Ислом ба зоти худ надорад айбе,

Ҳар айб ки ҳаст, дар мусулмонии мост.

Дини мубини ислом аз ҳамон вақте ки буруз кард, душманони зиёде дошту дар пайи несту хароб кардани он афтода буданд. Азбаски ин дин ваҳдат, адолат, садоқат, назофат ва саломатии руҳу танро талқин менамуд, муътақидони зиёдро пайдо кард. Аммо хусумат дар вуҷуди як гурӯҳ мардуми ҷоҳил ва золим ниҳон буду неш задан мехостанд. Диданд, ки муқобилат бефоида аст, дар ниқоби дин таблиғи ниятҳои нопок ва ғаразноки хешро оғоз карданд. Имрӯзҳо ин мазҳабҳои номатлуб чун «Ҳизб-ут-таҳрир», «Салафия», «Бародарон» ва ғайра байни мардум маълуманду  сад афсӯс, ки аксари ҷавонон ба он гаравида мешаванд. Хусусан, ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистии ташкилоти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон боиси маҳкум аст. Зеро эшон дар ниқоби дин ҳадафҳои хусуматомезу таҳрифгаронаашонро мехостанд амалӣ созанд. Ҷавононе ки асли дин ва таърихи онро намедонистанд, бо якчанд суҳбат пайрави онҳо мешуданд. Охир, «Ад-дину назифатун» гуфта мешавад, ки маънояш дин покизагист. Шахси муъмин набояд ҷангу ҷидолу хусумат варзад, ё хуни бародари худро резад, оромӣ ва осудагиро халалдор намояд, ки ин ҳама ҳаром аст. Дар ҳама кутуби муқаддас ва ниёкон ҳурмати ҳокими давр таъкид мегардад. Сарвари кишвар сояи Худоро дар замин монад ва итоату ҳимояти сиёсати ӯ шарти аввалин аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамон лаҳзаи ба арсаи сиёсат қадам заданашон бо як ҷонфидоии ҷавонмардона баҳри оромӣ ва ваҳдат кӯшиданд. Бо сарварии эшон ба чандин дастоварди бузург ноил шудем, Тоҷикистон қомат рост кард, шукуфон гашт, қалбҳои мардум шоду умед ба ояндаи нек пайдо гардид. Акнун намехоҳем, ки ин оромии бо хуни дил бунёдкарда халалдор шавад. Мазҳабгарӣ ва тафриқаандозӣ аз азал падидаи зараровар маҳсуб ёфта, ҳанӯз паёмбари ислом умматони хешро ҳушдор мекарданд, ки дар ҷамъият ақидаҳои нодуруст ва бе асноди худро паҳн накунанд ва пароканда насозанд. Дар яке аз аҳодиси Муҳаммад (а) омадааст: «Мехоҳед ки шуморо аз амали беҳтар аз рӯза ва беҳтар аз эҳсон ва намоз огоҳ намоям? Эҷоди сулҳ байни ду  тан». Агар ки чунин аст, чаро байни ҷомеа тафриқаву  ҷудоӣ меандозанд, магар Қуръон ва аҳодиси паёмбар дастури эшон нест? Пас, ин тоифа мардум душмани ислом ҳастанд ва набояд муъмин хонда шаван

Худ қазоват кунед, ки аз замони истиқлолият то имрӯз бо ибтикори Сарвари кишвар чи қадар ободкориҳо  дар самти иқтисоду сиёсату фарҳанг ба субут расиданд. Соли 2009 -  Соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон гардидан ва чоп гардидани тарҷумаи Қуръони карим ва якчанд китобҳои судманд аз ҳадяҳои бузурги Президенти кишвар ба аҳли кишвар ва тамоми мусулмонон мебошад. Бояд ҳамаи мо баҳри амалӣ гаштани ҳадафҳои неки стратегии кишвар қувваи худро равона кунем, нагузорем, ки ваҳдату ягонагии мамлакат вайрон гардад. Барои он ки ҷавонони мо ба ақидаҳои нодуруст бовар накунанд ва ба ҳар ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб гаравида нашаванд, чунин корҳоро судманд меҳисобем:

  1. Ҳар ҳафта як маротиба ташкили хониши сиёсӣ аз ҷониби устодон ва омӯзгорони пуртаҷриба дар муассисаҳои олии касбӣ ва миёна.
  2. Ташкили дарсҳои мубоҳисавӣ ва нишон додани сиёсати давлат.
  3. Таваҷҷуҳи волидайн дар маърифатнокии фарзандон
  4. Саҳми ҳар як шаҳрванд дар маҳалла баҳри таблиғи дуруст ва талқин намудани ватандӯстӣ.

Рисолати муҳими мо - зиёиён, пеш аз ҳама  на балки тарбияи мутахассисони кордон, инчунин дар сиришти толибилмон ҷо намудани ғояҳои инсондӯстӣ, меҳнатқаринӣ, меҳанпарварӣ мебошад. Танҳо сипари дониш ва маърифати баланду ҳуввияти миллӣ метавонад аз ҳар гуна  ҳуҷумҳои ғаразнок ҷавононро нигаҳ дорад. Пас, биёед,  кӯшем то  баҳор оварем ва сармои аҳзоби ғараздорро ба дуриҳо андозем ва даст ба кори неку солимии ҷомеа пайкор биварзем.

 

Файзиева Шафоат – омӯзгори калони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи ак.М. Осимӣ