Бо назардошти таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои об, бахусус пиряхҳо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии навбатии худ дар Иҷлосияи 76-уми Маҷмаи умумии СММ аз зарурати эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бори нахуст дар ҷаласаи нахустини сатҳи баланди гурӯҳи муассисони Эътилофи ҷаҳонии обу иқлим аз ҷониби Сарвари давлат пешниҳод гардида буд, ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки ташаббуси мазкур барои ҷалби бештари таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли масоили обу иқлим ва обшавии пиряхҳо мусоидат хоҳад кард. Ба андешаи коршиносони соҳа, пешниҳоди ташаббуси навбатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба эълони соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар шароити имрӯзаи тағйирёбии иқлим муҳим ва саривақтӣ мебошад.

Ин ҷо намунае аз як гӯшаи саршори обҳои поку беғаш ва тозаеро аз Тоҷикистони соҳибиқбол меорем, ки он ҳам дар мисоли Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маҳсуб ёфта, ки он иқлими ба худ хосро дорост ва манбаи оби тоза мебошад. Яке аз номвартарин манобеи обӣ дар Бадахшон ин прияхи Федченко мебошад, ки калонтарин пиряхи   Осиёи  Марказӣ  маҳсуб  ёфта,   дар  ВМКБ  маскан гирифтааст. Дарозии  он 77 км, паҳноиаш аз 1700 то 3100 метрро дар бар гирифта, аз нишебии  шимоли  қаторкӯҳҳои Язгулом ибтидо меёбад. Пирях  шохаҳои зиёд дорад. Нуқтаи баландтарини пирях 4200 метр муайян шудааст. Қисми миёнаи пирях дар як шабонарӯз бо суръати 70 — 75 см ҳаракат  мекунад.  Аз  зери  пирях  дарёи  Селдара ҷорист. Ҷоришавии  оби  он  дар  фасли   тобистон ба 300 м_3 сония мерасад. Умуман, ВМКБ дорои ҳашт пирях мебошад, ки аз онҳо дарёҳҳои тозаи мусаффо ҷорӣ мегарданд. Ин гӯшаи саршори обҳои зулол дорои 18 кӯлҳои гуногун мебошад, аммо кӯли чуқуртаринаш Сарез аст ва он яке аз кӯлҳои зеботарину бонуфузи Тоҷикистони мост. Он дар натиҷаи  зилзилаи шадид (7-9  балл  аз  рӯи  ҷадвали   Рихтер)  пайдо шудааст.  Кӯли  Сарез  солҳои  тӯлонӣ мешавад, ки  таваҷҷуҳи  тадқиқотчиён,  олимон,  адибон ва сайёҳони  одиро  ба  худ ҷалб  намудааст. Он  қариб  60  км  дарозӣ  дорад,  умқи максималии  он  то  ба  505  метр  расида,  ҳаҷми оби ҷамъшудааш 17км3-ро ташкил медиҳад. Мусаллам аст, ки Бадахшони нозанинамон дорои захираҳои зиёди обҳои тоза ва чашмаҳои шифоӣ буда, истифодаи оқилонаи онҳо аз фоида холӣ нест. Дар ҳудуди вилоят 72 манбаи обҳои гарм ва минералӣ мавҷуданд, ки на ҳамаи онҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд. Аз 72 манбаи оби гарм ва минералӣ 13 ададашонро дар соҳаи агросаноатӣ истифода бурдан мумкин аст. Дар таъмин намудани аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ва полезӣ саҳми "Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистон" назаррас аст. Тӯли даҳ соли охир дар ҳудуди вилоят дар масофаи 1450 км қубурҳои обгузар васл гардиданд. Бо истифода аз таҷрибаи олимони Пажӯҳишгоҳи биологии Помир айни ҳол дар мавзеи Ҷелондеҳ шахсони алоҳида дар шароити гармхонаҳо парвариши сабзавотро ба роҳ мондаанд ва хулласи калом ин ки Бадахшони Тоҷикистон  сарчашмаи асосии оби тозаи мамлакат ба ҳисоб рафта, дар оянда интиқол додани оби тозаи он ба дигар кишварҳои ҷаҳон низ имконпазир аст.

Дар сатҳи номуайяну номушаххас ҷойгиршавии захираҳои об пеш аз ҳама ба сатҳи релеф ва омилҳои иқлимӣ сахт вобастагӣ дорад. Масалан, дар минтақаи муътадил ва экваторӣ ба як нафар 25 ҳазор М-3 оби нӯшокӣ дар як сол, вале дар минтақаи биёбону нимбиёбон, ки аз 1/3 ҳиссаи аҳолии дунё зиндагӣ мекунанд, ба як нафар ҳамагӣ 3 ҳазор М-3 об рост меояд. Ин обро ҳам аксар барои обёрии замин истифода мебаранд.Аммо иқдому рисолатҳои шоистаи садри кишвар  ҷиҳати пиёда гардидани ҳамкориҳои бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ дар роҳи расидан ба рушди устувор дар соҳаи об заминаи мусоид фароҳам меорад.

Қобили қайд аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли 2021 дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим, ки дар шакли видеоконференсия баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд. Сарвари давлат сабаби асосии тағйирёбии иқлимро дар обшавии босуръати пиряхҳо дар натиҷаи гармшавии сайёра маънидод намуда, таъкид доштанд, ки обшавии пиряхҳои Арктика ва Антарктида боиси баландшавии сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ гардидааст ва ин омил, дар навбати худ метавонад ба ҳаёт ва некӯаҳволии садҳо миллион сокинони Замин, хусусан дар кишварҳои хурди ҷазиранишин ва минтақаҳои наздисоҳилии онҳо таҳдид ба бор орад. Ғайр аз ин, роҳбари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки соли 2025 "Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо" ва  ҳамзамон "Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо" муайян шуда, "Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо" таъсис дода шавад.

Садри олии мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1 декабри соли 2010 зимни суханронй дар ҳамоиши ахири сатҳи олии САҲА таваҷҷӯҳи аҳли сайёраро ба масоили амнияту субот дар минтақа ва ҷаҳон, истифодаи босамари захираҳои обию энергетикӣ, бартарафсозии монеаҳои сунъии нақлиётию транзитӣ, ҳифзи муҳити зист ва пешгирии фаъол аз гармшавии иқлим, хусусан дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ҷалб намуд.

Ширкати пайвастаи Тоҷикистон дар чорабиниҳои САҲА, хусусан иштирок ва суханронию масъалагузориҳои роҳбари кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоишҳои сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзои ин созмон

- 3 декабри соли 1994 дар Будапешт,

- 30 декабри соли 1996 дар Лиссабон,

- 18 ноябри соли 1999 дар Истанбул,

- 1 декабри соли 2010 дар Остона ва дар Форуми VIII иқтисодии САҲА

- 10 апрели соли 2000 дар Прага ба рушди ҳамкории бисёрҷанба мусоидати фаъол намуданд.

Аслан, омӯзишу таҳқиқотҳоро бобати мавзӯи обу пиряхҳо мавриди назар қарор диҳем дармеёбем, ки ҳанӯз аз замонҳои насли аввали инсон ҳам обу пиряхҳо масъалаи муҳиму рузмарра ба ҳисоб мерафтааст, чун ин ҷо як намунаеро меорем, ки одамон аз замонҳои қадим боварӣ доштанд, ки дар Уқёнуси Ҷанубӣ қитъае вуҷуд дорад, ки ҳамеша мавриду омӯзишу пажуҳиши олимони дунё қарор мегирад. Маҳз 200 сол пеш, маллоҳони Русия боз як қитъаи дигар - Антарктидаро кашф карда буданд. Аз он вақт инҷониб, он танҳо барои мақсадҳои илмӣ аз худ карда шудааст. Дар натиҷа пешгӯии обу ҳаво дақиқтар гардид, солномаи иқлимии Замин дар тӯли миллион сол барқарор карда шуд, ояндаи сайёра дар давраи гармшавии глобалӣ маълум шуд. Дар бораи кашфиётҳои муҳимтарин ва лоиҳаҳои нисбатан мувофиқ аст.

 

Сайёд Ашӯров, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд