Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ҳизби Халции Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  баромадҳои худ таъкид менамоянд,   бегонапарастӣ ва тақлиди кӯру кӯрона ба фарҳанги бегона яке аз зуҳуротҳои номатлуби ҷомеа буда, метавонад шахсро ба гумроҳӣ бурда аз асли хеш дур созад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ" ҳамаи мақомоти ваколатдорро муваззаф намуданд, ки фаъолияти худро дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои фаромиллӣ, терроризм, экстремизм ва дигар падидаҳои номатлуб тақвият бахшанд.

Дар Паёми Роҳбари давлат аз ҷумла тазаккур дода шуд, ки "Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Истифодаи "сиёсати дугона" нисбат ба терроризм ва экстремизм, самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад".

Пешгирии экстремизм ва терроризм ва муборизаи беамон ба он яке самтҳои фаъолияти ҳамаи мақомоти давлатӣ ва аҳзоби сиёсӣ маҳсуб меёбад.

Яке аз роҳҳои мубориза бо терроризм ва экстремизм, ин пешгирӣ намудани падидаҳои номатлуби бегонапарастӣ дар ҷомеа мебошад. Зеро дар аксар ҳолат маҳз шахсони бегонапараст ба осонӣ таҳти таъсири ғояҳои ифротӣ ва қувваҳои иртиҷоӣ монда, шомили гуруҳҳои террористиву экстремистӣ мешаванд.   

Мафҳуми бегонашавӣ ин парастиши ақидаву арзишҳои бегона ва дур шудан аз арзишҳои миллӣ, дину фарҳанг, оила, ватану модар ва ғайраро ифода менамояд. Нафаре, ки гирифтори ин дард, яъне бегонапараст мешавад, аҷаб нест, ки ба хиёнат даст занад.

  Одатан ин зуҳурот дар шахсе пайдо шуда метавонад, ки он мафкураи амиқи сиёсӣ ва маънавиро надошта, баҳри ба даст овардани манфиатҳои шахсӣ пайваста мехоҳад худро дар ягон ҷодае ҷилва дода, нафъе ба даст орад. Барои ин гуна одамон ба ҷуз пулу мол ва мансаб ягон чизи муқаддас вуҷуд надорад.    

Имрӯзҳо дар сомонаҳои интернетӣ баъзан нуқтаи назари нодурусти баъзе нафаронро мушоҳида намудан мумкин аст, ки бо суханони иғвоангез ва таҳқиркунанда мехоҳанд бо ҳар восита вазъи сиёсию ҷамъиятии кишварро халалдор созанд. Аз ин амалҳо ҳар шахси солимақл бояд ба хулосае ояд, ки чунин нафарон душманони миллату давлат буда, алайҳи тинҷию оромӣ ва рушди Ватани азизи мо мекӯшанд.  

Авзои имрӯзаи ҷаҳони муосир, муборизаҳои геополитикии  кишварҳои абарқудрат, вазъ дар кишварҳои ҳамсоя ва амалҳои пайвастаи ғосибона ва таҷовускоронаи бархе аз ҳамсоякишварҳо аз ҳар яки мо тақозо менамояд, ки ҳушёриии сиёсиро аз даст надода, ба Ватани маҳбубамон содиқ бошем.

Ибодқул Каримов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд