Терроризму экстремизм яке аз омилҳои хатарнок ва даҳшатовари ҷомеа мебошад, ин он имрӯзҳо кулли аҳолии сайёраро ба таҳлука андохтааст. Ин падидаи номатлуб сабабгори бадбахтии инсоният буда, пайравони ташкилотҳои террористиву экстремистӣ миллионҳо кӯдакро бесаробон гузоштанд, хонаҳоро вайрон карданд ва то ҳол ба тақдири ояндаи насли инсон таъсири бениҳоят манфӣ расонида истодаанд. Хавфу хатари гурӯҳҳои ифротгароро ба инобат гирифта, метавон тазаккур дод, ки имрӯзҳо терроризм яке аз масъалаҳои муҳимтарин ба ҳисоб рафта, ҷомеаи ҷаҳониро водор месозад, ки барои ҳалли ин мушкилии мудҳиши глобалӣ бо ҳамдигар муттаҳид шуда, дар якҷоягӣ фаъолият намоянд. Бо дарназардошти оқибатҳои даҳшатовари ин зуҳуроти номатлуб Президенти кишварамон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қариб дар ҳама баромадҳояшон муҳимияти ин масъаларо махсус қайд менамоянд: “Терроризм ва ифротгароӣ бо ҳамлаи оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаҳои ҷиддитарини инсоният дар қарни XXI табдил ёфтааст. Бинобар он зарур аст, ки фаъолияти тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятиро барои таъмини боэътимоди сулҳу субот, ҳаёти осоишта ва амнияти кишварамон равона созем”.

         Яке аз мақсадҳои асосии гурӯҳҳои ифротгаро бо роҳи куштору хунрезӣ ва ваҳшоният ҷомеаро ба худ тобеъ намуда, ҷаҳони тақсимшударо аз нав тақсим намудан аст. Пайравони ташкилотҳои террористӣ, ки мутаасифона қариб дар ҳамаи давлатҳои дунё фаъолият мебаранд, барои расидан ба мақсадҳои касифи худ ҳамеша роҳҳои зӯроварӣ, куштор, таҳдид ва хунрезиро ба кор мебаранд. Дар таърихи навини инсоният вомехӯранд воқеаҳои мудҳише, ки пайравони гурӯҳҳои ифротгаро ба мардум зарари бениҳоят калон расонида, тамоман аз чаҳорчӯбаи ахлоқи инсонӣ баромадаанд. Вақте ҳамаи ин ҳодисаҳоро таҳлил мекунем, маълум мегардад, ки решаи ҳамаи ин иғвогариву бесарусомониҳо дар ҷоҳиливу бесаводист, зеро инсони бомаърифат ҳаргиз ба гурӯҳи террористӣ, ки мақсадаш фақат куштор аст, шомил намешавад, як инсони соҳибмаърифат ҳеҷ гоҳ боиси бадбахтии инсони дигар нахоҳад шуд.

         Ташкилотҳои террористиву экстремистӣ барои расидан ба мақсадҳои нопоку разилонаи худ дини мубини исломро ҳамчун ниқоб истифода бурда, номи поку беолоиши онро дар ҷомеа доғдор месозанд. Ин ҷоҳилону гумроҳон ҳангоми амалӣ намудани кирдорҳои ваҳшатбор намедонанд, ки бо кадом мақсад боиси бадбахтиҳои зиёд мешаванд, ҳам  худро ва ҳам ҷони ҳазорон одамони бегуноҳро қурбон мекунанд. Мусаллам аст, ки дар ягон оят ва ҳадисҳои исломӣ оиди куштору хунрезӣ ва ваҳшоният сухане наёмадааст. Баръакс дини мубини ислом кулли мусулмонони дунёро ба муттаҳидӣ, якдилӣ ва ваҳдату ягонагӣ даъват намуда, чунин таълимот медиҳад, ки новобаста аз забон, наслу нажод ва вазъи иҷтимоӣ мусулмонон бояд бо ҳамдигар ҳамчун бародар ғамхору меҳрубон бошанд. Дар ин бора низ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бомаврид қайд намудаанд, ки террорист ватан, миллат, забон, дину мазҳаб надорад ва душмани Худову бандаҳои Ӯст. Пешвои миллат дар ҳама баромадҳои худ ташкилотҳои террористиву экстремистиро маҳкум намуда, бар он ақидаанд, ки омехта намудани ин зуҳуротҳои нангин бо дини мубини ислом кори нодуруст аст. Чи тавре ки шоир фармудааст:

                                   Ислом ба зоти худ надорад айбе,

                                   Ҳар айб, ки ҳаст дар мусулмонии мост.

 

Мо- ҷавонони Тоҷикистон ҳамун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар пайравии сарвари оқилу хирадманди хеш бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, бо терроризму экстремизм муборизаи беамон барем ва барои ҳифзи сулҳу ваҳдат ва амнияти кишвари маҳбубамон ҷаҳду талош варзем. Ҳамеша кӯшиш намоем, ки насли ояндаи миллат дар рӯҳияи инсондӯстӣ ва ватанпарастӣ тарбия ёфта фирефтаву гумроҳи ташкилотҳои ифротгаро нагарданд.

Каримов Ибодқул, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд 

 Дар баромадҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор карданд, ки   террорист дар асли худ миллат, мазҳаб ва ватан надорад ва душмани Худову бандагони ӯст. Ингуна нерӯҳо аз номи Ислом амал намуда, номи неки онро доғдор мекунанд ва манфиатҳои душманону бадхоҳони фарҳанги волои Исломро пиёда месозанд.

         Гурӯҳҳои бадхоҳ барои амалӣ сохтани нақшаҳои бадашон аз дини ислом сӯистифода менамоянд, то ба нияту ғаразҳои худ ноил шаванд. Чунин намунаро мо дар амалҳои ташкилоти террористии ҲНИТ алакай мушоҳида намудем ва хулосаҳои худро дорем. Дар асл ҳар иғвоангез ва гурӯҳҳои иртиҷоӣ мехоҳанд дар кишвар нооромӣ ҷорӣ созад, зеро бадхоҳ ва душман тараққӣ, сулҳу субот ва оромии ҷомеаро намехоҳад.  

Терроризму экстремизм моли ягон дин ва ё миллат нест. Ин инсонҳоянд, ки аз ноогаҳиву гумроҳӣ ва ё аз рӯи ин ё он сабаб ё манфиат ифротгаро мешаванд. Дини мубини Ислом ҳеҷ яке пайравонашро ба ифроту тафрит даъват накарда буд ва намекунад. Бешак, дини мубини Ислом ҳар гуна хушунат ва ифротгароиро, сарфи назар аз он ки ифроти сӯистифодашуда аз дин бошад ё ғайридинӣ, маҳкум менамояд. Ин дин ҳамеша пайравони худро ба эътидол ва миёнаравӣ даъват менамояд.

Имрўз терроризм ва ифротгароии муосир бо худ хислати оммавиро соҳиб гашта, дар он мутаассифона на танҳо гурӯҳҳои сиёсӣ, балки иттиҳодияҳои миллӣ ва динӣ, ки дар асоси манфиатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ташкил шудаанд,  низ ҷалб карда шуда истодаанд, ки ба сулҳу субот ва ба амнияту осудагӣ аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ хатар меоварад. Терроризм имрӯз чун силоҳи асосии расидан ба манфиатҳои сиёсӣ ва иқтисодии гурўҳу иттиҳодияҳо мубаддал гашта, террорист ва ифротгар ҳамчун ашхоси иҷрокунанда ва воситаи расидан ба мақсадҳои ғаразноки онҳо табдил гаштааст. Вале ин ҳама наметавонад асоси пешрафти фаъолият ва ҳукмронии даҳшатангезонаи ин ниҳодҳо бошад, зеро то ба ин замон таърих гувоҳ аст, ки ягон шахс, гурӯҳ, ҳизб, ҳаракат ва инчунин,  соҳибдавлате агарчанде соҳиби тамоми иқтидор бошад ҳам, бо зӯрӣ, бимдиҳӣ ва куштору ғорат натавонистааст пояҳои давлатдориро, сулҳу субот ва амнияти дар ҷомеа таъмин бударо вайрон намояд.

         Аз ин рӯ, вазифаи ҳар як шаҳрванд ҳимояи Ватани худ чи дар хона, чи дар сарҳад, чи дар деҳа ва ғайраҳо мебошад. Пас, мебояд, ҳар яки мо ҳимояи Ватанро тариқи фаҳмндадиҳӣ, огоҳонидани мардум ва макру ҳилаи душманон, тарбияи фарзандон дар рӯҳияи баланди ватанпарварӣ ба роҳ монем.

 

Исмоилова С.К., ассистенти кафедраи МО ва Ф

ДПДТТХ ба номи М.С.Осимӣ.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Таърихи афкору андешаи инсонӣ исбот менамояд, ки илму дониш ҳеҷ вақт душмани дину имон набуда, балки бар зидди хурофот, куҳнапарастӣ, бофтаҳои баъзе диндорони бесаводу чаласавод буд. Ягон мутафаккир ё донишманди асили замони гузашта ва муосир низ бар зидди дин набаромадааст, балки хурофот, нодонӣ, ҷаҳолатро зери интиқод қарор додааст.

Донишманди маъруф Герберт Спенсер (Ҳерберт Испенсер) дар рисолаи хеш, ки ба мавзӯи тарбия бахшидааст, чунин мегӯяд: «Дониш бо хурофот сари адоват ва ситез дорад, вале бо дин душманӣ ва ситез надорад. Дар бисёре аз улуми табиии роиҷ дар асри мо рӯҳи динситезӣ вуҷуд дорад. Аммо дониши саҳеҳ ва дуруст ва дар сатҳи маълумоти фаротар рафта ва дар жарфно ва умқи ҳақоиқ (ҳақиқат) нишастааст, аз ин моҳияти динситезӣ барканор аст».

Замоне, ки давлати абадқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ вуҷуд дошт, мубориза миёни ду гурӯҳи давлатҳо, ду идеология – лагери сотсиализм, ки ҷонибдори идеологияи коммунистӣ буданд ва дар раъси онҳо қарор дошт ва давлатҳои капиталистӣ бо сардории ИМА, ки худро чун кишварҳои демократӣ ва озод муаррифӣ менамоянд, муборизаи шадид, «ҷанги сард» идома дошт.

Пас аз суқути ИҶШС ва пош хӯрдани иттиҳод (лагер)-и сотсиалистӣ мубориза шакли дигарро касб намуд. Рақобати абарқудратҳо, кӯшиш барои соҳиб шудан ба нуфуз ба ин ё он минтақаи олам, захираву сарватҳои табиӣ, энергетикӣ, ба даст овардани мавқеи афзалиятноки стратегӣ, ҳарбӣ ва ғайра торафт шиддат мегирад.

Дар аксари мавридҳо онҳо мекӯшанд, ки миёни ду динҳои бузурги ҷаҳонӣ – ислом ва масеҳият душманӣ ва зиддият барангезанд. Онҳо, чӣ тавре ки дар аввали суҳбат ишора рафт, ислом ва пайравони онро ҳамчун ҷангҷӯю таҷовузкор, ифротгар, бадкину ситезаҷӯ муаррифӣ намуда, фарҳангу тамаддун, дин ва дигар арзишҳои Ғарбро таърифу тавсиф ва намунаи ибрат мешуморанд ва онро ба гардани дигарон бо зӯрӣ бор кардан мехоҳанд.

Яке аз омилҳои тезу тунд шудани муносибати баъзе кишварҳои мусулмонӣ бо давлатҳои Ғарб маҳз ҳамин сиёсати риёкорона, муғризона, дурӯягӣ ва мунофиқона аст, ки он боиси пайдо шудан ва густариши мухолифат байни пайравони дини ислом ва масеҳият, тамаддуни Шарқу Ғарб ва дар айни замон тавлиди ҷараёнҳои тундрав (экстремистӣ) дар дину мазҳабҳои ҳам Ғарб ва ҳам Шарқ аст.

Мутаассифона, дар тӯли чанд соли охир дар баъзе кишварҳои Ғарб амалҳое ба вуқуъ омаданд, ки боиси қаҳру ғазаби мусулмонони олам гардид. Мисол, нашри романи таҳрибкорона, таҳрифкоронаи Салмони Рушдӣ, сӯзондани китоби «Қуръон» аз ҷониби роҳиби бадкеши масеҳӣ Тери Ҷонсони амрикоӣ, амали нобакоронаи карикатуристи Дания Курт Вастергаард, ки расм – карикатураи хаёлии Пайғамбари ислом Муҳаммад (С)-ро дар солгарди амалиёти террористии Ню-Йорк дар шакли бомба офарид, боиси нафрат ва маҳкуми мусулмонон ва шахсони солимфикри ҷаҳон гардид. Сӯзонидани намоишкоронаи китоби муқаддаси мусулмонон «Қуръон» дар Аврупо ва дигар амалҳои зишти исломситезии Ғарб вокуниши аксар кишварҳои мусулмонӣ ва ҷаҳони мутамаддинро ба вуҷуд овард.

Ин амали зиштро муншии Созмони Милали Муттаҳид шадидан маҳкум намуда, таъкид кард, ки «чунин аъмол зидди кӯшишҳои СММ ва дигар созмонҳои ҷаҳонӣ дар роҳи муваффақ шудан ба таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми фарҳангу адёни ҷаҳонӣ аст. Рафтори номақбули чанд нафар бадкеш набояд мухолифатро байни динҳо эҷод кунад».

Роҳбари Инқилоби исломии Эрон Оятулло Хоменаӣ – амали роҳиби амрикоиро маҳкум намуда чунин гуфтааст: «Ҳодисаи охир ба калисо ва масеҳият робитае надорад ва ҳаракатҳои лӯхтаконаи чанд тундгарои аблаҳ ва муздурро набояд ба пойи масеҳиён ва мардони динии онҳо навишт. Мо мусулмонон ҳаргиз ба амали мушобеҳе дар мавриди муқаддасоти динҳои дигар даст нахоҳем зад. Низои байни мусулмонону масеҳӣ хостаи душманон ва тарроҳони ин намоиши девонавор аст ва дарси «Қуръон» ба мо дар нуқтаи муқобили он қарор дорад».

Баъди суқути давлати абадқудрати Шӯравӣ ва ба вуҷуд омадани давлатҳои соҳибихтиёр, аз байн рафтани идеологияи ҳукмрони атеистӣ муносибат ба дину диндорӣ дар ҷумҳуриҳои тозаистиқлоли собиқ Шӯравӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ комилан тағйир ёфт. Акнун мардум ба мероси гузаштагони худ ва анъанаҳои диниашон таваҷҷуҳи хос зоҳир менамуданд ва эътибори махсус медоданд.

Созмону ниҳодҳои динӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои дорои тамоюли динидошта хеле фаъол ва зиёд гардида, ба ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоӣ ва маънавӣ бештар таъсир мерасонданд. Дар мамлакат фазои озоди андешаи динӣ дар заминаи асли конститутсонии гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ ташаккул ёфт.

Гуногунандешӣ ва таҳаммулпазирӣ таҳкурсии ғоявии ҳамзистии эътиқоди динии шаҳрвандони кишвар гардид. Сиёсати давлат бар зидди дин нигаронида нашуда, баръакс ба ҳимоя, нигаҳдории фарҳанги миллӣ ва дин ба ҳайси як рукни муҳими сиёсати фарҳангӣ ва иҷтимоӣ нигаронида шуд. Барои мусалмонони кишвар, ки аксарияти мутлақи сокинони ҷумҳурии моро ташкил медиҳанд, тамоми шароитҳои мусоид фароҳам оварда шуд, то ниёзҳои эътиқодии худро ба таври озод амалӣ созанд. Дар натиҷаи тағйири муносибати давлат ба дин ва созмонҳои динӣ, ташаккул ёфтани вазъи нави динии ҷумҳурӣ сатҳи диндории мардум якбора боло рафт.

То соли 1990 мусулмонони ИҶШС танҳо дар мадрасаи Мири араби Бухоро ва Донишкадаи олии исломии Тошканд имкони таҳсилоти динӣ гирифтан доштанд. Соли 1990 дар ин ду муассисаи таълимии динӣ аз ҷумҳурии мо ҳамагӣ 27 нафар таҳсил мекарданд. Ҳисса (квота)-и мусалмонони ҷумҳурии мо дар ин муассисаҳои таълимии динӣ хеле ночиз буд ва аз ин рӯ, то замони истиқлол дар байни мусалмонони кишвар шумораи уламои хатмкарда (дипломдор) ангуштшумор буданд.

Соли 1990 дар шаҳри Душанбе Донишкадаи олии исломии ба номи Имом Тирмизӣ (ҳоло ба номи Имоми Аъзам) таъсис ёфт, дар он ҳамон вақт ҳамагӣ 142 нафар донишҷӯ таҳсил мекарданд. Дар шаҳри Хуҷанд, Қӯрғонтеппа мактабҳои динӣ – мадрасаҳо кушода шуданд. Ҳоло танҳо дар Донишкадаи олии исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам беш аз 1,5 ҳазор нафар донишҷӯ таҳсил менамояд.

Пас, моро мебояд шукронаи сулҳу субот намуда, дар ин замина сипари ҳифзи осоиштагию тинҷии Тоҷикистони азизамон бошем.

 

Зокиров Р.Ш.,

омӯзгори кафедраи меъмории ДПДТТ ба номи ак. М.с.Осимӣ дар ш. Хуҷанд

 

Дар шароити бӯҳрони иқтисодӣ, ки имрӯз мамлакатҳои љаҳонро фаро гирифтааст, боиси пайдоши падидаҳои номатлуби замон, амсоли терроризм, экстремизм ва сепаратизм гардида равобити байналмилалии кишварҳоро ноором сохта, ба амнияти онҳо таҳдидҳо эљож менамояд. Нигаҳдории осудагиву суботи сиёсӣ, ваҳдат ва якпорчагии Тоҷикистони маҳбуб, аз вазоифи аввалиндараҷаи Ҳукумату роҳбарияти мамлакат маҳсуб ёфта, ҷомеаи шаҳрвандии моро водор менамояд, ки дар ин масъала бетараф набошанд.

Терроризм ва экстремизм вожаҳои нав набуда, дар тӯли таърихи инсоният арзи ҳастӣ намуда, фаъолияти онҳо дар аксари ҳол бо иҷрои супоришоти фармоишгарони сиёсӣ ва гурӯҳҳои алоҳида ба тарсонидан ва куштори чеҳраҳои намоёни замони хеш равона карда шуда буд ва дар акси ҳол, дар замони муосир он хусусияти гурӯҳиро ба худ касб намуд, ки асосан бо воситаи зӯроварии гурӯҳҳо ва ҳизбҳои манфиатҷӯ муқобили давлат - ҳамчун субъекти сиёсӣ, баромад намуда, аз дигар тараф, хатари таҳдиду зӯровариро нисбати аҳолии осоишта ба амал мебарорад.

Пӯшида нест, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо вазъият дар баъзе манотиқи курраи замин, алалхусус, мамлакатҳои мусалмоннишин ба таври куллӣ тағйир ёфта, ҷангу хунрезиҳо мушоҳида карда мешавад ва ба ҳамагон маълум аст, ки ин гурӯҳҳои террористӣ барои анҷоми аъмоли ваҳшиёнаи хеш ба мазҳабу дин такя мекунанд, вале куштору ғоратгарӣ, ваҳшоният, хунрезӣ, одамрабоӣ ва хатарэҷодкунӣ нисбати аҳолии осоишта бо арзишҳои динӣ, бавижа дини мубини Ислом алоқамандие надоранд.

Дарки мафҳумҳои дар боло зикршуда аст, ки Роҳбари муаззами кишварамон аз аксар минбарҳои баланди байналмилалӣ ва инчунин, Паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олии кишвар терроризм ва экстремизмро маҳкум намуда, аз дину мазҳаб, ватан ва миллат надоштани он таъкид мекунанд.

 Дар таблиғи ақидаҳои террористӣ ва экстремистӣ ташкилотҳои махсуси хориҷӣ дар минтақаҳои гуногуни кураи замин манфиатдоранд ва ин андешаҳоро миёни ҷомеаи осоишта, алалхусус, ҷавонон таблиғ ва интишор менамоянд. Дар айни ҳол гурӯҳҳои террористии ба ном “Давлати исломӣ”, “Ҳизбуттаҳрир”, “Ҳизбуллоҳ”, “Ал-қоида”, “Боко-Ҳарам”, “Толибон” ва инчуин ҲНИ низ барои анҷомдиҳии ғаразҳоии сиёсӣ ва ақидаҳои ифротии худ фаъолият доранд.

Ин ҳолатҳо асосан дар Шарқи Наздик, Осиё, Русия, Африқои Шимолӣ, баъзе манотиқи Аврупо ва Афғонистони ҳамсоякишвари мо ба назар мерасанд, ки ин баёнгари ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир мубаддал гаштани ин зуҳуроти номатлуб мебошад.

Терроризм ва экстремизми муосир дар даҳсолаҳои охир бо прогресси илмӣ ҳамқадам ва дорои яроқу аслиҳаҳои гуногуннамуди қатли ом гашта, ҳатто дар ихтиёр васоити ахбори омма ва тарзҳои интиқоли иттиллот, инчунин механизми муосири таблиғотиро низ ба даст овардидааст.

Терроризм ва экстремизми муосир бо худ хислати оммавиро соҳиб гашта, дар он мутаассифона на танҳо гурӯҳҳои сиёсӣ, балки иттиҳодияҳои миллӣ ва динӣ, ки дар асоси манфиатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ташкил шудаанд,  низ ҷалб карда шуда истодаанд, зеро терроризм имрӯз чун силоҳи асосии расидан ба манфиатҳои сиёсӣ ва иқтисодии онҳо мубаддал гашта, террорист ва экстремист ҳамчун ашхоси иҷрокунанда ва воситаи расидан ба мақсадҳои ғаразноки онҳо табдил гаштааст. Вале ин ҳама наметавонад асоси пешрафти фаъолият ва ҳукмронии даҳшатангезонаи ин ниҳодҳо бошад, зеро то ба ин замон таърих гувоҳ аст, ки ягон шахс, гурӯҳ, ҳизб, ҳаракат ва инчунин,  соҳибдавлате агарчанде соҳиби тамоми иқтидор бошад ҳам, бо зӯрӣ, бимдиҳӣ ва куштору ғорат наметавонад пояҳои давлатдории хешро мустаҳкам гардонад, балки ин амал боиси шикаст, хорӣ ва залилии он гардида метавонад.

Дар ин росто, боз ҳам аз суханони қотеъ ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки мубориза бо терроризм ва экстримизм фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд ва истифодаи “сиёсати дугона” нисбат ба терроризм ва экстримизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад - гӯён таъкид месозанд, хело бомаврид буда, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналхалқӣ, ки мубориза бо терроризм ва экстремизмро маҳаки кори хеш қарор додаанд, заминаи муҳим ва ҳушдори бамаврид маҳсуб меёбад.

 

Исмоилова С.К.,  ассистенти кафедраи МО ва Ф

ДПДТТХ ба номи М.С.Осимӣ.

 

 

Дар охири қарни XX ва ибтидои қарни XXI инсоният ба хатари ҷиддӣ, мисли ифротгароӣ ва терроризм рӯ ба рӯ шуд, ки ба бақои одаму олам таҳдид мекунад.

Албатта онҳое, ки мегӯянд ифротгароӣ ва терроризм падидаҳое мебошанд, ки инсониятро дар тамоми тӯли таърих ҳамроҳӣ намуданд, беасос нест. Решаҳои онҳо хеле чуқур мебошанд. Ҳоло касе гуфта наметавонад, ки якумин амалиёти террористӣ кай, дар куҷо ва бо кадом мақсад cap задааст.

Дар аҳди қадим, асрҳои миёна ва давраи нав ҳам одамони алоҳида ва ҳам гурӯҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие буданд, ки ба воситаи тарсонидану даҳшатофаринӣ мехостанд мақсадҳои худро ба дигарон бор кунанд, зимни ин одамони бегуноҳ қурбон мешуданд.

Дар охири қарни гузашта ва ибтидои ҳазораи нав амалҳои ифротгароӣ ва террористӣ бештар характери сиёсӣ гирифтанд, доираи фаъолияти террористон хеле васеъ гардид. Бо инкишофи техника ва технологияи нав шаклу намудҳои нави террористӣ ба вуҷуд омаданд, ки аз рӯйи иқтидори харобиовариашон ба амалиёти калони ҷангӣ шабоҳат доранд.

Дар замони мо, ки пур аз тазод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд.

Маънои аслии «экстремизм» чист ва он чӣ гуна падида аст?

Экстремизм аз калимаи франсузии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus» гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст.

Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд. Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми декабри соли 2022 чунин таъкид шудааст: «Мутаассифона, дар олами ислом равияҳое низ арзи вуҷуд кардаанд, ки баъзе амалҳояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардидаанд. Ин ба моҳияти дини мубини ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад».

Дар замони мо шахсоне, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Ба ақидаи аксари муҳаққиқон, сиёсатшиносон, рӯзноманигорон экстремизм бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор омада, ин падида дар тамоми гӯшаву канори сайёраи мо ба амал меояд.

Сабабу решаҳои он дар чист ва омилу ангезаҳои он кадомҳоянд? Ба ин савол ҷавоби дақиқу мушаххас додан душвор аст. Ба ҳар ҳол баъзе сабабҳо, решаҳо, омилҳо ва ангезаҳои асосӣ ва умумии онро номбар кардан мумкин аст.

Аввалан, афзудан ва густариши ҳисси адами итминон ба фардо (ҳисси маъюсӣ, нобоварӣ, парешонӣ аз зиндагӣ). Файласуфи машҳури англис Антони Гидденс навишта буд, ки «мо акнун дар аср (замон)-и хатару таваккал (риск) зиндагӣ дорем».

Дуюм, ҷараёни бошиддати ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) олами моро тағйир медиҳад, тамаддун, фарҳанг, анъана, урфу одат, дину мазҳаб ва суннатҳои анъанавиро заиф месозад ва ҳатто тамоман аз байн мебарад. Натиҷаи он на ҳама вақт мусбату дилхоҳ аст ва ин падида эҳсоси нотавонӣ, заифӣ, маъюсӣ ва дар бисёр маврид танаффур (нафрат), эътироз ва муқобилиятро ба миён меорад. Ин омил метавонад боиси бегонагӣ ва ҷудоӣ аз раванди ягонагӣ, ҳамкорӣ, ҳамзистӣ, таҳаммулпазирӣ гардад.

Сеюм, омиле, ки бештар дар ҷаҳони ислом, дар байни мусулмонон роиҷ аст, эҳсоси беадолатӣ нисбат ба ислом ва пайравони он аст.

Аксари мусулмонони олам чунин мешуморанд, ки нисбат ба онҳо мамолики Ғарб сиёсати дурӯя, меъёру стандартҳои мунофиқонаро ба кор мебаранд. Мутаассифона аксари онҳое, ки бо асли аркони ислом, таърих, фарҳанг, аҳком, фалсафа ва ахлоқи ислом ошно нестанд, чунин меҳисобанд, ки ба ислом хислати ситезу тундравӣ, таҷовузгароӣ, бадқасдӣ, ғайритаҳаммулпазирӣ хос аст. Ин андешаи мутлақо ғалат аст. Зеро «Қуръон», ҳадис, тамоми аҳкому аркони ислом ва фалсафаю ахлоқи он бар пояи адолат, баробарӣ, бародарӣ, озодӣ, амният бунёд ёфта, зарурати сулҳ, ризоият, таҳаммул, оромӣ, амният, адолатро бо тамоми зуҳуроти он дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ таъкид ва фармудааст. Ислом дини сулҳу салоҳ ва бародарист, на барқасдиву бетаҳаммулӣ.

Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрӯза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Экстремизм (тундравӣ, аз андоза гузаштан) ба терроризм меорад.

Истилоҳи «терроризм» аз калимаи лотинии «tеrrоr» маншаъ гирифта, маънояш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.

Нахустин баҳсу мунозираҳо миёни муттафаккирон, диншиносон ва баъзе уламои хуруфотпараст ва тундрави дин ҳанӯз дар дунёи қадим ба миён омада, мактабу равияҳои гуногуни диншиносӣ, андешаву афкор ва осори диншиносони Ғарбу Шарқ равшангари ин гуфтаҳост. Сиёсати динии давлати абадқудрати Шӯравӣ, ки замоне ҷумҳурии мо низ як ҷузъи таркибии он буд, бар пояи атеизм ва ҷаҳонбинии атеистӣ асос ёфта буд. Таъбир (тезис)-и машҳури К. Маркс «Дин барои мардум афюн аст» шиор ва моҳияту мақсади муносибат ба дин қарор дода шуда буд.

Бо мақсади татбиқи ин сиёсат муборизаи густурдаву оштинопазир алайҳи дин ва ҳар гуна эътиқоди диниро тақозо мекард, ҷиҳати аз байн бурдани ба истилоҳ «боқимондаҳои динӣ, куҳнапарастӣ, хурофот», аз шуури мардум зудудани ҳар гуна андешаи динӣ, аз ҷомеа решакан кардани дин тадбирҳои гуногун андешида, амалӣ карда мешуд. Аммо мубориза алайҳи дин ва эътиқоди динӣ, динситезӣ дар аксари мавридҳо натиҷаи баръакс медод ва вокунишро бармеангехт. Мардум аз рӯйи фитрати азалии хеш то ҷое метавонист, муқовимат мекард, пинҳонӣ амал мекард ва ҳатто дар баъзе мавридҳо ба амалҳои ифротӣ, тундравӣ даст мезад.

Зокиров Р.Ш.,

омӯзгори кафедраи меъмории ДПДТТ ба номи ак. М.с.Осимӣ дар ш. Хуҷанд

   23 феврали соли 1993 дар байни талотуми ҷанги бародаркушӣ миллати тоҷику халқи мо артиши худро ба даст овард. Новобаста аз он, ки аслиҳаи ҷанги надоштанд, аммо бо ташаббусси Пешво аввалин парад, дар Дӯстӣ ташкил шуд ва бевосита барои ба сулҳу субот овардани ин кишвар равона карда шуд.

        Артиш ё худ Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳар давру замон барои ҳар як кишвари соҳибистиқлол пояи матин, кафили бехатарӣ ва таъминкунандаи ҳаёти осоиштаи мардум ба ҳисоб меравад. Артиш вазифаи бузурги мудофиавӣ буда, меҳру муҳаббати фарзандро нисбат ба падару модар боз ҳам бештар мекунад, ба онҳо дарси зиндагиву ҷавонмардиро меомӯзад.

   Дар артиши ин кишвар дар парадҳо сарбозону афсароне хизмат мекунанд, ки сидқдилона ,беғаразона Ватани азизи худро дӯст медоранд.Мардони баномуси ин кишваранд.

     Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали Артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд:

"Ман ба ҳисси баланди миллӣ ва матонату мардонагии хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони озод эътимод дорам ва бо ифтихору итминон иброз медорам, ки онҳо минбаъд низ истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон, амнияти давлат ва суботу оромии мардуми моро чун сипари боэътимод  ҳимоя мекунанд".

       Ободию сулҳу оромии ин кишвар аз якояки мо вобаста мебошад на танҳо аз аскарон.То зинаи аскарӣ расидан онҳоро аввал оила баъд мактаб чунин ватандӯст тарбия намудааст.

 САОДАТ АЗ ИРОДАТ ГИРАД ОҒОЗ

 НАВОИ НАВТАРЕ ЭЙ СИНА ПАРДОЗ

 МАТОНАТОФАРУ МАРДОНИ МАЙДОН

 ҲУМОЮНАМ БА ҲИФЗИ ХОК ПАРДОЗ

 

Солҳои охир дар ин суботу ороми мо кишварро чӣ гуна ҳифз менамоем вақте худ ором аст?

Бо тарбияи насли наврас.Агар мо наслҳои ояндаи кишварро хубу ватанпараст тарбия нанамоем ин ороми худаш вайрон мешавад.Яъне ҳамачӣ аз мустаҳкамии пойдевор вобаста аст.Муҳим нест агар саломати намебардорад ба сафи аскарон рафтан , муҳим ин ки инсонҳо солимро ба роҳи меҳанпарастӣ ҳидоят намояд.Хизмат ба Ватан танҳо аз ҷангу силоҳ нест.Метавон бо як шеър ба ӯ хизматеро кард ки дар 1 сол ягон сарбоз накардааст.Ёдатон нест Лоиқи бузург дар талотуми ҷанг шояд яроқ нагирифт аммо қалам дошт ки сӯзу гудозӯ дарди миллатро дар китоби ФАРЁДИ БНФАРЁДРАС ки ин китобро боз Дардномаи миллат мегуянд меросамон гузошт.Мегуянд ҳар ханҷаре ки суйи миллат меояд аввал синаи шоирро чок карда мегузарад.

   Дуруст аст.Ҳама бо яроқу аслиҳа ҷанг кунан шоир бо суханҳо тезтар аз нуги шамшераш душманро ба хок яксон мекунад.

     Ҳоли ҳозир гумон фақат сарбоз ватандӯст бошад ҳар ксе ки барои рушди ҷомеаи ин кишвар саҳм дорад ватандӯст ҳасту марди баномус.       

Манам доротарин одам, ватан дорам, ватан дорам,

Ками худро нагӯям кам, ватан дорам, ватан дорам.

Агарчи кулбаам одист, вале дил маскани шодист,

Фараҳ хезад маро аз ғам, ватан дорам, ватан дорам.

Нанолам аз гаронборӣ, напурсам аз касе ёрӣ,

Нагирам қоматамро хам, ватан дорам, ватан дорам.

Биёед чанд қадам аз таърихи Артиши милли ҳарф занем. 

18-уми декабри соли 1992 Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор ба имзо расонид. Артиши миллии мо дар заминаи Ҷабҳаи халқӣ ва гуруҳҳои мусаллаҳе, ки ҳукумати Конститутсиониро тарафдорӣ менамуданд, таъсис дода шуд.

Аз рӯзҳои аввали таъсиси Артиши миллӣ афсарони мо дар сангарҳо ҷангиданд, танзимгари сохтори ташкилию штатии худмашғул шуданд. Таҳкурсии моддӣ-техникӣ умуман вуҷуд надошт. Норасоии кадрҳои ҳарбӣ ва мутахассисони касбӣ дар ҳама ҷанбаъҳо ҳис мешуд. Сарфи назар аз ин мушкилиҳо ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар солҳои душвори муқовимат роҳи пур-печутоберо тай намуда, таҷриба андӯхт ва ба яке аз артишҳои касбии минтақа табдил ёфт. Бунёди Қувваҳои мусаллаҳ кори осон набуд ва он давра ба давра сурат гирифт.

23-юми феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбии Артиши миллӣ баргузор гардид, ки он рўз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд. Бояд қайд намуд, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон меъмори таъсиси Артиши миллӣ мебошад. Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ пайваста таъкид месозад, ки «Ман боварӣ дорам, ки тамоми хизматчиёни ҳарбии мамлакат, аз генерал то сарбози қаторӣ вазифаи муқаддаси хешро дар бобати ҳифзи амнияти давлат ва сулҳу суббот дар кишвар, таъмини зиндагии осоиштаи мардум ва баланд бардоштани обрўю нуфузи байналхалқии Тоҷикистони соҳибистиқлол қувва, вақт ва донишу малакаи худро дареғ намедоранд ва ба халқу Ватани хеш чун фарзанди бонангу номус содиқона ва софдилона хизмат мекунанд». Дар даврони соҳибистиқлоли ҷавонон бояд як нуқтаро дарк намоянд, ки хизмат ба Ватан – Модар қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус буда, мактаби бузурги тарбия, ҷасорат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад. Аз ҳидоятҳои падаронаи Пешвои миллат бармеояд, ки ифтихори миллӣ, зиракӣ ва ҳушёрии сиёсӣ буда, вазифаи ҷонии ҳар шахси бомаърифат аз он иборат мебошад, ки Ватанамон – Тоҷикистонро чун гавҳараки чашм ҳифзу ҳимоят намоем ва онро азизу муқаддас донем.

Кудузова М.А., асистенти кафедраи математикаи олӣ ва физика

 

 

Ҷаҳони имрӯза аз нигоҳи сиёсатмадорон замони зудтағйирёбанда ва мураккабу печида арзёбӣ мешавад. Инро ҳамзамон тамоми аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ эҳсос мекунанд ва чунин вазъият боиси ташвишу нигарониҳо шудааст.

Омилҳои мушкилоту печидагиҳои ҷаҳон хеле зиёданд. Аз ҷумла, ҳирсу талоши инсон низ ба ин боис гашта, ки мехоҳад аз дигаре бартар бошад, ҷоҳу ҷалол ва мулку кишварашро васеътар намояд, сарвати бештар ба даст оварад. Баъзе доираҳои манфиатхоҳ барои ба чунин мақсадҳо ноил шудан аз тамоми восита ва роҳҳо, аз ҷумла низоу фитна, ҷангандозӣ, ғасбу юриш ва ғайра истифода мебаранд. Онҳо дарк намекунанд, ки мо ҳама аъзои як пайкарем ва ҳар кас мехоҳад, орому осуда зиндагӣ кунад. Ҳамзамон, онҳо гумон намекунанд, ки рӯзе мукофоти аъмолашонро мегиранд. Дар чунин лаҳазот сатрҳои ҷовидонаю хирадмандонаи Шайх Саъдӣ ба ёд меояд, ки таъкид кардаанд:

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд,

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Вазъи имрӯзаи кишварҳое ба монанди Сурия, Ироқ, Урдун, Фаластин, Либиё ва ҳамсоякишвари мо – Афғонистон далели гуфтаҳои болост. Мардуми ин кишварҳоро чунон ба фитна кашиданд, ки дигар бародар бо бародар меҷангад, ба фитнаю дасиса дода шуда, дӯстро аз душман фарқ намекунад ва ҳеҷ не ки роҳи мушкилоташонро пайдо намоянд.

Мо низ, тоҷикистониён як узви ин ҷомеаи умумибашарӣ ҳастем ва ҳар таҳаввулоту ҳаводисе, ки дар гӯшаю канори замин ба амал меояд, моро низ нороҳат месозад. Бинобар ин, Сарвари давлатамон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама суханронию баромадҳояшон аз хатарҳои замони муосир ёдовар шуда, лидерону сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонро даъват мекунанд, ки барои дарёфти ҳалли мушкилоти мавҷуда, ҳамзистии осоишта ва ҳамкориҳои созанда саъю талош намоянд ва аз мардуми кишвар талаб мекунанд, ки ҳамеша ҳушёру зирак бошанд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» (24.12.2022) таъкид шудааст: «Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем. Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан, ҷавонони бонангу номуси кишвар инро набояд фаромӯш кунанд ва бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд».

Ин таъкиди Сарвари мамлакат аҳли ҷомеаро водор месозад, ки ғофилу бетараф набошанд, махсусан калонсолон, зиёиён, омӯзгорон таваҷҷуҳро ба ҷавонону наврасон бештар намоянд. Зеро маҳз онҳо табақаҳои осебпазир маҳсуб меёбанд. Имрӯз омилҳои таъсиргузор барои онҳо хеле зиёд аст. Дастрасии васеи насли наврас ва ҷавон ба шабакаҳои интернетӣ дар бисёр ҳолат ба онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Чунончӣ, баъзе аз ҷавонон, аз лиҳози камсаводӣ, сарфаҳм нарафтан ба равандҳои сиёсӣ ва ҳаводиси гуногун, бехабарӣ аз арзишҳои созандаю муқаддаси дини мубини ислом зери таъсири таблиғоти гурӯҳҳои тундрав, радикалӣ ва ифротӣ мемонанд ва роҳгум мезананд. Бинобар ин, набояд роҳ дод, ки ҷавонон қурбони сиёсатбозию фитнаҳо шаванд. Ин нукта айни ҳол мунтазам дар расонаҳои хабарии кишвар ва ҷаласаю ҷамъомадҳои гуногун пайваста таъкид мегардад.

Бо назардошти андешаҳои боло, ки мухтасар баён гардиданд, дар раванди таваҷҷуҳ ба ҳаёти ҷавонону наврасон, махсусан дар таълимгоҳҳои миёна ва касбию олӣ, зимни таълиму тадриси илмҳои замонавӣ, ҳамзамон онҳоро дар рӯҳияи худогоҳӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ватандӯстӣ тарбия кардан зарур аст. Яке аз нависандагони намоёни Фаронса Антуан де Сент-Экзюпери навиштааст, ки “Аввал оилаатро ба тартиб ор, сипас сайёраро”. Дар ҳақиқат, тарбияи ватандӯстӣ аз оила сар мешавад ва зина ба зина дар раванди таълиму тарбия дар кӯдакистону мактаби миёна, литсею коллеҷҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ такмил меёбад.

Умуман, агар мо ҳар чӣ бештару беҳтар кори илму маориф, тарбияи насли босаводу хушахлоқ ва ҷомеаи бомаърифатро ба роҳ монему муваффақ шавем, пояҳои давлату давлатдорӣ ҳамон қадар мустаҳкаму пойдор мешаваду аз хатарҳои гуногун эмин мемонем. Дар асл мо – тоҷикон мардуми сулҳпарвару бомаърифатему ба қадри сулҳу дӯстӣ, оромӣ ва зиндагии осоишта, баробарию бародарӣ мерасем.

Ин нукта чанде пеш зимни суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар «Рӯзи дониш» (1.09.2022) садо дод. Вобаста ба шароити пуртазод ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир Сарвари давлат бори дигар таъкид намуданд, ки «...моро зарур аст, ки фарҳанги сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва амнияту осоиштагиро ба фарзандони худ омӯзонем, онҳоро дар рӯҳияи хештаншиносиву ватандӯстӣ ва инсонпарварӣ тарбия намоем».

Зокиров Р.Ш.,

омӯзгори кафедраи меъмории ДПДТТ ба номи ак. М.с.Осимӣ дар ш. Хуҷанд

Инҷо дар бораи марде ҳарф мезанем, ки имрӯза оромиро бароямон фароҳам кардааст. Моро аз роҳи ҷангу хушунат ба дӯстдориву меҳрубони ҳидоят намудааст Кишвари аз байнрафтаистодаро ба мамлакати наву осоишта мубаддал кардааст.Гумон мекунам ӯ аз насли ҳақиқии Сомон аст.Ӯ омадааст то ману шумо зиндаги кунем .Куҷое наравад ҳатман ободие пеши назар мерасад.Ӯ мард аст ,номус дорад, ҷасорату матонат дорад муҳаббат дорад.Ин нафар ин созанда ин мард Пешвои муаззами мо Эмомалии Раҳмон аст.

Вақте шӯълаи умед хокистар мешуду сӯхта тамом дубора шӯълаи хомӯшнашавандаро даруни синаи ғамдидагон андохт.Байни талотуми ҷанг рӯ ба рӯйи душман мардона истодагарӣ кард.

    Дар иҷлосияи 16 ки тақдири мо ҳал мешуд, ягон кас ҷасорати ба саҳна баромада идораи мамлакати моро нагирифт ҷуз як марди деҳқонзодаи 40 сола.

    Ҷое шунида, ҳатто соати ба саҳнаоияш инсонҳое гуфта буданд, ин ҷавон коре наметонад, анҷом диҳад.

  Ба номи поки Худову ба шири сафеди модар савганд ёд кард, ки ба миллату давлати тоҷик сулҳ меорад.Ва ба аҳдаш вафо кард.

   Имрӯз мо дар хонаи ҷамъу обод дар кӯчаҳои гулзору дар хонаҳои озода зиндагӣ дорем.Имрӯз ашки модаре ба фарзандони душмангардида намерезад.Имрӯз мо сулҳ дорем.

ЭҲЁГАРИ ТАЪРИХИ КУҲАН НОМ ГИРИФТӢ

АҲСАНТ!БАД-ИН НОМ САЗОВОР КАМ ОЯД.

Соли 1999 ба Пешво нишони Қаҳрамони Тоҷикистонро доданд.Ӯ арзандаи ин гуна  унвонҳост.

Мо ҷавонони ин миллатро мебояд ки аз ӯ ибрат гирем ватандӯсту ҷонфидо бошем хоки ватанамонро ҳифз намоем. Барои  ободии ин миллат биёед ҳама якранг мубориза барем. Муаллим сидқдилона омӯзонад. Деҳқон бо умед дона пошад. Табиб бо роҳи дуруст саломатии ҷомеаро назорат кунад, яъне ҳама кори худ соҳаи худро мавриди омӯзиши худ доимӣ қарор диҳад баъдан мо ба ҷое мерасем, ба мақсаде, мароме соҳиб мегардем.

 Биёед ҷавонони имрӯза барои ояндаи давлату миллати худ бикӯшем. Наслҳои ояндасозӣ кишвар бошем.Ҷавонмардии Пешвоямон ба мо дарси ибрат бошаду чун он кас Ватану модари миллату номуси худро муҳофизат кунем.

Муҳимтарин комёбиву дастовардҳои кишвари азизи мо Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаи меҳнатҳои шабонарӯзӣ ва иқдомҳои фидокоронаву қаҳрамононаи Эмомалӣ Раҳмон ва ҳаммаслакони содиқаш мебошад, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва дунявӣ мавқеи хосеро сазовор гашт. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зиёда аз 150 кишварҳои ҷаҳон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд эътироф намуданд. Дар тӯли 32 соли истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузошт. Дар ин муддат Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Пули миллӣ, Артиши миллӣ, Конститутсия, Ваҳдати миллӣ ва ғайраҳо гардид. Ба ҳамагон маълум аст, ки солҳои 90-ум гурезагон бар асари муноқишаҳо ба Афғонистону кишварҳои пасошӯравӣ рӯ ниҳода буданд, пурра ба марзу буми аҷдодӣ баргаштанд ва шахсан бо кӯмаки бевоситаи Роҳбари давлат бо мақсади обод гардонидани хисороти ҷанги шаҳрвандӣ маблағҳои зиёде ҷудо намуданд. Билохира 27-уми июни соли 1997 имзои Созишномаи Сулҳи тоҷикон дар шаҳри Маскав ба вуқуъ пайваст. Ин натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии Эмомалӣ Раҳмон буд. Роҳбарияти мухолифини тоҷик ба хотири қатъи оташи ҷанги бародаркуш бо ҳукумат пайваст, барои барқарории харобаҳои ҷанг ва рушди иқтисоди миллат қадамҳои боварибахшу устувор гузошта шуд.

Кудузова М.А., Асисстенти кафедраи математикаи олӣ ва физика

 

 

 

Халқи тоҷик дар тӯли таърихи тӯлониаш бисёр абармардони фарҳангу тамаддун ва нобиғагони илму маърифатро ба дунё овардааст, ки бо осори ҷовидонаашон на танҳо ба халқу кишвари худ хизматҳои бузурги пурарзиш анҷом додаанд, балки дар рушду нумӯи илму фарҳанг ва тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми босазо гузоштаанд. Яке аз чунин абармардони таърих, сиёсатмадори маъруфи халқи тоҷик, олим ва мутафаккири бузурги Шарқ, Қаҳрамони Тоҷикистон академик Б. Fафуров аст, ки тамоми умри бобаракати худро ба хизмати халқу Ватан бахшидааст.

Ташаккули миллати тоҷик, парвариши эҳсоси волои якдиливу ягонагӣ дар сокинони Тоҷикистон, таҳқиқу омӯзиши таърихи халқу миллат ва муайян кардани саҳми он дар тамаддуни башарӣ ҳадаф ва мароми зиндагии ин абармард буд. Таълифи китоби «Тоҷикон» аз бузургтарин хизмате ҳаст, ки мавсуф барои миллати тоҷик кардааст.

Бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони халқамон дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва ба ҳамин роҳ шинохти беҳтари нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмиву таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар хонадони тоҷик ин асари арзишманди таърихӣ ройгон тақсим карда шуда, ҳамзамон ба хотири боз ҳам ҷалб намудани шаҳрвандони кишвар тибқи амри Сарвари давлат озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» дар соли 2023 ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров  доир мегардад.

 

Ҷиҳати дар сатҳи баланд доир шудани озмуни мазкур тибқи дастури роҳбарияти Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд даври донишкадавии озмун дар сатҳи баланд доир шуда, 27 нафар донишҷӯён ва 3 нафар устодон  ба даври ниҳоии донишкадавӣ роҳхат гирифтанд.

Ҳайати ҳакамон ба донишу малака ва ҳифизаи иштирокдорон баҳои воқеӣ доданд. Ҳамин тавр ба даври сеюми озмун ду нафар устодон -     Дадоҷонов Хушдил Бахтиёрҷонович, ассистенти кафедраи сохтмони факултети сохтмон ва нақлиёт, Ашӯров Сайёд Абдуқаюмович, омӯзгори калони кафедраи автомобилҳо ва идоракунии нақлиёти факултети сохтмон ва нақлиёт рохҳат гирифтанд. Дар байни донишҷӯён холҳои бештарро Аминзода Абдусаттор Рӯзибоевич,       курси 3, ихтисоси 70.02.01 та-сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ, Шокиров Пайравҷон Мақсудҷонович курси 1, ихтисоси 700101 та-саноати маҳсулоти сохтмонӣ ва таркибӣ, Бобозода Билоли Ҷӯрабой, курси     2, ихтисоси 400101 та- таъмини барномавии  технологияи иттилоотӣ, Шокиров Комилҷон Ғуломҷонович курси 1, ихтисоси 700101 та- саноати маҳсулоти сохтмонӣ ва таркибӣ, Ашрапов Умарҷон Давронҷонович, курси 1, ихтисоси 250107ра, иқтисодиёти идора дар корхонаҳо       ба даст оварданд.

 

Бояд қайд намуд, ки дар баробари раводиди мусбату муътадил ва табиӣ ҳаёти динӣ-маънавӣ, инчунин зуҳуроти манфӣ ва номатлуби ғояҳои ифротгароӣ, ки асосан аз хориҷи кишвар ворид мешавад, дар фаъолияти баъзе созмону ниҳодҳо, ҳизбу гурӯҳҳо таъсири муайян расонданд.

Иллати сар задани чунин падидаҳои номатлуб, хатари тафриқаандозӣ ва ҷудоӣ дар байни мусалмонони кишвар дар солҳои охир дар ҷомеаи мо пайдо шудани иғвоангезӣ, таҳрибкорӣ, ҳизбгароиву гурӯҳбандӣ аз тарафи баъзе ходимони дин, имомхатибон аз минбарҳои масоҷид, садо додани таблиғоти бегонапарастӣ, зидди манфиатҳои миллӣ, давлатӣ, суханони таҳқиркунанда, қабеҳу фаҳш ва беасосу бадномкунанда, таҷлили маросимҳои ба мазҳаби мо бегона, итоат накардан ба имому ҳоким, қонун ва дар ин замина ба вуҷуд овардани дуҳокимиятӣ дар фазои кишвар аст.

Мутаассифона, дар амри дифоъ ва пуштибонӣ аз нангу номус, ҳуввият ва арзишҳои миллӣ, манфиатҳои умумихалқиву умумидавлатӣ миёни баъзе уламои дин ва зиёиёни эҷодкори дин баҳс ба миён омада, аҳли ҷомеаро бетараф намегузорад.

Зиёиёни эҷодкор бошанд, баъзе уламои динро ба бегонапарастӣ, арабгароӣ, бесаводӣ, чаласаводӣ, хурофоту таассуб, маъвизаҳои бемантиқ, бе рабту низом, лаҳни тунду таҳқиромез ва зиддидавлатию зиддимиллӣ айбдор менамоянд. Дар айни замон баъзе уламои дин зиёиён, рӯзноманигоронро ба динситезӣ гунаҳкор медонанд.

Дар ҳарду ҳолат ҳам уламои дин ва зиёиёни тоҷик бояд ҳамфикр бошанд, манфиатҳои умумимиллӣ, умумидавлатиро аз ғаразҳои ҳизбӣ, гурӯҳӣ, мазҳабӣ, шахсӣ боло гузошта, ҷомеаро ба ихтилоф, ҷудоӣ ва хатару нооромӣ мувоҷеҳ насозанд.

Баъд аз амалиёти террористии 11-уми сентябри соли 2001 ва амалиёти дигар, ки ба номи Усома бини Лодан пайванд дода мешавад, дар ҷаҳон бештар дар бораи терроризми исломӣ ҳарф мезананд.

Имрӯзҳо масъалаи «муносибати ислом ба терроризм» масъалаи актуалӣ буда, ба худ муносибати ҷиддиро талаб мекунад. Оид ба ин масъала ақидаю гуфтугузорҳои зиёде баён гашт. Ташхиси ин ақидаҳо исботи он аст, ки «терроризм» эҷоди шуур буда, берун аз ислом аст.

Шуури ҳақиқии исломӣ мусулмононро аз терроризм ва ифротгароӣ ҳифз менамояд. Мафҳуми «ислом» аз калимаи арабии «салом» реша гирифта маънояш «сулҳ» мебошад. Аввалан, дар ислом ҳаёт ва озодии инсон муқаддасанд. Ҳаёт, ҷону рӯҳ, ҷисми инсон ва дунёро Офаридгор амонат офаридааст.

Асос ва моҳияти исломро нияти неки муслимин ташкил медиҳад. Уотт Монтгомери яке аз муҳаққиқи дини ислом ақоиди аврупоиён, гӯё «ислом дини шамшер ва зӯрӣ аст» рад намуда, ин ақидаро аз ҳақиқат дур меҳисобад. Фаъолияти созмонҳои динӣ нишон медиҳад, ки ҳеҷ як дин аз ҷараёнҳои ифротӣ холӣ нест ва ин ҷараёнҳо моҳияти таълимоти диниро ба манфиати худашон таҳриф мекунанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар Иҷлосияи сеюми фавқулодаи Созмони Конфронси исломӣ, ки дар шаҳри Макка 7-уми декабр соли 2005 баргузор гашт, гуфта буданд: «Террорист дар асли худ миллат, мазҳаб ва Ватан надорад ва душмани Худову бандагони ӯст... Ин гуна неруҳо аз номи ислом амал намуда, номи неки онро доғдор мекунанд ва манфиатҳои душманону бадхоҳони фарҳанги болои исломиро пиёда месозанд».

Пайғамбари ислом Муҳаммад (с.) аз аввалинҳоест, ки дар асри VII ҳуқуқи гуманитариро асос гузоштааст. Қонуни ислом, куштор дар ҳолати ҷанг зӯроварӣ нисбат ба кӯдакону занон, рӯҳониён, асиронро маҳкум сохта, таҳқир намудани ҷасади ҳалокшудагон, нобудкунии зироату дарахтон, ҳайвоноту манзилро манъ мекунад. Ҳол он ки чунин стандартҳо танҳо дар қарни XX дар ҳуқуқи байналхалқӣ қабул гардидааст.

Олими машҳури ислом Али Булаҷ симои ҳақиқии террористонро шарҳ дода, исбот кард, ки террористон ва ифротгароён бо дин ягон алоқамандӣ надоранд. Аксар хатмкунандагони донишгоҳҳои муҳандисию тиббӣ, ҳуқуқшиносон, омӯзгорон, рӯзноманигорон, аъзои фаъоли гурӯҳҳои террористӣ мебошанд. Масалан, Усома бини Лодан дар оилаи миллиардер таваллуд шудааст. Баъди вафоти падараш ба Усома 250-500 миллион доллар мерос расида буд. Террористи машҳур Карлос (шағол) писари миллионери Венесуэлагӣ аст.

Ифротгароӣ ва терроризм бо номҳои гуногун ва шаклҳои гуногуни зуҳур инсониятро аз давраҳои қадим таъқиб мекарданд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ мамолики мусулмон арзишҳои миллӣ ва динии худро зери хатар мебинад.

Мо муътақидем, ки ифротгароӣ ва терроризм динӣ буда наметавонад, балки терроризм ва ифротгароии мавҷудбуда метавонад, ки шиорҳои диниро ҳамчун ниқоб истифода кунанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаро бар зидди терроризм ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ, минтақа ва ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт талош меварзад. Асоси ҳуқуқии ин фаъолиятро дар кишвари мо ӯҳдадориҳои байналмилалии он, Конститутсия, Кодекси ҷиноӣ, Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ва Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) ташкил медиҳанд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12-уми ноябри соли 2016, таҳти №776 Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2018-2026 тасдиқ карда шуд. Стратегияи мазкур самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян намуда, вазифаҳои мақомоти давлатиро ҷиҳати аз байн бурдани омилҳои ба экстремизм ва терроризм мусоидаткунанда мушаххас менамояд. Назорати иҷрои Стратегияи миллӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ вобаста ба иҷрои он ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шудааст.

Имрӯз ки Тоҷикистон соҳибистиқлол шудааст ва дар ҷаҳон мавқеи худро ёфта, ҳамчун як узви ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шуда, пеш рафта истодааст ва ин барои баъзе қувваҳои дохилию берунӣ писанд нест ва онҳо мехоҳанд, ки ҷомеаи мо ноором бошад, аз ин лиҳоз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои бегонаро дастгирӣ менамоянд.

Аз ин ҷо, мо бояд ҳушёр бошем, дар атрофи Сарвари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон муттаҳид гардида, худшиносӣ ва ғурури миллиамонро баланд бардорем, Ватанамонро, ки Тоҷикистон ном дорад, ҳифз намоем ва обод созем. Парчами ваҳдати миллиро ҳамеша боло бардорем.

Зокиров Р.Ш.,

омӯзгори кафедраи меъмории ДПДТТ ба номи ак. М.с.Осимӣ дар ш. Хуҷанд.

Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамешагӣ  даст кашидан  аз хурофотпарастиву   зоҳирпарастиро ба ҷомеа ташвиқ менамоянд, ки  саривақтист. Зеро то имрӯз  дар тамоми хоки мусалмоннишин хурофоту бесаводӣ ва ҷаҳолат танҳо ва танҳо хатар эҷод кардааст.  Мисоли равшани он таъсиси гурӯҳи террористии ДИИШ, ки дар Сурияву  Ироқ  тавонист миллионҳо инсонҳоро несту нобуд кунад, аз қабили мадрасаву мактабҳоро бо ҷамъи муҳассилин.  Чаро чунин девонагии ин террористон ва ин гурӯҳҳои хунхор дар Амрико ё дилхоҳ кишварҳои абарқудрат рух намедиҳад?  Чаро хоки кишварҳои мусулмонӣ интихоб гардидааст. Аслан ин барномарезиҳои абарқудратҳост. Лек дар мавриди дигар метавон сокинони ҳамон кишварро гунаҳкор кард, зеро хурофот онҷо таҳкурсии амиқ дорад ва баъзе  мардум то ҳол ба ин  масъалаҳо аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд.

Ҳофизи бузургвор  дар ғазалаш  чунин баён кард, ки ки паси парда ки донад, ки  хуб аст, ки зишт.   Ё ҷое дигар фармудааст, ки ҳама кас толиби ёранд чи ҳушёр чи маст. Аз пайғамбар Муҳаммад (с) пурсиданд,  ки дин чист? Гуфтанд: - Ахлоқи ҳамида. На ташкили ҷангу хунрезй,  одамрабоӣ,  кофир хондан ва дигар амалҳо, ки ин гурӯҳҳои ифротӣ ташкил намудаанд. Яъне , бо ҷамъ намудани ҷумла бесаводу ҷоҳил ва ифротӣ ДИИШ ва дигар гурӯҳҳои терористӣ рушд карданд ва замини арабӣ барояшон чун лона истифода мешавад.

Одилхӯҷа Солиев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд