

ИШТИРОКИ ДОНИШҶӮЁН ДАР КУРСИ ОМӮЗИШИИ “ЗАН-РОҲБАР”
Дар толори хурди меҳмонхонаи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд бо мақсади иҷрои Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2025-2030» маросими ифтитоҳии курси 3-моҳаи «Зан-роҳбар» баргузор шуд, ки дар он устодон ва донишҷӯёни ДПДТТ ба номи академик Муҳаммад осимӣ дар шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд.
Дар маросими ифтитоҳии машғулиятҳо Муяссара Қаҳҳорӣ, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд, Биҳоҷал Раҳимова, Ходими давлатӣ, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, Мунзифа Ҷабборӣ, раиси Кумитаи Иҷроияи Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Марҳабо Аҳмадзода, намояндаи Суди шаҳри Хуҷанд , Шоира Вализода, мудири кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров номзади илмҳои педагогӣ, Фазилат Содиқова, донишҷўи курси дуюми Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд иштирок ва маърӯзаҳо намуданд.
Таъкид гардид, ки боиси ифтихор ва сарбаландист, ки тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар таҳти роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист, ки барои бехбуди вазъи занон таваҷҷўҳи хоса зоҳир намояд. Бояд тазаккур дод, ки “Барномаи мазкур тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия ва қабул гардидааст. Таҳия, қабул ва амалигардонии Барномаи зикршуда барои беҳтар намудани сатҳи иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангию маърифатии оилаҳо, пешгирии зўроварӣ нисбати занон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштирокии фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, омода намудани кадрҳои болаёқату донишманд аз ҳисоби занону духтарон ва болоравии маърифати ҳуқуқии занон мусоидат намудаанд. Сиёсати давлатӣ оид ба тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд маҷмўъи тадбирҳо ва амалиёти мушаххасу ҳадафманде мебошад, ки ба баробарҳуқуқии шахсӣ, иҷтимоӣ ва вусъати имкониятҳои онҳо дар интихоби роҳҳои ҳаётӣ мусоидат мекунад.
Ҳамин тавр, 30 нафар бонувон ба курси 3 моҳаи “Зан-сарвар” фаро гирифта мешавад ва баъди хатми он Гувоҳномаҳо ба эшон тақдим мегардад. Аз ҷумла, ду нафар донишҷӯёни донишкада: Сарвиноз Ҳалимова, донишҷӯи курси 3, ихтисоси таркиб ва технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ ва Фазилат Содиқова, донишҷӯи курси 2, ихтисоси таълими касбӣ шунавандаи курси мазкур мебошанд.
Бояд қайд намуд, ки Сарвиноз Ҳалимова, ғолиби даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-ватани азизи ман” дар номинатсияи дизайн ва ғолиби даври шаҳрии Фестивал “Сад ранги чакан” мебошад.
Шуъбаи кор бо ВАО