Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест. Террористону экстремистон хоинону ватанфурӯшон ҳастанд. Онҳо муқобили калонсолону кӯдакон ва муқобили ҳамдиёрону ҳамватанони худ ҳаракат мекунанд. Барои ҳифзи марзу буми ватан, мо бояд саҳми арзандаи худро гузошта, маърифат ва гуфтаҳои аҷдодонро ба роҳ монем.

Дар ҷаҳони ҳассоси имрӯза тамоми ҷангҳои минтақавӣ ва байнисарҳадӣ ҳама бо дастгириҳои хоҷагон ва ташкилотҳои террористӣ ба амал омада, ҳазорон одамони бегуноҳ олами ҳастиро падруд гуфтанд. Барои пешгирии ингуна зуҳуротҳо мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, ҳамеша аз баҳри омӯзиши дақиқ нисбат ба ягон ҳодиса ва воқеаҳои гузаштаи байнисарҳадии минтақаҳои ҷаҳон ва хулосабарории комили сиёсиро дошта бошем. Дар ин замон ҳама дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару кор доранд ва маълумотҳои дуруғин дар сомонаҳои иҷтимоӣ чархак мезананд, аз ин рӯ ҷавони муосирро мебояд донишҳои комили сиёсӣ дошта бошад.

Бисёр хуб шуд, ки коршинос оид ба масъалаҳои байналмилалӣ Абдуллоҳи Раҳнамо “Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?” бо далелҳои дақиқу саҳеҳ масъалаҳои марзиро баён намуданд, ки ин иқдом барои фаҳмиши сиёсии ҷомеа таъсири мусбат хоҳад расонд.

Инсоният аз давраи пайдоишаш то инҷониб ҳамеша ҳарис аст ва барои қонеъ кардани манфиатҳои худ дар замин мубориза бурда, ҳаёт мегузаронад. Инсон ҳамчун мавҷудоти биологӣ дар раванди фаъолияти зиндагии худ хусусият ва сифатҳои зиёди иҷтимоиро аз бар намуда, мавҷудияти ҷамъиятии худро таъмин карда ба шахсият табдил меёбад. Маънии «Шахсият», танҳо хусусият ва сифатҳои ҷамъиятии инсон-нутқ, шуур, одатҳои гуногун ва ғайраҳоро, ки ӯро мавҷудоти ҷамъиятӣ мегардонад, ба худ мегирад. Мафҳуми «шахсият» - ин тавсифи моҳияти ҷамъиятии инсон ва маҷмӯи сифатҳои ҳосил кардаи иҷтимоии  ӯ  дар ҷараёни зиндагиаш мебошад.

Дар зери мафҳуми муҳит маҷмӯи таъсирот, ҳодисоти берунаи ба одам таъсиррасонанда фаҳмида мешавад. Дар бораи муҳити табиӣ, ё ки ҷуғрофи- иҷтимоӣ ва хонагӣ гуфтан мумкин аст. Ҳар кадоме инҳо ба одам таъсироти ба худ хос доранд. Муҳити иҷтимоӣ ба ташаккули шахсият таъсироти зиёд дорад. Махсусан муҳити ҷамъиятие, ки бача дар он зиндагӣ мекунад. Муҳит инчунин гирду атрофи бевоситаи кӯдак, аҳли оила, ҳамсинфон, шароити ҳаёти ӯ хона, ҷиҳози он мебошад. Бинобар ин дар замони ҳозира мо бояд бениҳоят ҳушёр ва эҳтиёткор  бошем. Ба насли ҷавон ва наврас аз давраи кӯдакӣ то давраи оиладорӣ ба тарбия, шахсият ва муҳити ӯ аҳамияти хоса диҳем. Ба таълиму тарбия тавре роҳнамои кунем ки то ин ки онҳо барои бекориву зоеъ рафтани вақти холӣ фурсат наёбанд.

Имрӯз Тоҷикистон аз воқеаҳои ҷаҳони ислом бетараф шуда  наметавонад, зеро ки давлатҳое ки аз дасти ин террористҳо нотинҷ ҳастанд, ба давлати мо наздик ҳастанд. Ва душманони миллати тоҷик бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, давлати тинҷу сулҳпарварамонро вайрона созанд.

Мо бояд ба наврасону ҷавонон фаҳмонем, ки муттаҳид, якдил ва дастаҷамъ бошем, ба фисқу фасоди  хоинон дода нашавем, тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем, то ин ки ватани худро аз фисқу фасоди душманон эмин нигаҳ дорем. Ба ҳар яки наврас ва ҷавонон фаҳмонем, ки ҷиҳоди мо ҳифзу ҳимояи ватан, обод кардани он, хизмати падару модар, тарбияи фарзандон, гузоштани номи нек, насли солим ва хонаи обод мебошад.

Дабир Мирзоев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд