Имрӯзҳо тамоми кишварҳои оламро падидаҳои номатлуб, аз қабили терроризм ва экстремизм фаро гирифтааст, ки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ хатари ҷиддӣ эҷод карда истодааст. Ифротгароёну террористон зери  ниқоби дини мубини Ислом баромад намуда, барои ба ҳадафҳои нопоки худ расидан аз ҳар гуна воситаҳо истифода мебаранд.

         Тараққӣ кардани технологияи муосир ба гурӯҳҳои ифротгаро имконият фароҳам овард, ки барои паҳн кардани ғояҳои ғайриинсонии худ аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода баранд. Баҳри зиёд намудани сафи тарафдоронашон аз ҳисоби ҷавонону ашхоси норозӣ, раҳгумзада, камбизоат, бесавод, бекор корҳои таблиғотиро пурзӯр намудаанд. Мутаассифона, мардуми бешуур ва ноогоҳ аз мақсадҳои нопоки гурӯҳҳои ифротӣ ба доми афроди тундрави беватан меафтанд. Ин тоифа, махсусан, қишри асосии ҷомеаро, ки ҷавонон ташкил медиҳанд, ба шуури онҳо таъсири манфӣ расонида,  барои ба ҳадаф расонидани мақсадҳои нопоки худ истифода мебаранд. Ин хатари ҷиддист ба тамоми сайера ва аз ҷумла ба Тоҷикистони тинҷу ороми мо.

Чуноне ки сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пайваста иброз медоранд, “терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест, яъне террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад”, гувоҳӣ он аст, ки ин амалҳои номатлуб рабте ба ягон дин ва аҳкоми он надоранд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар байни дигар сарони давлатҳои дунё яке аз фаъолтарин шахсияте ба ҳисоб мераванд, ки баҳри аз байн рафтани ин «вабои аср» заҳмату талошҳои беандоза дошта, яке аз муборизони пешқадам дар самти пешгирӣ ва аз байн бурдани амалҳои номатлуб чун терроризму экстремизм шинохта шудаанд.

Дар баробари ин, шаҳрвандон низ дар паҳлӯи Ҳукумат барои ҳифзи суботу амнияти давлат кӯшиш намуда истодаанд, ки боиси ифтихор ва сарбаландӣ аст. Воқеан ҳам, бояд чунин бошад, зеро Тоҷикистон хона ва такягоҳи асосии ҳар як фарди тоҷик аст. Тоҷикистон ягона сарпаноҳ ва ҷои амне аст, ки ҳар як тоҷик метавонад, озодона фаъолият намояд. Аз ин рӯ, ҳар як фардро зарур аст, ки барои таъмини рушди устувори давлат ва таъмини суботу амнияти пойдор беш аз пеш ҳушёру зирак бошанд ва нагузоранд, ки бадхоҳе ва ё гурӯҳи ифротие ба осоиштагии давлат халал эҷод намояд.

Сайёд Ашӯров, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд