Субҳи имрӯз дар пайравӣ ба иқдоми эълоннамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми биноҳои Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд низ аксияи “Тозагӣ” баргузор шуд.
Зимни баргузории Аксия устодону донишҷӯён фаъолона ширкат намуда, ҳудуди биноҳои муассиса ва муҳити гирду атроф тоза карда шуда, дарахтону буттаҳо ба тартиб дароварда, заминҳоро нарм ва роҳравҳо рӯбучин гардиданд.
Таъкид шуд, ки ин иқдом ба хотири ободонӣ, тозагии муҳити зист ва истиқболи шоистаи ҷашнҳои миллӣ анҷом дода шуд.
Дар ҷараёни Аксия иштирокчиён гирду атрофи биноҳои донишкадаро низ тозаву озода намуда, миқдори зиёди партовҳоро ҷамъоварӣ карданд. Ҳамзамон, гузаргоҳҳои пиёдагардон, нишастгоҳҳо ва қитъаҳои канории роҳҳои асосӣ низ тоза карда шуданд.
Бояд қайд намуд, ки тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист аз суннатҳои неки мардуми тоҷик маҳсуб ёфта, аз қадимулайём ҳамчун нишонаи фарҳанги шаҳрнишинӣ ва маданияти баланд арзёбӣ мегардад. Анъанаи баргузории ҳашарҳои дастаҷамъона дар арафаи ҷашнҳои миллӣ ва санаҳои муҳим идомаи ҳамин ойини неки ниёгон мебошад, ки имрӯз низ аҳли маорифи кишвар якдилона Аксияи “Тозагӣ”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ намуда, бо масъулияти баланд анҷом доданд.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО