Изҳороти Анҷумани озодандешони Тоҷикистонро мутоила карда, ба чунин хулоса омадем, ки дар кишвари мо то ҳол ҳамагӣ торикандешон зиндагӣ доштаанду мо ба «қадри» озодандешагон нарасидем.

Мо, устодон ва шогирдони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар ҷавоб ба изҳороти «Анҷумани озодандешагони Тоҷикистон», ки худро аз пешравон ва донотарошони ҷомеаи пешрави берун аз Тоҷикистон мегиранд, гуфтанием, ки аз суханҳои по дар ҳавои худ даст кашида, мағлубияти худро ҳамчун «рақиби  ноӯҳдабаро» қабул намоянд. Воқеияти ҳол он аст, ки душманони миллат пешравии кишварамонро нодида мегиранд. Дар кишвари мо таҳти сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳама соҳаҳо пеш рафта, зина ба зина сатҳи зиндагии сокинон рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, дараҷаи дониш ва мафкураи мардум, хосса ҷавонон боло рафтааст. Дар изҳороти гурӯҳи ба ном «Озодфикрон» омадааст, ки ҳадафи ин Анҷуман пешгирии зуҳуроти номатлуби ришваситонӣ дар кишвар аст. Аммо то кадом андоза суханони онҳо рост аст, касе намедонад.

Заҳмату талошҳои шабонарӯзии Сарвари давлат буд, ки садҳо ҷавонони роҳгумзадаи кишвар, ки дар муассисаҳои ғайриқонунии динии давлатҳои  хориҷа таҳсил мекарданд, ба Ватан баргардонида шуданд.

Бузғунчилик характеридаги кўплаб оқимлар (секта) ҳеч бир давлатга ҳам миллатга ҳам ҳеч қачон фойда етказмаган. Аксинча, ҳамма вақт моддий, руҳий ёки жисмоний зарар етказиб келган.

Мо, устодони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар қатори дигар соҳаҳои мухталифи ҷомеа, ҳамчун узви фаъоли ҳаёти сиёсиву фарҳангии кишварамон мехоҳем дар мавриди фаъолияти ҳизби террористиву экстремистии наҳзати исломии Тоҷикистон нуктаи назари хешро баён карда бошем. Зеро вақтҳои охир «роҳбарони олӣ»-и ин ҳизби мамнӯшуда бо истифода аз  расонаҳои иғвоангези дар хориҷа сабтиномшуда мехоҳанд фазои солими кишварамонро ғуборолуд намуда, дар зеҳну тафаккури шаҳрвандон андешаи ботилро ҷо созанд. Гузашта аз ин як гурӯҳ ба ном рӯзноманигорони «ҳирфаи»-и ин «нерӯи осебпазир» аз созмону ташкилотҳои байналмилалии ҷаҳонӣ даъват ба амал меоранд, ки ба мушкилоти онҳо расидагӣ кунанд. Ин гурӯҳ, ки аз ҷониби хоҷагони беруна маблағгузорӣ мешаванд, бо истифода аз далелу аснодҳои бардурӯғ мехоҳанд фаъолияти кунунии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро маҳкум намоянд. Онҳо камтарин мушкилоти имрӯзаи кишварро баҳона пеш оварда, ҷомеаро ба гумроҳӣ бурдан мехоҳанд. Ба андешаи онҳо мавҷи муҳоҷирони меҳнатие, ки имрӯз дар кишварҳои Русия кору зиндагӣ мекунанд, маҳз аз сатҳи пасти зиндагии онҳо дарак додааст ва онҳо иҷборан ба Русия рафтаанд. Ин далел ва мушоҳида комилан хатост. Зеро муҳоҷирати меҳнатии қувваҳои корӣ дар арсаи байналмилалӣ як ҳодисаи маъмул аст. Дар кишварҳои гуногуни олам он ба мушоҳида мерасад ва дар ҳар ҷо қувваи корӣ баҳри пайдо намудани ҷои кори хубтаре, ки музди меҳнати бештаре дода тавонад, кӯшиш мекунанд. Тибқи иттилои коршиносони олам мамлакатҳои Чину Туркия аз ҳисоби муҳоҷирини меҳнатии худ буҷаи кишварашонро ғанӣ мегардонанд. Ҳоло ҳудуди ду миллион сокинони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, қариб 800 ҳазор мардуми қирғиз, беш аз як миллион қазоқиҳо дар кишвари Русия кору зиндагӣ мекунанд. Пас маълум мешавад, ки муҳоҷирони меҳнатии кишвари мо низ ба хотири боз ҳам хубтар таъмин намудани маишати зиндагии худ озими Русия мешаванд.

Агар зиндагии сокинони кишвар воқеан ҳам вазнин мебуд, падару модарон имрӯз аз ҳар вақта дида бештар майл ба маълумоти олӣ гирифтани фарзандони худ саъй намеврзиданд. Имрӯз онҳо ҳатто дар хориҷа истода аз Вазорати маориф ва илми кишвар дархост намуданд, ки маҷлиси падару модарони фарзандонашонро ба таври онлайнӣ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ пахш намоянд, то онҳо аз ҷараёни таълиму тарбияи фарзандонашон огаҳӣ ёбанд. Сол аз сол зиёд шудани теъдоди донишҷӯён, арзи ҳастӣ намудани 39 муассисаҳои олӣ, шароити хуби таълиму тадрис имкон фароҳам овардааст, ки имрӯз маънавиёти ҷомеа боло равад.

Шахсан мо аз он шукрона мекунем, ки дар кишвари озоду обод зиндагӣ дорем. Сатҳи зиндагӣ сол то сол беҳтар мешавад. Дар муассисаи мо барои ҳам устодон ва ҳам донишҷӯён шароити мусоиди корӣ ва таълимӣ мавҷуд аст. Маҳз таваҷҷӯҳи давлат ва Хукумати кишвар аст, ки пояи моддиву техникии донишкада торафт мустаҳкам гардида, баръакс шумораи зиёди волидон фарзндҳояшонро бинобар хуб будани вазъи таълим аз донишгоҳҳои хориҷа ин ҷо меоранд.

Ҳар як сокини кишвар ба хубӣ дарк мекунад, ки беҳтарин неъмат ин сулҳу осоиш аст. Дур намеравем, мамлакати ҳамсояи Афғонистонро бинед, то ба ҳол бинобар нофаҳмиҳои қувваҳо сокинони оддӣ зарар мебинанд. Дар ин кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг наздики 35 сол аст, ки ҷанг рафта истодааст. Иқтисодиёти футуррафта, нигоҳҳои хастаи сокинонро мебинему ҳазор маротиба шукрона мекунем, ки ин ҳодисаҳои мудҳишро таҳти роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар такя ба нерӯи хиради сокинон паси сар намудем. Ҳоло кишвари мо марҳилаи давлатсозиро паси сар намуда, ба давлатдории воқеӣ акнун қадамҳои қатъӣ мегузорад. Дар оростани қасри муҳташами ин давлати бузурги таърихӣ, ки номаш дар фарҳанги ҷаҳонӣ чун миллати қадима муаррифӣ шудааст, мову Шумо бо меҳнати созанда, бо дили соф кӯшиш варзем.  Боварӣ дорем, ки душманони миллати мо дар муқобили мардуми ваҳдатшиор якдилу якмаром маҳв хоҳанд шуд.

 

 

ҲНИТ ҳизбест, ки хусуматҳои зиёди сиёсӣ, динӣ буда, мухолифи оромию суботи ҷомеа мебошад. Ин ҳолатро воқеаҳои солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон нишон дод. Новобаста аз он, ки бо Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҷиноятҳои вазнини аъзоёни он бахшида шуданд, аммо онҳо хулосаи зарурӣ набароварда, то ҳол мухолиф ба ҳукумату давлат ва сулҳи байни тоҷикион боқӣ мондаанд. Далели ин гуфтаҳо баёнияи навбатии Шӯрои сиёсии ҲНИТ мебошад, ки чун ҳарвақта пур аз фитнаву бадбиниҳо нисбати ҳукумат ва давлат рӯи  қоғаз оварда шудааст. Дар баёния қайд карда шудааст «гӯё мақомоти давлатӣ ҳадафи ғайриқонунӣ заиф ва аз саҳнаберун кардани ҳамаи неруҳо, аз ҷумла ҲНИТ мебошад», ки ин туҳмати соф нисбат ба давлат мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғайр аз ҲНИТ  боз ҳафт ҳизби сиёсӣ ва якчанд иттиҳодияҳои ҷамъияти озодона амал менамоянд ва ягонтои онҳо мисли раёсат ва баъзе аз аъзоёни  ҲНИТ кӯрнамакӣ ва бе шармуҳаёӣ накардаанд. Бояд таъкид намуд, ки раёсат ва шӯрои ин ҳизб аз дасткашии оммавии аъзоёнаш ба қаҳр омада, алами худро намедонанд аз ки бигиранд ва бо ин амалҳои номатлуби худ ҳамаи ҳадду ҳудуди меъёрҳои қонунгузориро гузаштанд.

Вазъияти ҷаҳони имрӯза, бархӯри манфиатҳои кишварҳои абарқудрат аз ҳар як фарди масъулиятпешаву худогоҳ тақозо дорад, ки дар ҷомеа нақш ва мақоми худро дошта бошад. Зеро аҳлу тифоқ набудан, мавқеи сиёсӣ надоштан, бетарафӣ мамлакатҳои зиёдро ба вартаи ҷангу хунрезӣ овардааст. Имрӯз мамлакатҳои арабӣ чун монанди Ироқу Сурия маҳз аз костагии дониши сиёсӣ, набудани роҳбалади қавию ҳушманд ва гумроҳии ҷавонон наметавонанд низоми давлатдории худро пеш баранд ва «бозича»-и дасти абарқудратон гардидаанд.

Бадбахтона, ин зуҳуроти номатлуб сол то сол доман густурда, қувваҳои зиёди иртиҷоӣ мехоҳанд мамлакатҳои тинҷу осударо ба марзи ҷангу хунрезӣ кашанд.

Тоҷикистони озоду обод, ки дар минтақаи Осиёи Миёна аз лиҳози геополтикӣ мавқеи устуворро касб кардааст, пайваста дар мадди назари гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ қарор дорад. Азбаски имрӯз давлат қудрату тавононои ҳифзи марзу бумро дорад, хоҷагони беруна мехоҳанд авзои сиёсии кишварро аз дарун вайрон созанд. Мақсади ҳизби террористиву экстремистии наҳзати исломии Тоҷикистон, ки алҳол «бозича»-и давлатҳои исломӣ ҳастанд, маҳз ҳамин аст. Аз ин хотир онҳо як гуруҳ ҷавонон, рӯзноманигорони тоҷики муқими давлатҳои аврупоро ба даври худ кашида бо додани дастмояҳо барои сиёҳ кардани Тоҷикистон кӯшиш варзида истодаанд. Аммо тирашон ҳамвора хок мехӯрад. Зеро ҳизбе, ки пояи устувор, аъзои содиқ надорад, шикаст мехӯрад. ҲНИТ ҳизбе аст, ки аз рӯзҳои аввали таъсисёбии худ мекӯшид манфиатҳои шахсии худро боло мегузоштанд. Онҳо замони Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ танҳо дар он сурат ба сулҳи бебозгашт имзо монда буданд, ки Ҳукумат курсиҳои мансабиро дар ҳаҷми 30 дар сад дод. Аммо худатон шоҳиди ҳол шудед, ки ягон нафари онҳо барои пешбурди кишвар заҳмат накашиданд. Ҳар яке бо «қаҳрамони»- ҳои худ аз вазифа рафтанд. Қазияи генерали ошӯбгар Ҳалим Назарзода парда аз рӯи бадкории ҲНИТ бардошта шуд. Пештар ин ҳизб дар интихоботи парлумонӣ ба шикаст рӯ ба рӯ шуд. Ва ошкоро зидии давлат ва Ҳукумат баромад. Зимни санҷиши фаъолияти ин ҳизб ошкор шуд, ки ҲНИТ ба ҷои пиёда сохтани барномаҳои таҳия кардааш, сокинонро ба шиапарастиву шахсиятпарастии Кабирӣ даъват кардааст. Онҳо бо истифода аз масҷиду маъракаҳои мардум нафароне, ки ришу ҳиҷоб намепӯшанд ба кофарӣ бароварда, ҳар касеро ки ба ҳизби наҳзат шомил намешуданд, ба  Худою расул душман эълон мекарданд. Мақомотҳои қудратӣ маҷбур шуданд, то чанде аз роҳбарони олии онҳоро бинобар паҳни иттилооти терроризму экстремизм ба маҳкама кашанд. Саркардагон ба  ҷои исботи бегуноҳии худ рӯ ба гурез ниҳода, имрӯз дар хориҷа бо истифода аз расонаҳои бардурӯғи хориҷа ба иғвою дасисаҳо машғуланд.

Як чиз айён аст, ки кӯшишҳои онҳо беҳуда аст. Зеро халқ заршинос аст. Сиёҳро аз сафед фарқ карда метавонад.

Ҷомеаи меҳнатии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо тамоми масъулият изҳор менамояд, ки мардуми шарифи кишвар аз ҳадафҳои аслии роҳбарону фаъолони ТТЭ ҲНИТ бохабаранд, бинобар ин ба дасисаҳои иғвогаронаи онҳо дигар бовар нахоҳанд кард. Зеро фардои ин миллат дурахшону ояндаи ин ҳизб тира аст.

 

Албатта дастовардҳое, ки мо имрӯз аз баракати мустақилият ба даст овардаем, осон ба даст наомадааст. Сари ҳар қадам ҳадафи манфиатҷӯёни беруна қарор гирифтаем, ки дар амалҳои бадхоҳонаамон ҳатман  фарзандони худфурӯшу хиёнаткори миллати худамонро истифода  бурданду доранд ва  мебаранд.

 

Дар давоми даҳсолаҳои охир ва махсусан, дар нимаи дуюми асри XX терроризм ва экстремизм мавриди таваҷҷуҳи ҳаматарафаи олимон ва сиёсатмадорон қарор гирифт, хусусан, аз ҷониби коршиносони мамлакатҳои Ғарб омӯзиши ин зуҳуроти номатлуб дар мадди аввал гузошта шуд. Шояд суоле ба миён биёяд, ки барои чӣ ба омӯзиши ин масъала маҳз дар ҳамин давра таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд, ҳол он ки таърих исбот мекунад, ки дар ҳама давру замон ва форматсияҳои ҷамъиятӣ содиршавии терроризм ва экстремизм ба назар мерасид. Танҳо дар нимаи дуюми асри ХХ дар қатори дигар проблемаҳо терроризм ва экстремизм ба проблемаи глобалии ҷаҳонӣ табдил ёфт.

  Омӯзиши ин самт дар корҳои илмии таҳлилгарон, олимон ва сиёсатмадорон баррасӣ карда шудааст ва проблемаи мазкур онро тақозо мекунад, ки  ин самт бояд ба таври васеъ ва ҳаматарафа омӯхта шуда, сабабу омилҳо ва чораҳои пешгирикунандаи терроризм ва экстремизм муайян карда шавад. Зеро ин зуҳурот намуди ҷинояти махсусан вазнин буда, имрӯзҳо ҷаҳонро ба таҳлука андохтааст.

Тибқи  илми этимология  терроризм аз калимаи лотинӣ гирифта шуда, маънояш тарс, таҳлука, воҳима буда, он аз ҷониби ташкилотҳо, гурӯҳҳо ва ё шахсони алоҳида барои ба ҳадафҳояшон расидан  амалӣ карда мешавад.

Умуман,  маҳфуми терроризм ва экстремизм бисёр васеъ аст ва дар рисолаҳои илмии таҳлилгарон, олимон ва сиёсатмадорон шумораи он қариб ба 100 мерасад.  

Ҳуқуқшиноси машҳури рус Л.А.Моджорян мегӯяд: “Терроризм – ин амале мебошад, ки аз ҷониби шахси алоҳида, ташкилот ва ё гурӯҳи одамон, барои ба ҳадафҳояшон расидан равона карда мешавад”. Дар ин ҷо қайд кардан бамаврид аст, ки дар баъзе ҳолатҳо истифодаи терроризм ва ё экстремизм, барои ба  даст овардани ҳокимият низ ҷой дорад. Умуман, дар бораи терроризм фикру ақидаҳо мухталифанд ва аз ҷониби таҳлилгарон ва олимони ин соҳа ба таври васеъ шарҳ дода шудаанд.

Терроризм аз рӯи хусусияташ гуногунҷабҳа буда дар давраи ҳозира  дорои чунин  шаклу намуд мебошад:

- таркиш, оташ задан, вайрону валангор кардани объектҳои махсусан муҳим, манзилгоҳҳо;  

Ин намуди ба амал баровардани акти террористӣ бевосита аз ҳама даҳшатнок мебошад. Ҳангоми ба ин амал даст задан шумораи зиёди одамон ҳалоку захмӣ гардида, бе хонаю ҷой ва бе саробон мемонанд. Албатта, чунин амал дар байни мардум таҳлука андохта, дар натиҷа, одамонро воҳима зер мекунад ва бевосита ҳукуматдоронро ба он водор месозад, ки ба хотири амнияти шаҳрвандон ва озод намудани гаравгонон ба таклифҳои террористон ва экстремистон розӣ шаванд (ё ки қисман розӣ шаванд).

-куштор ва қасдан расонидани зарар ба саломатии шахсони алоҳида;

Ин намуди ба амал баровардани акти террористӣ, пеш аз ҳама, ба он равона мешавад, ки ягон нафар шахсони бонуфузи идораҳои дахлдори давлатӣ (ҳукумат, ВКД, амният), намояндагони воситаҳои ахбори омма, арбобони шоистаи давлатиро аз байн бурда, ҷинояткорон  бо ҳамин восита ба ҳадафҳояшон расиданӣ мешаванд. Дар ин ҷо дар хусуси содир намудани кушторҳои дархостӣ: куштори  Минҳоҷ Ғуломов, Муҳаммад Осимӣ, Сайф Раҳими Афарзод дар Тоҷикистон, Индира Гандӣ, Раҷив Гандӣ (Ҳиндустон) ва ғайраҳоро мисолҳо овардан мумкин аст.

- рабудани одамон ва ба гаравгон гирифтан;

Ин намуди ба амал баровардани акти террористӣ аз ҳама шакли маъмул аст ва қариб, ки дар ҳамаи давлатҳои дунё истифода мешавад.

Асосан рабудани одамон ва ба гаравгон гирифтан аз ҷониби ташкилотҳои террористӣ ва террористони алоҳида ба он равона мешавад, ки агар ҳукуматдорон ба ақидаҳои онҳо ё ин ки ба пешниҳодҳои онҳо розӣ набошанд, онҳо метавонанд гаравгононро ба қатл расонанд. Даҳшатнокии ин намуди акти террористӣ аз он иборат аст, ки дар рафти амалиёти безараргардонии террористон эҳтимолияти талафёбии шумораи зиёди одамон мавҷуд мебошад.

Ба ёд биёрем воқеаҳои дар шаҳри Будённовск, театри Нордост (Москва) ё Беслани Федератсия Россия рӯйдодаро, ки террористон чӣ гуна барои ба ҳадафҳояшон расидан пешниҳодҳо карда буданд ва оқибати ин амалҳо ба чӣ анҷомид.

- таҳдиди куштан ва нобуд кардан, нисбати ходимони давлатӣ ва сиёсӣ;

Ин намуди акти террористӣ ба он равона мешавад, ки ташкилотҳои террористӣ ё террористони алоҳида ба воситаи таҳдиди куштан ва несту нобуд кардан аз мансабдорон ва ё ҳукумат талаб мекунанд, ки ин ё он шахсро аз мансабаш дур кунанд ва қабули ин ё он қонунро ба таъхир гузоранд. Дар сурати иҷро нагардидани ин амал ба ҳар роҳу восита таҳдиди куштану несту нобуд кардани ходимони сиёсӣ ва давлатиро идома медиҳанд. Ин шакли намуди акти террористиро барои тағйир додани сохти давлатдорӣ низ истифода мебаранд.

- ташвиқоти терроризм;

Ин амал бевосита дар он ифода мегардад, ки баъзе давлатҳо дар таъсис додани ташкилотҳои террористӣ мусоидат мекунанд, дигар давлатҳо бошанд, чунин ташкилотҳоро дар ҳудудашон ҷойгир карда, бо маблағҳои калони пулӣ сарпарастӣ мекунанд, инчунин ташкилотҳои мазкур аз ҷониби созмонҳои ғайридавлатии байналмилалӣ, чун қувваҳои озодихоҳӣ ба даст овардани мустақилият эътироф мешаванд ва ҳатто ин ё он давлат онҳоро эътироф мекунад. Дар асл бошад, онҳо дар ҳудуди давлати ҷойгиршудаашон истода, бо роҳҳои истифодабарии амалҳои террористию экстремистӣ ба сохти давлатдорӣ таъсир мерасонанд.    

- созмон додани ташкилотҳои террористӣ;

Ташкилотҳои террористӣ аз қабили Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон, Ал-Қоида ва ғайраҳо, ки рӯйхаташон ба садҳо расидааст, созмон ёфтаанд ва ба сафҳои худ шахсонеро, ки дар ҳудуди давлати хеш ҳамчун ҷинояткор дар ҷустӯҷӯ қарор доранд ва ё ки аз ҳисоби ҷавононе, ки назари танг ба тараққиёти ҷомеа доранд, аз дину оини аслии хеш дур гашта, ба дигар равияҳо дода шудаанд, шахсоне, ки худро сиёсатмадор нишон дода, аз сиёсати давлаташон норизо мебошанд, ба воситаи ақидаҳои гуногун ҷалб менамоянд.

Дар ин хусус метавон чандин мисол овард: ташкилоти экстремистии Ансоруллоҳ аз ҷониби Табаров Амриддин, ки сокини ноҳияи Нурободи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, созмон дода шудааст.

-кӯмак кардан ба ташкилотҳои террористӣ;

Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯзҳо аз ҷониби кадом созмонҳо ва давлатҳо ба ташкилотҳои террористӣ, экстремистӣ кӯмак расонида мешавад. Назари таҳлилгарон, олимон ва сиёсатмадорон дар ин хусус ҳаминро нишон медиҳад, ки аз ин рафтори созмонҳо ва давлатҳои алоҳида террористон ва экстремистон истифода бурда, барои ба ҳадафҳояшон расидан даст ба куштору таркиш мезананд.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон чун як давлати мустақил ба арсаи ҷаҳонӣ қадамҳои нахустини худро дар солҳои 90-уми асри ХХ гузошта, пеш аз ҳама, ба ҷанги шаҳрвандӣ дучор гардид ва ба ҷиноятҳои ҳам анъанавӣ ва ҳам навини  асри XX-XXI аз қабили терроризм, экстремизм, сепаратизм, харидуфурӯши силоҳ, савдои одамон ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дучор гардид.

Тоҷикистон дар кӯтоҳтарин муҳлат оид ба ин раванд ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста, аз рӯзҳои аввалини давлатдории хеш ин қабил ҷиноятҳоро маҳкум карда, ба қонунҳои амалкунанда тағйироту иловаҳо ворид кард, ба ташкилотҳои байналмилалии давлатию ғайридавлатӣ дар ин раванд ҳамроҳ шуда, ҳама гуна зуҳуроти террористӣ ва экстремистиро маҳкум кард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон чандин маротиба аз минбари баланди СММ ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид мекарданд, ки Тоҷикистон ва тоҷикистониён дар ҳама давру замони давлатдориашон зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм буданд ва ҳастанд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ дар самти мубориза бар зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм чун як иштирокчии фаъол мешиносанд ва арзёбӣ мекунанд.    

Дар таърихи на он қадар тӯлонии давлатдории хеш мақомоти қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб дастболо гашта, имрӯзҳо низ муборизаро давом дода истодаанд.

Барои ба ҳадафҳои  сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида мардумро бовар кунониданиянд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост ва ин роҳу воситаро истифода бурда, мехоҳанд дини мубини исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд. Ин гуфтаҳоро метавон нисбат ба баъзе шахсони алоҳидаи радикалӣ мансуб донист, ки худро ҳомии дини мубини ислом муаррифӣ намуда, кӯшиш мекунанд, ки дар байни пайравони Имоми Аъзам, ки аксаран мардуми тоҷик пайравашон мебошанд, тухми кинаву адоват кошта, боз мардумро ба вартаи ҷудоиандозиҳо бикашанд.

Ҳол он ки дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби давлат чӣ қадар масҷидҳо, оромгоҳҳои шахсони бузурге, ки дар соҳаи дини ислом маъруфу машҳур буданд, таъмиру тармим карда шуда, номҳояшон аз нав зинда карда шудааст.

Бо забони тоҷикӣ аз чоп баровардани китоби муқаддаси «Қуръон» ва дигар адабиёти динӣ, кушодани Донишгоҳи исломии ба номи Имом Тирмизӣ дар пойтахти мамлакат, имконоти озодонаи зиёрати хонаи Худо, ки барои шаҳрвандони мамлакат имконпазир гардидааст, аз он далолат медиҳад, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди тараққиёти ҷомеа имрӯзҳо барои ба ҷо овардани рукнҳои дини мубини ислом боз ҳам шароити хубро фароҳам оварда истодаанд.

Соли 2009-ум Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли бузургдошти Имоми Аъзамро қайд карда, ба ҷаҳониён нишон дод, ки мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ, ягона ва дунявӣ буданаш ба шаҳрвандони худ дар доираи Конститутсия имконоти васеи амалгардонии анъанаҳои дину оини хешро фароҳам овардааст.

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм» аз 8 декабри соли 2003 бо тариқи возеҳу равшан оварда шудааст, ки кадом мақомоти давлатӣ барои мубориза бурдан бар зидди экстремизм сафарбар карда шудаанд.

Субъектҳои асосии мубориза бар зидди экстремизм дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ дар ҷойҳо мебошанд, ки дар доираи салоҳияташон низ барои мубориза вазифадор карда шудаанд.

Дар Қонуни дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» аз 16 ноябри соли 1999 мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт тибқи талаботи санадҳои меъёрии байналмилалӣ мушаххасан дарҷ гардидааст ва Тоҷикистон уҳдадориҳои худро дар ин замина ба таври доимӣ ба иҷро мерасонад.

Дар масъалаи бартараф кардани сабабу шароите, ки ба содир шудани ин қабил ҷиноятҳо оварда мерасонад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қишрҳои ҷомеа ҳамаи  чораҳо андешида шуда истодаанд, аз қабили баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, зиёд кардани ҷойҳои нави корӣ, фаро гирифтани ҷавонон ба варзиш, ташаккул додани мафкураи баланди ватандӯстию ватанпарастӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ, сохтани масҷидҳои замонавӣ, табъу нашри китобҳои динӣ ба забони модарӣ, ташкили барномаҳои динию ахлоқӣ дар садову симо, чопи мақолаҳо дар рӯзномаю  маҷаллаҳо, созмон додани ҳизбу ҳаракатҳо. Ин ҳама чорабиниҳо дар барномаҳои дурнамои тараққиёти имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон васеъ таҷассум ёфтааст.

 

                    Баҳодурова Фотима, устоди ДПДТТ

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократию дунявӣ буда, барои таъсис ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ тариқи қонунӣ шароити мусоид фароҳам овардааст. Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон  то соли 2015 ҳамчун ҳизби эътироф гардида, фаъолият бурда рӯи рост ва бо роҳи пинҳонӣ ба амнияту сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдидҳо ва ищвогарии зиёд менамуд. Баъди ҳодисаҳои аввали моҳи сентябри соли 2015, террористӣ ва экстремистӣ будани ин ҳизб аз ҷониби Прокуратураи Генералӣ ва Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон исбот карда шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти муҳтарами кишвар Эмомали Раҳмон ҳар сол дар пайёмҳояшон ба Маҷлиси Олии кишвар, ҳамчун донандаи асрори хуби ҷаҳони сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, маънавии кишвар иқдомеро баён месозанд, ки он бешак дар ҳаёти мардуми кишвар таккони хубе хоҳад шуд.