Дар тӯли чанд сол инҷониб дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардида истодааст. Ҳадаф аз гузаронидани ин чорабиниҳо рушди завқи бадеӣ ва боло бардоштани маърифати толибилмон буда, минбаъд барои пеш бурдани ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар мусоидат хоҳад кард.

Бо мақсади амалӣ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз санаи 3-юми феврали соли 2022 таҳти №АП-155 доир ба баргузор намудани озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар Донишкадаи полтехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ аз санаи 11-уми апрел то 15-уми апрели соли ҷорӣ даври якуми озмун гузаронида шуд.  Даври аввали озмун дар факултетҳои донишкада байни донишҷӯён аз курси як то чор тариқи анкета-пурсишнома, ки дар он ҷадвали саволҳо аз миқдори китобҳои хондашуда ва байтҳои ҳифзкарда иборат буданд, гузаронида шуд. Аз байни иштирокчиён донишҷӯёни бисёр қироатнамуда ва ҳифзкарда интихоб шуда, дар даври дувум даъват шуданд. Дар даври дувуми озмун 25 нафар донишҷӯён аз 4 факултет иштирок намуда, 17 нафар баргузида шуданд, яъне онҳо ба даври севум роҳхат гирифтанд.

Қобили зикр аст, ки дар байни донишҷӯёни донишкада нафароне ҳастанд, ки бо эҷоди шеър машғул буда, бо шоирони муосир робита доранд ва малакаву истеъдоди худро сайқал дода истодаанд. Инҳо донишҷӯёнии соли дуюм, ихтисоси 2-700201 та Аминзода Абдусаттор ва Деҳқонов Амирҷон ва донишҷӯйи ихтисоси 2-440101 та Олимзода Хусрав мебошанд. Барои аз шеъру шоирӣ бохабар шудан ва инкишофи завқи бадеӣ донишҷӯёни номбаршуда ду сол боз аъзои маҳфили илмии “Фарҳангшиносон” мебошанд, ки роҳбарии онро омӯзгори кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ Муллоусмонова Г.Ғ. ба зимма гирифтааст. Донишҷӯён бо устодони кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ низ дар самти эҷодӣ пайваста дар алоқа мебошанд. Аксари  иштирокчиёни ин маҳфили номбурда дар озмун иштирок намуданд ва ҷойҳои сазоворро гирифтанд.

Даври донишкадавии озмун дар толори донишкада ботантана гузаронида шуд. Аз ҷониби мудири китобхона ва кормандон намоиши китобҳо ташкил гардид. Донишҷӯён бо китобҳои нави чопгардида шинос шуданд. Толор бо овезаю лавҳаҳои тарғиботӣ оро дода шуда буд. Сухани ифтитоҳиро муовини директор оид ба корҳои илм ва инноватсия Ахмедов У. иброз дошта, доир ба мақсад ва моҳияти озмун ҳарф зад ва таъкид карда гуфт, ки имсол низ бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи муассисаҳо ва макотиби олӣ озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” гузаронида шуда истодааст. Дар донишкадаи мо низ озмун ҳар сол дар сатҳи баланд гузаронида мешавад. Инчунин ӯ ба иштирокчиёни озмун барору комёбӣ хоста, зимоми суханро ба мудири кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ Ҷӯраева Д.Р. супорид. Мавсуф зикр намуд, ки хондани китоб, на балки нутқро инкишоф медиҳаду ба кас завқи бадеӣ мебахшад, инчунин ниҳоди инсониро пок месозад ва ба накукориву созандагӣ ҳидоят мекунад. Он касе ки пайваста китоб мехонад, тафаккураш низ рушд мекунад ва тавфиқ меёбад.

Бо шукрона аз ваҳдату оромии Тоҷикистон гузаронида шудани чунин чорабиниҳо боиси сарбаландии мост ва моён ҷавобан ба ин дилсӯзӣ ва иқдомоти наку бояд бештар омӯзем, сулҳу суботи кишварро таҳким бахшем, дар амал дониши хешро татбиқ намоем. Баъдан муовини директор оид ба корҳои илм ва инноватсия Ахмедов У. ҳамагонро бо ҳайати комиссия ошно намуд.

Раиси комиссияи озмун: Ҷӯраева Д.Р. – мудири кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ.

 

Аъзоёни комиссия:

Мудири  кафедраи забонҳои хориҷӣ: Солиев З.Т.,  омӯзгорони кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ:   н.и.ф. Раҳмонов З.А., н.и.п. Темирова Х.И.,  н.и.ф. Раҳматова М., Хоҷаева Н., Файзиева Ш.М. ва котиби озмун: ассистенти кафедра Муллоусмонова Г.Ғ.

Минбаъд иштирокчиёни озмун тариқи қуръапартоӣ ҷойи худро муайян намуда, бонавбат баромад карданд. Ҳайати комиссия тибқи талаботи озмун ба нутқу тарзи баён, хулосабарорӣ ва қироати китобҳои пешниҳодшуда хол гузоштанд. Дар даври сеюм 17 нафар беҳтаринҳо иштирок намуда, ҷойҳо чунин муқаррар гардиданд.

Ғолибони даври донишкадавии озмуни ҷумҳуриявии

“Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”

 

Ному насаб

Курс, гурӯҳ

Баҳогузорӣ

Ҷойи ишғолнамуда

Адабиёти ҷаҳонӣ (назму наср)

 

1

Каримова Хушнуда

 

3_45.01.02ра

9 хол (120 асар, 400байт)

I

2

Маҳмудова Рисолатбону

2_40.01.02тб

 7 хол (170 асар, 300 байт)

II

3

Маҳмудова Зебунисо

1_40.01.02та

 6 хол (120 асар, 200 байт)

III

Адабиёти классикии форсу тоҷик (назму наср)

 

4

Бобоев Мӯҳсинҷон

4_44.01.01тб

8 хол (15 асар, 3000 байт)

I

5

Шокиров Пайрав

4_40.01.01та

7 хол (20 асар, 2000 байт)

II

6

Саидов Олимҷон

4_25.01.04тб

6 хол (40 асар, 100 байт)

III

Адабиёти муосири тоҷик  

 

7

Қурбонқулов Ҷаҳонгир

2_25.01.04та

7 хол (10 асар, 1500 байт)

I

8

Шарипов Дониш

4_43.01.03тб

6 хол (40 асар, 250 байт)

II

Эҷодиёти назму наср

 

9

Мавлонова Маърифат

Магистрант,

2-080101

8 хол (100 байт, 10 шеъри чопӣ, 3 монолог, 1 ҳикоя)

I

10

Аминзода Абдусаттор

 

2_70.02.01тб

 

8 хол (210 байт)

II

11

Деҳқонов Амиҷон

2_70.02.01тб

 

5 хол (150 байт)

III