Ба ифтихори 30 – солаги Иҷлосияи 16 - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми Раёсати Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистоон дар ҳамкорӣ бо Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят вохӯрӣ бо донишҷӯёни донишкада дар маҷлисгоҳи асосӣ таҳти унвони “Иҷлосияи саодатовар” сурат гирифт.

Чорабиниро муовини директор оид ба илм ва инноватсия Усмонҷон Ахмедов ҳусни оғоз бахшида, зикр дошт, ки Соли равон аз баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-сол пур мешавад. Иҷлосияи 16-ум дар таърихи халқи тоҷик ҳамчун гардиши куллӣ,  хотима бахшидан ба ҷанги бародаркуш, пойдории миллати тоҷик, шаклдиҳии давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ дар Точикистон ворид шуд. Моҳи ноябри соли 1992- Иҷлосияи тақдирсоз барои халқу миллати тоҷик баргузор гаштаву дар он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби намояндагони мардуми кишвар ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, ҳамзамон ваколати сардори давлат ба он кас дода шуд. Дар Иҷлосия ҳукумате таъсис ёфт, ки таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ тавонист, оташи ҷанги дохилиро хомӯш намуда, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, Артиши миллӣ ва нерӯҳои посбони сарҳадро таъсис диҳад, аксарияти гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонад ва ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ созад.

Муовини Раиси Иттифоқи ҷавонони вилояд Фирдавс Фахриддинзода зимни баромад таъкид дошт, ки Дар маҷмуъ, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ 74 қонун, қарор ва фармонро ба тасвиб расонид, ки ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ, инкишофи сохторҳои демократӣ, таҳкими ризояти ҷомеа ва ваҳдати миллӣ замина гузошта, эътимоду боварии мардуми Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳониро ба вуҷуд овард. Иҷҷосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои нави сиёсӣ буда, дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд. Бо талошу ҷонбозиҳои Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳокимияти фалаҷгардида аз нав барқарор карда шуда, ба рушду тараққиёти кишвари соҳибистиқлол заминаи воқеъи гузошта шудаву таъриху фарҳанги халқи тоҷик дубора эҳё гардид. Имрузҳо Ҷумҳурии Тоҷкистонро наздик 200-давлат ҳамчун ҷумҳурии соҳибистиқлол эътироф кардаву робитаҳои дипломатии худро барқарор кардаанд. Бо талошу заҳмат ва  кушишҳои сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Рахмон сатҳу сифати зиндагонии шаҳрвандон боло бурда шуда, дар ин раванд чор ҳадафи стртаегӣ Баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ, Истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии боусръати кишвар қабул гардид, ки мақсади нихоии он боло бурдани некуаҳволии мардум ба ҳисоб меравад.

 

Алишер Ашӯрзода, муовини Раиси Иттифоқи ҷавонони шаҳри Хуҷанд зимни ироаи маърӯза баён дошт, ки зимоми давлатдориро натарсидаю наҳаросида бар дӯш гирифтани ҷавони 42 сола худ ҳадяи Яздонӣ нисбати тақдири миллат буд, ки имрӯз аз дидгоҳи таърих қадами устувор ва хиради волои халқ маҳсуб мешавад.  Хотираи таърих фаромӯш нахоҳад шуд, ки ин ҷавонмарди матинирода зимни бӯсидани Парчами кишвар чунин нуктаҳои таърихӣ баён доштанд: “Ба хотири истиқрори сулҳи пойдор ва бозгашти фирориён ба ватан ман тайёрам, ки ҷонамро қурбон кунам”, “Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва оила  бақарор шудани сулҳ равона менамоям. Барои гул-гулшукуфии ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Чунки ман ба ояндаи неки ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам боварӣ дорам” ва “Ин иҷлосияи тақдирсоз аст, бояд донем, ки тақдири  ояндаи миллат, кишвар, ватан, давлат дар дасти мост”. 

Сармуҳаррири нашрияи “Сухани халқ” Абдусабур Абдуваҳҳобов дар баромадаш қайд кард, ки Омили асосии расидан ба сулҳ дар Тоҷикистон аз қалби мардуми тоҷик бархоста, ба тафаккури созандаву иродаи шикастнопазир, фитрати баланди он мардум вобаста аст. Маҳз хидмати беғаразонаи шахсиятҳои фидоии ҷумҳурӣ вазъро дар ҳар гӯшаю манотиқи дучори  буҳрони шадид гардида, тадриҷан муътадил сохт. Ба эҷоди давлатдории миллӣ, тафоҳуми фарҳангӣ ва сиёсӣ боис гашт. Бузургтарин шахсиятро, ки солҳои тӯлонӣ бевосита дар самти сиёсати давлатӣ, сохтмон, таҳким ва рушди давлатдории миллӣ хидмати бедареғ кардааст, мардуми тоҷик ва оламиён дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дида тавонистанд.

Бо ҳамин чорабинӣ анҷом пазируфт.