Артиши миллӣ ё худ Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳар давру замон барои ҳар як кишвари соҳибистиқлол пояи матин, кафили бехатарӣ ва таъминкунандаи ҳаёти осоиштаи мардум ба ҳисоб меравад. Артиш вазифаи бузурги мудофиавӣ буда, меҳру муҳаббати фарзандро нисбат ба падару модар боз ҳам бештар мекунад, ба онҳо дарси зиндагиву ҷавонмардиро меомӯзад.

      Артишро чун мактаби мардонагӣ ва омӯзиши касбу ҳунар тавсиф карда, дар он ҷо сарбозон ҳамарӯза бояд тамрини низомӣ гузаронида ва посбониву ҳушёри ва зиракии марзи кишвари азизамонро ҳифз намоянд. Ҳимояи амну амнияти мардум вазифаи артиши неруманд аст, ки аҳамияти ҳифзи марз ва ҳаёти осоиштаро ҳассостар дарк месозад.

       Дар хотир бояд дошта бошем, ки тақдири миллат, ободиву осудагӣ ва ҳифзи ин марзу бум, аз ҳар як сокини кишвар вобастагии калон дорад.

      Дар даврони соҳибистиқлоли ҷавонон бояд як нуқтаро дарк намоянд, ки хизмат ба Ватан – Модар қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус буда, мактаби бузурги тарбия, ҷасорат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад. Аз ҳидоятҳои падаронаи Пешвои миллат бармеояд, ки ифтихори миллӣ, зиракӣ ва ҳушёрии сиёсӣ буда, вазифаи ҷонии ҳар шахси бомаърифат аз он иборат мебошад, ки Ватанамон – Тоҷикистонро чун гавҳараки чашм ҳифзу ҳимоят намоем ва онро азизу муқаддас шуморем.

Мутаасифона, чанд рӯз дар шабакаи иҷтимоӣ наворе пахш гардид, ки мо онро чун ҷанбаи манфии таблиғ қабул кардем. Чаро маҳз душманони миллат, дар ин шабу рӯзе, ки дар кишвар даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ идома дорад, паҳни чунин наворҳои нафратовар аз рӯи адалат нест.

Мо як чизро бояд фаромӯш накунем. Тоҷикистон дар саргаҳи соҳибистиқлолӣ аз даврони шӯравӣ ягон меросе надошт.  Дар як муддати кӯтоҳ мо чанд дастовардеро соҳиб шудем. Инро бояд нодида нагирифт

Тоҳиров Тоҳирҷон, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд