«Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутаммаддини тољик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносибро дар љомеаи љаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо месозад».

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ  ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад.

Эмомалӣ Рахмон масъулияти олии созандагиро ба зимма гирифта, тавонист манфиати умумимиллиро аз манфиатҳои шахсӣ, гурўҳи ва маҳаллию минтақавӣ боло гузорад. Бо шарофати сиёсатӣ хирадмандонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми чудонашавандаи ҷомеаи ҷахонӣ, эҳтироми озоди, ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд ва ба мақсади демократикунонии ҷомеа, бунёди давлати соҳибихтиёр, хуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона Конститутсияи нави мамлакатро бори нахуст дар таърихи давлатдории навин бо рохи раъйпурсии умумихалқи қабул намуд,ки дар он хама дастовардҳои башарият дар бобати озодии инсон, хуқуқи шаҳрванд, ҷомеаи демократӣ, хуқуқбунёд ва дунявӣ дарк шудаанд.

Сарвари давлат изҳор дошт, ки мо вазифадорем, аввал амнияти давлатамонро таъмин намоем, артишро созмон дода, милиса, кумитаи амнияти милли, дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқро мустаҳкам намоем, зеро давлате, ки худашро муҳофизат ва ҳаққу ҳуқуқи шаҳрвандонашро таъмин карда наметавонад, аслан арзише надорад.

Ҳамин тавр, хизмати таърихии Эмомалӣ Рахмон дар тахкими ҳоқимияти давлатӣ ва Истиқлолияти миллӣ аз он иборат аст, ки маҳз ў ихтиёри давлатдориро даст оварда, пеши роҳи хатари нобудии онро гирифт, оташи ҷанги дохилиро хомўш намуд, сохтори фалачгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи хуқуқро барқарор сохт.

Дар марҳилаи нави бунёди давлати ҷавони Тоҷикистон тақдири баланди миллати куҳандиёри тоҷик дар симои шахсияти беназири таърихи Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон олитарин сифатҳои адолати инсонӣ, бузургдилию шуҷоат, раҳму шафқат ва қобилияти нотакрори вахдатофариро ато кард ва маҳз ҳамин ҳамоҳангӣ ҷомеаро ба сатҳи баланди хештаншиносӣ расонид.

 

Расулов О.Р.,  устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд