Имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ қариб, ки ҳар рӯз душманону хоинони миллат ба ҳарзагӯиву дурӯғпардозӣ машғуланд.

      Онҳо аз хориҷи кишвар истода, бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, ки мардумро гумроҳ намоянд ва сафедро назди мардум сиёҳ нишон диҳанд. Пешрафту гул-гулшукуфоии Тоҷикистони азиз, торафт беҳтару хубтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми мо душманони миллатро рӯҳафтодаву дилшикаста намудааст.

      Имрӯз Ватани маҳбуби мо ба кишвари афсонави табдил ёфтааст ва туфайли пешниҳодҳои судманди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ низ соҳиби иззату икроми хоса гардидааст.

     Туфайли якчанд пешниҳодҳои саривақтӣ ва аҳамияти ҷаҳонидоштаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳониён боз Тоҷикистон ва Сарвари оқилу фарзонаи онро хубтар шинохтанд.

Чунончӣ санаи 14 декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид якдилона пазируфта шудани ташаббуси навбатии саривақтии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи ҳифзи пиряхҳо ва дар он эълон намудани соли 2025 - соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва санаи 21 март - "Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо" бори дигар аз оқилию хирадмандии Сарвари давлатамон, обрӯву эътибори кишварамон ва созандаю бунёдкории миллати кӯҳанбунёди тоҷиқ ва тоҷикистониён дарак медиҳад. 

     Имрӯзҳо мардуми шарафманди тоҷик дар атрофи Сарвари хирадманди хеш, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зич муттаҳид гашта зиндагии хушу хуррам доранд.

    Албатта ҳамаи ин пешравиҳову дастовардҳои назаррасро чӣ дар самти сиёсати дохилӣ ва чӣ дар самти сиёсати хориҷӣ душманони миллат чашми дидан надоранд.

    Онҳо дур аз Ватан, мисли саг зиндагӣ доранду баҳри худро ширин кардан ба хоҷагони хориҷиашон доим дар паи туҳмату буҳтонанд. Лекин имрӯз мардуми тоҷик дигар фирефтаи суханҳои пучу бемаънии ин оқипадарон нахоҳанд шуд.

    Имрӯз тири душманони миллат, ба монанди Кабириву Муҳаммадиқболи ношукр хок хӯрдааст ва онҳо намедонанд, чӣ кор кунанд. Душманону бадхоҳони миллати тоҷик ватангадову кафангадо гашта дар мулки бегона боқимондаи умри хешро дар хориву залилӣ паси сар хоҳанд кард.

Тоҳир Тоҳиров, устодт ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд