Ин мисраҳо аз они шоир Ҳабиб Юсуфӣ аст. Ватан барои Ҳабиб Юсуфӣ хазинаи илҳом, макони ишқу ифтихор аст ва бо рангу бӯ ва таровати худ ба чаман шабоҳат дорад.

Ватан чӣ калимаи зебост. Баҳри ҳифзи Ватан ҳазорон нафар ҷони ширини худро қурбон кардаанд.

Ватан барои ҳар яки мо хонаи умеду орзуҳо ва бахшандаи бахту саодати халқҳо мебошад. Бинобар ҳамин, мо бояд дар замири хонанда ва шуури онҳо меҳру муҳаббат ба Ватан, ифтихори ватандӯстӣ, ишқи Ватанро парвариш намоем.

Сухомлинский мазмуни мафҳуми «Ватан»-ро ба мафҳуми «Инсон» «маънои зиндагӣ», «меҳнат», «оила», «забони модарӣ», «муҳити табиат», «зебоӣ», «муҳаббат», «садоқат» алоқаманд медонад.

Инсон халқи худ ва меҳани худро шинохта, худро мешиносад, худро ҳамчун ҳиссаи халқ дарк мекунад. Муҳаббати Ватан бидуни муҳаббат ба забони модарӣ берун аз имкон аст. Муҳаббати Ватан дар замири мо зиёдтар мегардад.

Ашъори Ҳабиб Юсуфӣ ба рӯҳи замон мувофиқат карда, саршори ғояҳои ватанхоҳӣ, озодандешӣ, ҳаётдӯстӣ, ҳақиқатпарастӣ ва адолатхоҳӣ мебошад. Мирзо Турсунзода дар достони «Писари Ватан» симои падарро чун шахси ватандӯст, таҷрибадида ва соҳиби рӯҳи қавию орзую омоли наҷиб тасаввур намудааст.

Ватанро танҳо касе бо чашми ватанпарвар дида метавонад, ки бо тамоми иқтидор онро дӯст медорад, бо ранҷаш ранҷ мекашад, бо бемориаш бемор мешавад.

Дар достони «Ғалабаи Таня» Абулқосим Лоҳутӣ барои ҳифзи обу хоки Ватан мубориза бурдани тамоми халқу мамлакатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравиро ифода мекунад. Шоир тавонистааст, ватандӯстиву ватанпарастии насли наврасро дар рӯҳи қавии ҷавонон, бахусус дар симои комсомолдухтар Зоя Космедиянская инъикос намояд. Зоя ҳамчун қаҳрамони асосии достон қаҳрамонона барои мудофиаи Ватан ҷон медиҳад. Дар симои Зоя тамоми хусусиятҳои неки инсонӣ - поквиҷдонӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, қавииродагиро хуб таҷассум кардааст.

Ба андешаи мо, наҷибтарин, муқаддастарин эҳсос барои ҳар инсон эҳсоси ватанпарастӣ аст, ки зодгоҳи аслиаш домони хонавода аст. Пас аз хонавода муаллимон ҳастанд, ки дар дили хонандагон ҳисси ватандӯстиро бедор менамоянд. Маҳз мактаб аст, ки ба ин калима маънои тоза, тафсирҳои тоза зам мекунад. Ба шогирдон меомӯзад, ки ватандӯстӣ танҳо иборат аз ҳифзи Ватан дар набардҳо нест, балки майдону арсаи ватандӯстӣ фарроху пурдоман аст. Хубу аъло таҳсил намудан, ширкати фаъол доштан дар зиндагии мактаби худ намунае аз ватандӯстиву меҳанпарастист.

Инсони ҳақиқӣ касест, ки барои хушбахтии одамон талош мекунад ва омода аст тамоми нерӯи худ, вуҷуди худро баҳри он бубахшад. Мо - омӯзгорон кӯшиш мекунем, ки шогирдон омода бошанд зиндагии худро баҳри шаъну шараф ва гулгулшукуфии Ватан бубахшанд.

 

Дадоҷонова Зебо,

ассистенти кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷмент