Хизмат ба Ватан – Модар қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус буда, мактаби бузурги тарбияи ирода, ҷасорат, шуҷоат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад. Афсарону сарбозони далери Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба савганди ҳарбӣ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан – Модар ва халқу давлати хеш бо сарбаландӣ адо мекунанд ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз сафарбар месозанд. Ҳамин сипоҳиёни Ватан ҳастанд, ки мо ором мехобем ва аз ин лаззати тинҷиву оромӣ мечашем.

  Таҳким бахшидан ва неруманд сохтани Артиши миллӣ аз тарбияи хуби ҷавонон дар рӯҳияи ҳарбӣ – ватандӯстӣ вобастагӣ дорад. Хизмати Ватан – Модар вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби мардонагӣ ба шумор рафта, онҳо маҳз дар ин ҷо далеру шуҷоъ тарбия меёбанд ва ба халқу Ватан содиқона хизмат менамоянд. Дар самти ҷалби ҷавонон ба хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола тадбирҳои нав роҳандозӣ ва татбиқ мешаванд.

  Барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби тарбия ва обутоби бадан ин хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар мебошад. Ҷавонони муассисаи таълимиро мебояд аз ин далерию шуҷоат дарси ибрат гиранд, чунки суботу оромии кишвар ва ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодӣ аз ҷавонони чолоку ҳушёр вобастагии зиёд дорад. Бо боварии комил метавон гуфт, ки Тоҷикистони соҳибистиклоли мо бо ҷавонони боору номусаш ва бо далерони шуҷоаш беш аз пеш ободтару шукуфонтар мегардад.

  Маврид ба зикри хос аст, ки сафи ҷавонони ихтиёран ба Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамроҳшаванда сол аз сол зиёд мегардад ва ин нишони баланд гардидани ҳисси ватандӯстиву ифтихори миллии насли ҷавон мебошад. Ҷавонони мо дар сафҳои Артиши миллӣ сарбаландона хизмати Модар – Ватанро иҷро карда, бо матонату шуҷоати худ собит менамоянд, ки ҳифзи марзу буми аҷдодӣ қарзи фарзандии онҳост.

  Имрӯз мардуми мо нафаси осуда мекашанд ва бо эътимоди комил, дилҳои пур аз умед, орзуҳои наҷиб ба сӯи фардои дурахшони хеш собитқадамона роҳ мепаймоянд. Сад шукр, ки миллати соҳибтамаддуни тоҷик ин ҳама пастиву баландиҳои рӯзгорро паси сар намуд ва имрӯз бо роҳбарии Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайи ободкориву созандагист. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки ба қадри ин ҳама тинҷиву оромӣ биресем ва шукргузор аз ин неъмат бошем

Тоҳиров Тоҳирчон, устоди ДПДТТ шаҳри Хуҷанд