Дар шароити имрӯза ҷаҳонишавӣ  имконияти бузурги пешрафт ва дар айни замон таҳдидҳои ҷиддӣ  ва ҷадидро ба ҳаёти инсоният ворид сохта истодааст. Давлатҳои абарқудрат ба хотири манфиатҳои иқтисодиву сиёсӣ давлатҳои аз лиҳози сиёси сустарро майдони ҳарбу зарб табдил дода, бар замми даромадҳои азими иқтисодӣ аз ҳисоби нафту газ ҳамчунин яроқу силоҳу худро ба таъбири халқӣ «ба пул зада истодаанд».

Набардҳое, ки имрӯз дар мамлакати Ироқ ва Сурия доир шуда истода шаҳодати гуфтаҳои болоиянд. Касе ҳақ будани худро исбот карда наметавонад. Аз як сӯ аҳолии осоишта аз ин ҷанги бемаънӣ хисроти калони моддиву маънавӣ мебинанд. Аз сӯи дигар ҷони ҳазорон-ҳазор размандагон, ки худ намедонанд бо кадом мақсад вориди ҷанг шудаанд,  қурбони ин фирефтаю дасисаҳо гардида истодаанд. Барои инсоне, ки ақлу шуур дорад ин нобасомониҳо бояд дарси ибрат шавад. Ҳамонгуна, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ин росто қайд карда буданд : «..Ҷаҳонишавӣ  чун дар ҳама ҷо барои асолат  ва ҳуввияти миллӣ , арзишҳои волои ахлоқиву маънавӣ , симо ва сирати миллии мо хатари ҷиддӣ  эҷод намуд. Ба ин сабаб талоши мунтазам ва қотеонаи мо барои ҳифзи онҳо самти афзалиятноки фаъолияти дохилӣ  ва хориҷии давлати ҷавони Тоҷикистонро ташкил дод ва силсилаи чораҳои доманадорро тақозо  намуд»

Ба ҷузъ он ки имрӯз аслиҳаи асосии абарқудратҳо ташкили ғояҳои носоз дар зеҳну шуури ҷавонони навроҳи зиндагист, ҳамзабон ин гурӯҳҳо бо истифода аз дину эҳсос  ва мазҳаб мехоҳанд дар симои мусулмон мусулмони дигарро душман созанд. Яъне,  мазҳабгароиву ба гурӯҳҳо ҷудо шуданҳо, ки тайи чанд сад соли охир заифии мусулмонон аст, калиди асосии ҷангу хунрезиҳо гашта истодааст. Маҳз ҳамин омил аст, ки имрӯз муносибати Эрон бо давлатҳои арабӣ рӯ ба коҳиш ниҳодааст. Ва агар зиёиёин, соҳибназарон ва рӯшанфикрон дар ин самт андешаи ҷиддӣ накунанд, ҳоли сокинон чӣ мешавад, тақдир медонад.  

Коршиносони масоили сиёсии олам мазҳабгароиро хатари бузургтар аз экстремизиму терроризм медонанд, ки воқеан ҳам дуруст аст. Зеро экстремисти террорист бо як мақсад – нест кардани ҳадафи худ кор бубарад, пас пайравону тарафдорони ин ё  он мазҳаб  хостгори нест кардан ё ба ҷониби худ моил намудан қавм ё миллатанд, ки  воқеан ҳам ҷои андеша аст. 

Яке аз «сиёсати ҳадафманд»-и ҳизби ба ном наҳзати исломии Тоҷикистон, ки соли 1991 таъсис ёфта, дубора соли 1999 аз ҷониби Вазорати адлия сабти ном шуда буд, маҳз таблиғу ташвиқи ғояҳои ҷараёни мазҳаби шиа дар Тоҷикистон буд. Мубаллиғони  ин ҳизб, ки аз мактаби бузурги сиёсатмдорӣ ва адабиёти Эрон огоҳ буданд, мехостанд арзишҳои миллии мо-адабиёт, фарҳанг, таърих, нангу ор ва номуси миллии моро ба адабиёту фарҳанги бегона иваз карда, бо ҳамин номи Тоҷикистонро аз харитаи ҷаҳон пок созанд. Ин парда замоне аз рӯи чеҳраҳои шинохтаи ин ҳизб бардошта шуд, ки худи роҳбарияти олии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки маркази таблиғи шиапарастии ҷаҳон маҳсуб меёбад, онҳоро паноҳандагӣ дода, дар сатҳи давлат ва ҳукумат пазироӣ карданд ва ба конференсияи исломӣ расман даъват намуданд. Ҳол он ки ҷониби Тоҷикистон, як қатор ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ин ҳизбро ҳамчун ҳизби экстремистиву террористӣ эълон доштаанд. Аммо ҷониби Эрон ин ҳамаро нодида гирифт, муносибатҳои ҳазорсоларо, ки моро дӯстӯ қарин менамуд, пушти по зад.  Ба Кабирӣ -шахси аввали ҳизб имкон доданд, то «дарди дил» кунад. Аз ҳадафҳои иҷронашудаи «судмандаш» нақл кунад. Гузашта аз ин онҳо аз созмонҳои бонуфузи олам даъват ба амал оварданд, ки ба «нақзи ҳуқуқҳояшон» дар Тоҷикистон истодагарӣ намояд.

Мусоҳибаи рӯзноманишгор Шарифи Ҳамдампур бо Азизов Шамс Одинаевич, судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «То табаддулот се рӯз монда буд» худ парда аз чандин амалҳои номатлуби ин ҳизб, ки пуштибони аслиаш Эрон аст, бардошт. Дар посух ба саволҳои хабарнигор номбурда такя ба далелу аснодҳо исбот кардааст, ки ҲНИТ натанҳо мубаллиғи асосии шиапарастӣ дар кишвар, ҳамчунин барангезандаи ҷанги дубораи шаҳрвандӣ будааст. Роҳбарони ин ҳизб дар минтақаҳо барои силоҳноккунии гурӯҳи муташаккила саҳм гузоштаанд. Пас саволе ба миён меояд, ки силоҳу маблағҳои ҳангуфт, ки ба Ҳоҷиҳалим Назарзода зимни баргузории амалиётҳо ба зархаридон маблағ дод, аз кадом ҳисоб буд?  Худ маълум, ки ҳизб бозичаи дасти Эрон буд.

Агар ин хел намебуд, чаро онҳо тавассути ҳизби таъсисдодаашон-ҳизби наҳзати Ислом дар байни мардуми мо тухми низову нифоқ ва бадбинӣ, беэҳтиромӣ нисбат ба таъриху анъанаҳо ва арзишҳои миллӣ мекоштанд. Бо амали Назарзода мехостанд заъифии ин давлату миллатро нишон диҳанд, бигӯянд, ки оромиву осудагии мардумро ин Ҳукумат кафолат дода наметавонад. Аммо тирашон хок хӯрд, як идда аз ин ваҳшиёни ташнаи хун мисли лошахӯрон ҷони худро аз даст доданд, қисми дигар мисли шағолони тарсӯ ва нобакор ба лонаи худ –Эрон фирор карданд ва баъди ин амалҳои ноҷавонмардонаи худ орому осуда ва бо карру фар нафас мекашанд.

 Мардуми тоҷик ин гуна амалу кирдорҳои зиддинсонии онҳоро фаромӯш нахоҳад кард. Аз ҷазои мардум то имрӯз касе раҳо наёфтааст. Гарчанде ин қотилону саркардагонашон муддатҳо аз ҷазои қонун фирор мекарданд, оқибат гирифтор шуданд, онҳоро ҷазои аз ҳама вазнин – нафрату лаънати мардум интизор аст.

 Таърихи талхи начандон дури Ватанамон моро водор месозад, ки сари ҳар гуфтору рафтори «исломиёни бунёдгаро» ва «хоҷагони» онҳо дуруст хулоса намоем. Пешгирии ҷараёну ҳаракатҳои ғайриқонунӣ кори дастҷамъона аст. Бояд дар мактабу коргоҳҳо ва оила моҳияти аслии мухолифони заифи мо, чеҳраи манфури иҷрокунандаҳои ин амалҳоро ба аҳли ҷомеа нишон диҳем. Он гоҳ мо қарзи худро дар назди Ватан адо ҳоҳем кард.

 

Абдусабур Абдуваҳҳобов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд