• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
      • Маълумоти асосӣ
      • Стратегияи рушд
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2026
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    МОДАР ФАРИШТА БУД, ВА ЛЕКИН ХАБАР НАДОШТ...
 МОДАР ФАРИШТА БУД, ВА ЛЕКИН ХАБАР НАДОШТ...
МОДАР ФАРИШТА БУД, ВА ЛЕКИН ХАБАР НАДОШТ...

Зан – модар, фариштаи рӯйи замин ва олиҳаи нури ҳаёти ҳар як инсон аст, зеро маҳз меҳрубонӣ ва ғамхориҳои ин хуршеди ҷаҳонтоб аст, ки ҳаёти мо гарму рангоранг мегузарад. Домони модар биҳиштеро мемонад, ки дар он фарзанд солиму боақлу заковат ба воя мерасад. Агар заҳматҳои модари бузург ва олимартаба намебуд, зиндагонии мо ҳатто як лаҳза ҳам пеш намерафт, маҳз ба ҳамин хотир рӯз то рӯз дар баланд бардоштани мавқеъи занону бонувон дар кившар бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ мегардад.
Ба нураш гарчи ин хуршеди ховар,
Фаро гирад ҷаҳонеро саросар.
Намегардад ва лекин он баробар,
Ба ин пурқуввати бо меҳри модар.
Модар муқаддастарин ва азизтарин шахс дар зиндагии ҳар инсон аст. Ӯ нахустин мураббӣ, роҳнамо ва паноҳи фарзанд мебошад. Аз лаҳзаи ба дунё омадани фарзанд модар бо муҳаббати беандоза ва ғамхории бемисл ӯро ба воя мерасонад. Аз ҳамин ҷост ки модарро таҷассумгари покиву нексириштӣ ва бузургӣ меноманд.
Модар бо рафтору гуфтори намунавӣ ба фарзанд дарси одоб, инсондӯстӣ ва меҳрубонӣ меомӯзонад. Ӯ ҳамеша мекӯшад, ки фарзандаш шахси босавод, боахлоқ ва соҳибэҳтиром ба воя расида, барои ҷомеа хизмати шоён намояд. Ҳар сухани модар саршор аз панду андарз ва ҳар амали ӯ ибрате барои фарзанд аст. Дар фарҳанги тоҷикон мақоми модар хеле баланд аст.
Пешвои миллат ҳамеша зимни суханрониҳои худ аз қадру қиммати модарони бузург ва занону бонувони миллатамон изҳор намуда, таъкид менамоянд, ки эҳтироми модар ва зан – пояи асосии ҷомеаи солим мебошад. Ин гуфтаҳо бори дигар арзиши волои модарро дар ҷомеа нишон медиҳанд.
Модар барои фарзанд ба хотири хушбахтии ӯ аз ҳама чиз гузарад мекунад. Шабҳои бедорхобӣ, заҳматҳои пайдарпай ва дуоҳои самимии ӯ нишонаи муҳаббати беандоза нисбат ба фарзанд аст. Муҳаббати модар мисли чашмаи мусаффоест ки ҳаргиз хушк намешавад. Ин муҳаббат ба фарзанд нерӯ мебахшад, то дар зиндагӣ ба қуллаҳои баланд расад.
Модар чароғи хонадон ва рамзи равшании зиндагонии босаодат ва гармии ошён аст. Қадри модарро бояд ҳамеша гиромӣ дорем, заҳматҳояшро арҷ гузорем ва хизмати фарзандонаи худро ҳеҷ гоҳ дареғ надорем, зеро заҳмати ду олам ҳатто ба ранҷи якшабае, ки модар кашидааст, баробар шуда наметавонад.
Фарзона Низомитдинова
Устоди ДПДТТ ба номи
академик М.С.Осимӣ дар
шаҳри Хуҷанд


: 9

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 09.03.2026
МОДАР ФАРИШТА БУД, ВА ЛЕКИН ХАБАР НАДОШТ...
МОДАР ФАРИШТА БУД, ВА ЛЕКИН ХАБАР НАДОШТ...
  • 07.03.2026
АКСИЯИ ТОЗАГӢ ДАР ДОНИШКАДА
АКСИЯИ ТОЗАГӢ ДАР ДОНИШКАДА

Хабарҳои машҳур


  • 03.01.2025
Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»
Новости
  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2026 | Все права защищены