Дар  Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд дар идомаи конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалии “Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлатдории миллӣ” бахшида ба ҷашни 30 – солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия таҳти унвони “Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи ҳадафҳои стратегӣ: раҳоӣ аз бунбасти комммуникатсионӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар”  доир гардид.

 Мақсад аз баргузории Конференсияи мазкур ин арҷгузорӣ ба  саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу  ваҳдат, бунёди давлати соҳибистиқлолу шинохти миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ  дар байни сокинони кишвар мебошад.

 Кори  конференсияро  муовини директор оид ба илм ва инноватсия Усмонҷон Ахмедов ҳусни  ифтитоҳ бахшид.

Номзди илмҳои педагогӣ, устоди МТД “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд” Нодирҷон Солиҷонов дар мавзӯи “Сиёсати дарҳои кушоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯзаи илмӣ намуд. 

Дар идома 30 мақолаҳои илмӣ дар бахш шунида шуд.