Дар рӯзномаи «Согдийская Правда» (24 ноябри соли 2017) мақолаи муфассале таҳти унвони «Шоҳиди зиндаи бедодии ҲНИТ» чоп гардид. Дар он сӯҳбати Сияҳаков С.Ш. - яке аз роҳбарони САМНИТ (ниҳоди амнияти ИНОТ) дар солҳои 90-ум асри гузашта оид ба фаъолияти тахрибкоронаи ҲНИТ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон оварда шудааст.

 

      Сияҳаков С.Ш. бо санаду далелҳои раднопазир оид ба фаъолияти зиддидавлатии  намояндагони ин ҳизб ва ҳомиёни хориҷии он маълумоти амиқ ва дақиқ оварда, фаъолияти ифротгароии онро маҳкум намудааст. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ баъзе тоҷикон кишварро тарк намуда, маҷбуран ба хориҷа фирор карданд. Пас аз тарк намудани Ватан, беш аз як миллион муҳоҷирони тоҷик дар қароргоҳҳои махсуси кишвари Афғонистон нигоҳ дошта мешуданд. Шароит ва муҳити зиндагиашон тоқатфарсо бошад ҳам, маҷбуран он ҷо маскан гирифтанд, зеро ки зодгоҳ ноором буд. Аз фурсат истифода бурда, сарварони мухолифин ва ҳомиёни хориҷии онҳо дар байни мардуми гуреза ва гумроҳ таблиғу ташвиқ мебурданд, то ки онҳоро дар мубориза бар зидди Тоҷикистони соҳибистиқлол истифода баранд. Дар ин ҷода мухолифинро асосан намояндагони давлатҳои исломии хориҷӣ дастгирӣ менамуданд. Онҳо бо ҳар роҳ, ҳам моддӣ ва ҳам маънавӣ ба роҳбарони ҳизб ва гурезагон таъсир расонида, аз ҳисоби онҳо гурӯҳҳои ифротгароӣ ташкил намуда, барои мубориза ба Тоҷикистон сафарбар мекарданд. Аз ҷумла роҳбарони ҲНИТ низ дар байни муҳоҷирон таблиғот бурда, онҳоро зидди Ҳукумати қонунии Тоҷикистон омода менамуданд. Дар ин кор онҳоро асосан ҳомиёни эронӣ сарварӣ менамуданд ва тавассути маблағ онҳоро дастгирӣ менамуданд. Маҳз ҳомиёни эронӣ онҳоро сарпарастӣ намуда, барои амалӣ намудани мақсадҳои ғаразоноки худ истифода мебурданд. Маълум мешавад, ки намояндагони Эрон, зери ниқоби гурӯҳҳои башардӯстона, алалхусус «Ҳилоли Аҳмар» дар байни аъзоёни ҳизб ва гурезагон мунтазам ташвиқот мебурдаанд.

        Аҷобаташ ин аст, ки пас аз табаддулоти давлатии солҳои 70-уми асри гузашта Эронро низ ҳазорон сокинонаш тарк намуда, ба давлатҳои хориҷа муҳоҷират намуданд. Зимнан, дар Аврупо ва ИМА  эрониёни зиёде зиндагӣ доранд, доимӣ он ҷо маскан гирифтаанд, вале  зодгоҳ ва ватанро мудом ёдовар мешаванд ва нисбаташ хиёнат намекунанд. Вале чаро фиристодагони эронӣ гурезагон ва муҳоҷирони тоҷикро дар хориҷи кишвар зиддӣ давлат ва миллати худ барангезонданд? Чаро барои ноором намудани Тоҷикистони соҳибистиқлол мекӯшиданд? Чаро имрӯз ҳам Эрон сарварон ва аъзоёни ҲНИТ, ки дар Тоҷикистон фаъолияташ манъ карда шудааст, хуш қабул намудаанд?  Бояд роҳбарон ва ҳукумати давлати Эрон оид ба чунин муносибат ба давлати ҳамсоя, ҳамзабон ва дӯст - Тоҷикистон андеша намоянд ва муносибатро муташанниҷ  нанамояд.

        Мақсад ва ҳадафи ҲНИТ аз соли таъсисаш ва аз қадамҳои аввалинаш маълум буд, яъне ба сари қудрат омадан ва ташкили давлати исломӣ дар Тоҷикистон мебошад. Вале роҳбарияти ҳизб бояд андеша намояд, ки мардуми тоҷик, миллати тоҷик чунин давлатро ҷонибдорӣ мекунанд? Қариб ҳамаи мардуми Тоҷикистон мусулмонанд, пайравони дини Ислом мебошанд ва ба он эътиқод доранд. Вале ин чунин маъно надорад, ки онҳо бояд аъзои ҲНИТ бошанд ва аз рӯи барномаи он амал намоянд, инчунин ҳама талабот ва хоҳиши онҳоро дастгирӣ кунанд. Азбаски ҳадафҳои асосии ҳизб ба пешравии давлати соҳибистиқлол мусоидат наменамуд, теъдоди аъзоёнаш низ зиёд набуданд ва минбаъд дар натиҷаи фаъолияти зиддидавлатӣ дигар аъзоёнаш низ ҳизбро пайваста тарк менамуданд.

      Дар мубоҳисаи Сияҳаков С.Ш. ному насаби роҳбарон ва пайравони зиёди аъзоёни ҲНИТ оварда шудааст, ки ба гурӯҳҳои мухталиф шомил буда, ба муқобили сиёсати Ҳукумати конститутсионӣ зид баромадаанд. Аз ҳамин сабаб, бархе аз пайравони фаъоли ҳизб ба Ватан барнагашта, дар хориҷи кишвар монданд. Зеро ки онҳо аз аввал зидди сиёсати давлат баромада, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бедодгарӣ ва зулми зиёде нисбати мардуми бегуноҳи минтақаҳои мухталифи кишвар раво диданд. Сияҳаков С.Ш. оид ба фаъолияти ин афрод сухан ронда, доир ба таълимот гирифтанашон дар Эрон маълумоти мушаххас овардааст. Ба муддатҳои гуногун роҳбарон ва размандони муҳоҷир дар хориҷа таълим гирифта, ба минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон барои амалиёти тахрибкорӣ сафарбар карда мешуданд.

         Дар солҳои охир низ тавассути фаъолияташ роҳбарият ва аъзоёни ҲНИТ дар Тоҷикистон мунтазам ба қонуншиканӣ роҳ дода, барои нооромии кишвар даст мезаданд. Аз ин рӯ, манъ кардани фаъолияти ҲНИТ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асос дошта, дар мубоҳисаи Шариф Ҳамдампур  бо судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизов Шамс Одинаевич таҳти унвони «То табаддулот се рӯз монда буд», ки атрофи қарори Суди Олӣ оид ба манъ кардани фаъолияти ҲНИТ ва ҳамчун ташкилоти террористӣ - экстремистӣ шинохтани он қонунӣ мебошад.

Мудири кафедраи фанҳои

умумитаълимии  ДПДТТ                                                                                                                                       Раҳмонов З.А.