Дирӯз, санаи 5.12.2025 дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бахшида ба 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф ва эълон гардидани солҳои 2022-2026- “Солҳои рушди саноат” конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Дастовардҳои соҳаи саноати сабук дар шароити индустриалӣ-инноватсионӣ» баргузор шуд.
Нахуст меҳмонон аз дастовардҳои илмию тадқиқотӣ ва ихтирооти устодон ва донишҷӯёни донишкада ошноӣ пайдо намуданд. Ҳамчунин намунаи либосҳо-маҳсули кори донишҷӯёни кафедраи технологияи саноати сабук ва нассоҷии донишкада намоиш дода шуд.
Конфронсро директори донишкада номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Хурсанд Содиқзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз ҷумла афзуд, ки бо назардошти аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди иқтисоди мамлат ва ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ҳанӯз дар соли 2018 дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи чоруми стратегии рушд – саноатикунонии босуръати кишварро пешниҳод намуда буданд. Дар Паёми соли 2021 бо мақсади боз ҳам вусъат бахшидан ба рафти саноатикунонӣ бо пешниҳоди Роҳбари давлат солҳои 2022–2026 ҳамчун «Солҳои рушди саноат» эълон карда шуда, ин раванд то ҳол давом ёфта истодааст. Конференсияи илмие, ки имрӯз баргузор шуда истодааст, маҳз ба муҳокимаи муаммоҳои саноатикунонии босуръати кишвар, шиносоӣ бо натиҷаи корҳои илмӣ дар ин самт, мубодилаи таҷрибаи пешрафта бахшида шудааст. Боиси ифтихор аст, ки дар конференсияи имрӯза роҳбарияти вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, олимони варзидаи соҳаи саноати сабук, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мутахассисони корхонаҳои истеҳсолӣ, омӯзгорон ва донишҷӯён ширкат меварзанд.
Иттилоъ дода шуд, ки Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд зодаи даврони истиқлолият буда, барои амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии мамлакат муҳандисони соҳибкасбро омода мекунад. Дар ин боргоҳи маърифат ҳар сол зиёда аз 900 нафар муҳандисони соҳаҳои энергетика, нақлиёт, меъморӣ ва сохтмон, саноати сабук ва хӯрокворӣ, барномарезон ва иқтисоддонҳо омода карда мешаванд.
Сипас, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ дар мавзӯи “Ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар” маърӯза намуда, доир ба самтҳои асосии рушди оянди саноати субк ва нассоҷӣ, имкониятҳои мавҷуда, роҳҳои бартараф намудани норасогии кадрҳо дар соҳа, ташкили ихтисосҳои нав, ҷорӣ намудани натиҷаҳои илм дар истеҳсолот андешаронӣ кард.
Дар баромади худ доктори илмҳои техникӣ, профессори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Асқарали Ишматов дар мавзуи “Бартариҳо ва норасогиҳо дар самти технологияи коркарди абрешим” маърузаи илмӣ намуда, доир ба рушди соҳаи пиллапарварӣ, такмили технологияи коркарди он, истифодаи оқилонаи партовҳои истеҳсолот маълумот дода, натиҷаи корҳои илмию тадқиқоти олимони Донишгоҳи технологиро пешниҳод кард.
Доктори илмҳои техникӣ, профессори Донишгоҳи давлатии техникии Намангон Олимҷон Саримсоқов дар мавзуи “Ҳолати муосир, муаммоҳои асосӣ ва дурнамои рушди соҳаи саноати сабук ва нассоҷии Ӯзбекистон” маърӯзаи илмӣ намуда, доир ба муаммоҳои коркарди пахта ва роҳҳои бартараф намудани он маърӯзаи илмӣ намуд.
Конференсия бо намоиши маҳсули фаъолияти эҷодии донишҷӯёни кафедраи саноати сабук ва нассоҷӣ ба итмом расид. Дар фарҷом ба иштирокчиёни конференсия сипоснома ва сертификатҳои иштирок супорида шуд.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО