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар корҳои зиёде ба сомон расонида шудааст. Мулоқоти бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарон ҳама гуна мушкиливу муаммоҳои варзишгаронро ҳал намуд. Алҳол дар кишвар даҳҳо ҷоизадорони мусобиқаҳои сатҳи Аврупову Осиё ва ҷаҳонӣ кор ва зиндагӣ доранд.

Дар ҷаҳони муосир ҳисси ҷоҳталабона ва манфиатхоҳонаи гурӯҳҳои алоҳида, ки бо назардошти манфиатҳои геополитикии кишварҳои абарқудрат барои пиёда карда ҳадафҳои носозгор равона гардидаанд, боиси харобиҳо ва аланга гирифтани ҷангҳои дохилӣ гардида истодаанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикситон, ки дар оғози даҳсолаи охири асри гузашта ба майдони ҷангу оташ табдил ёфта буд, кам нест инсонҳое, ки зери парчами ислом ҷавонони ноогоҳу фирефташударо ба доми худ андохта, бо маслиҳати хоҷагонашон мехоҳанд бори дигар ҳамон саҳнаи хунини охири асри ХХ-ро аз нав такрор кунанд. Терроризм дар ҷаҳони муосир яке аз василаҳои санҷидашудае мебошад, ки ба дар мубориза ба он манфиатхоҳон сиёсати духӯраро пеш гирифтаанд, ки ин албатта як мушкилотеро барои рушди кишварҳо дар замони муосир эҷод мекунад. Бо ишорат ба ин матлаб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвоми миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикситон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳамон дар Паёмашон таъкид намуданд, ки: «Вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид.Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт.Воқеият чунин аст, ки ҷӯрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд.»

Аз баимзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ соли рафта 20- сол пур шуд. Ва тавре ҳолдонон мегӯянд, ҳамон қадаре, ки мо аз ин рӯзи босаодат дур шавем, ҳамон  андоза муҳимияту арзишмандии онро эҳсос менамоем. Расидан ба ин рӯзи саодат самараи талошу ҷонбозиҳои шахсиятҳои алоҳида ба мисоли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки имрӯз сокинони ваҳдатшиори кишварамон ин қаҳрамониҳои Сарвари давлатро арҷ мегузоранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократию дунявӣ буда, барои таъсис ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ тариқи қонунӣ шароити мусоид фароҳам овардааст. Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон то рӯзҳои наздик ҳамчун ҳизби эътироф гардида, фаъолият бурда рӯи рост ва бо роҳи пинҳонӣ ба амнияту сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдидҳо ва ищвогарии зиёд менамуд. Баъди ҳодисаҳои аввали моҳи сентябри соли ҷорӣ, террористӣ ва экстимистӣ будани ин ҳизб аз ҷониби Прокуратураи Генералӣ ва Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон исбот карда шуд.