Дар маҷлисгоҳи хурди Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо иқдоми кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ дар доираи таҷлили 30 юмин солгарди Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии устодону донишҷӯён бо вакили Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олӣ (даъвати 12 – ум ), устоди Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Бойпочо Фатҳиддинов доир гардид.

Чорабинро Усмон Ахмедов, муовини директори донишкада оид ба илм ва инноватсия кушода таъкид дошт, ки ифтиор мо аст, ки яке аз фаъолони вакилони Иҷлосияи тақдирсоз имрӯз паҳлӯи мо аз он рӯзҳои ҳассос ва калидии ҳаёти сиёсии кишвар нақлҳои ҷолиб мекунанд.

Бойпочо Фатҳиддинов зимни суханронӣ иброз доштанд, ки аввалан мехостам дар оғози сӯҳбат як нуктаи муҳимро қайд намоям. Мавҷи бозсозиву, ошкоргӯӣ ва демократия дар кишвари мо шурӯъ аз соли 1989 оғоз ёфта, бори нахуст интихоботи шаффоф ва демократӣ маҳз соли 1990 доир шуда буд. Далели гуфтаҳои болоӣ он аст, ки ман ва 16 нафари дигар ба ҳавзаи интихоботии № 8 ноҳияи Октябр (ҳозира ноҳияи Исмоили Сомонӣ) номзад пешбарӣ шуда будем. Аксари пешбаришудагон шахсиятҳои шинохтаи кишвар буданд. Дар натиҷаи таблиғи солим банда дар даври дуюми интихобот вакил интихоб шудам. Бояд гӯям,  он замон вакил интихоб шудан рисолати азимеро бар дӯш гирифтан буд, ки ман онро ҳар лаҳза эҳсос мекардам.Чун нооромиҳо дар кишварамон сар зад, аксаран гуноҳро бар сари вакилон таҳмил карданӣ шуданд. Таъқибу фишорварӣ ба авҷаш расид. Ҳатто ҳамкоронам ба хотири амниятам таклиф ҳам карданд, ки ба ҷойи кор ҳозир нашавам. Дар он лаҳзаҳои ҳассос натанҳо ман, балки дигар вакилон ҳам бо як нерӯву қувва кори иҷлосияро идома доданд. Дар кори иҷлосия яке аз фаъолтарин вакилон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буданд. Он кас дар такя бо далелу фактҳои ҷолиб пешниҳодҳои хубе медоданд. Суханҳои баҳарорат, масъулиятнокиашон куллан аз дигарон фарқ ме- кард. Аз ҳар баромадҳояшон дар ҷаласаҳо эҳсос мешуд, ки номбурда бештар аз дигарон барои ин миллату халқ месӯзанд.  Дар он лаҳзаҳои мушкил миллати моро бояд сарваре идора кунад, ки нотарс, ҷасур, соҳибирода, мушкилнописанд аз ҳама муҳимаш меҳандӯст бошад. Ин хислатҳоро вакилон танҳо дар симои Эмомалӣ Раҳмон диданд. Ва имрӯз бо гузашти 29- сол аз ин рӯзи таърихӣ як чизро метавон ёдовар шуд, ки кам касонеро хосатан миёни ходимони сиёсӣ дучор шудан мумкин буд, ки паҳлӯ ба паҳлӯи Эмомалӣ Раҳмон нишаста кор кунанд. Ва дар як ҷаласа ҳам худи Президент ишора карда буданд, ки ҳисси нобоварии зумрае аз вакилон руҳияи ӯро дар мавриди фардои кишвар нашикастанд.

Дар рафти чорабинӣ донишҷӯён вобаста ба моҳият ва самти баргузории Иҷлосия саволҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.