Мо-устодони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, ки дар фазои сулҳу оромӣ бо истифода аз шароитҳои мусоиди таълимӣ ба шогирдон дарс мегӯем, аз он изҳори ташвиш дорем, ки ҳоло низ дар ҷомеа мисли «ҳизб»-и Шумоён гуруҳҳое мавҷуданд, ки мехоҳанд ба оромӣ ва пешрафти кишварамон халал ворид созанд. Он навиштаҳои бӯҳтонангез ва изҳороти бе сару нӯги дастандаркоронатон бо истифода аз минбарҳои моҷароҷӯй имрӯз наметавонад иродаи халқи ваҳдатшиори кишварамонро шиканад. 

Муҳтарам Муҳиддин Кабирӣ, Шумо воқеан ҳам  агар лидери як ҳизби «пурқувват» мебудеду дар ҷомеа, хоссатан миёни ҳамкешони худ мақом ва мартаба медоштед, имрӯз паноҳандагиро дар кишварҳои Аврупо намегирифтед, балки бегуноҳии худро дар Ватан исбот менамудед. Он далелу рақамҳои малулхотир, ки солҳои охир нисбати ҳизби шумо ошкор шуд, пештар ҳам давлат ва ҳукумат медонист. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири сулҳи бебозгашт ва таъмини амнияти миллӣ борҳо аз гуноҳҳои ба қавле «кабираи» Шумо ва пайравонатон баромада буданд. Вале душманӣ, ки дар дилу тинататон ҷой буд, боз амалҳои ноҷавонмардонаи солҳои навдумро такрор кардан хостед.

Мо қатъиян аз Шумо ва ҳаммаслаконатон талаб дорем, ки таҳрибкориро бас кунед, обрӯи миллати тоҷдори моро дар арсаи ҷаҳонӣ нарезонед. Ба навиштаҳои муғризонаи худ хотима бахшед. Баръакс, нафарони ҳамсафу кӯрдили худро ҳушдор диҳед, ки халқи шарифи кишвар дигар гумроҳиро ба гӯшаи фаромӯшӣ бурдаанд. Мо якдил ва яктанем ва барои ободиву тинҷии мамлакатамон тифоқона кор мебарем. Ягон душман ҳақ надорад, ки бо қиммати ҷони ҳазорон-ҳазор ҷавонон, оҳу зори модарони дилфигор ва заҳматҳои шабонарӯзи Сарвари давлат  сулҳи ба дастовардаро ба норомӣ бадал кунад. 

 

Раҳмонов А, Акбаров А, Ғуломнабиев С, Раҷабов Ғ, Темирова Ҳ, Аминов Ф, Темирова М, Бобоҷонова Н, Холиқов М, Файзиева Ш, Абдуваҳобов А, Масаидов Ҷ, Раҳматова М, Ҷалилов Ф, Солиев З, Холматов Т, Тошхӯҷаев Н, Акрамов З, Исомаддинова Р , Бобоева Т, Хоҷаева Н, Довудов З, Ғозиева М