Аз таърихи чандинасра маълум аст, ки тоҷикон халқи куҳанмиллату баору баномус буданд ва мемонанд. Вале аз сабабҳои тақсимоти миллию ҳудудӣ, ки дар замони Иттиҳоди Шуравӣ сар задааст, ин миллати азиятдида то ҳол арзи худро пурра хусусӣ накарда, дар мушкилиҳои таърихӣ дучор шудааст. Худ коршиносону таърихнигорон шоҳиди он ҳуҷҷатҳои ҳудудӣ мебошанд, ки имрӯз қисмати замини тоҷикон дар ихтиёри Ҷумҳурии Қирғизистон аст ва имрӯз он шартҳои дар гузашта имзошударо халқи қирғиз барҳам зада, бо баҳонаҳои гуногун ба халқи ҳамсоя яроқ бардошта, аҳдномаи чандинсоларо вайрон намуда, муносибати дустонаро вайрон карда истодаанд. Аммо бояд ин масъаларо аз нигоҳи таърихиву ҳуҷҷатшиносӣ сиёсатшиносони Тоҷикистону Қирғизистон бо исботу далелҳо ҳал намуда, ҳақро ба ҳақдон бирасонанд. Ҳамаи он мушкилиҳои шурангези асрӣ байни ин ду давлат имрӯз ба ҷанги ҳамсоягӣ оварда расонида, марзҷӯёни ҷангҷӯй ҷаҳолату буҳтонҳои беасосро байни ҷаҳониён тавассути сомонаҳо паҳн карда истодаанд. Бинобар низоҳои байнисарҳадӣ албатта тоҷикон низ ҳамеша ҳифзгари ватану халқ буда, барои тинҷиву осоиштагӣ аз азал тайёранд, то хоки ватанро ҳифз кунанд ва барои амнияту оромии ояндаи ҷомеа талош варзанд. Аммо имрӯзҳо худ мо тавассути сомонаҳои интернетӣ шоҳиди буҳтону суханҳои иғвоангези ахбори омма гардида истодаем, ки баъзе аз он шуришчиён худ гӯё ягон фоидае ба даст меоварда бошанд.

Арзёбии пайвастаи фазои иттилоотӣ ва тамоси ҳамешагӣ бо қишрҳои гуногуни ҷомеа нишон медиҳад, ки гарчӣ аксари мардум дорои эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва омодаи ҳимоят аз марзи кишвар бошанд ҳам, аммо дар бораи худи моҳияти низоъ, сабаби пеш омадани чунин ҳолат дар ин қисмати марзҳои байнидавлатӣ ва моҳияти мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин масъала маълумоти чандон дақиқе дар ихтиёр надоранд. Ин камбудиҳо албатта тасаввуру маълумоти дақиқ дар бораи асоси таъриху миқёсу моҳияти ин низоъ, на танҳо дар байни мардум, балки миёни аҳли зиё, хизматчиёни давлатӣ ва ҳатто кормандони қатории ниҳодҳои қудратӣ низ мушоҳида шуда истодааст. Аз ин сабаб бояд ҳукумати ин ду ҷумҳуриҳо масъалаи марзу бумро боз аниқтару дақиқтар дида баромада, ҳақиқатро аз рӯйи адолат ҳал кунанд ва бояд нагузорем, ки халқи бегуноҳ аз сабаби носозию надотатиҳо азият кашад, то дӯстию бародарии ҳамсоягон барҳам нахӯрад.

 

Муллоусмонова Г.Ғ., устоди ДПДТТХ