Ҷомеаи устодону донишҷўёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо риояи расму оина ва ифтихор аз ватандорӣ ҷашни умумиҷаҳонии Наврўзи байналмилалро бо шукуҳу шухрати хосса таҷлил намуданд.
Меҳмонони фахрии донишкада нахуст аз раставу хаймаҳои факултетҳо боздид намуда, бо эҷодиёт ва ҳунари устодон ва донишҷўён огоҳӣ пайдо намуданд. Таъкид шуд, ки дар ин боргоҳи маърифат дар баробари илмомўзӣ, тарбияи мутахасисони баландихтисос, ҳамзамон барои азхудкунии касбу ҳунари миллию аҷдодӣ эътибори хосса зоҳир крада мешавад. Донишҷўён маҳсули эҷод ва ҳунари хешро дар маҳфилу коргоҳҳои Парки технологӣ тақвият мебахшанд.
 
Дар маросими расмии чорабинии наврўзии донишкада Тоҷибой Султонзода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд иштирок намуда, ба самъи устодон ва донишҷўён Паёми табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро расонд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Боиси ифтихор аст, ки бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯз дар даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон – Тоҷикистон бо шукӯҳу нусрати хос дубора эҳё гардида, ба ҷашни ҷаҳонӣ табдил ёфт. Ҳикмати Наврӯз аз донишу хирад, меҳру муҳаббат, сулҳу субот ва шодиву нишот иборат буда, дар тӯли ҳазорсолаҳо барои мардуми мо ҳамчун омили ҳастисозу муттаҳидкунанда хизмат кардааст. Зеро ин ҷашн ба қалби хурду бузург суруру шодӣ мебахшад, тамоми афроди ҷомеаро сарҷамъ месозад ва кулли мардумро ба дӯстиву самимият ва меҳру муҳаббати инсонӣ нисбат ба ҳамдигар фаро мехонад”.
Воқеан ҳам, ҷавҳари таърихиву фарҳангии ҷашни Наврӯзро саодату пирӯзии аҳли башар ташкил дода, дар тӯли қарнҳои зиёд инсонҳоро ба ҳамдигарфаҳмиву ҳамзистии осоишта, накӯкориву созандагӣ, дӯст доштану эҳтиёт кардани табиат ва неъматҳои он ҳидоят менамояд. Аз ҳамин лиҳоз, ин падидаи асили фарҳанги миллӣ дар ягон давру замон куҳнашавиро напазируфта, ҳамқадаму ҳамқисмати мардуми мо боқӣ мондааст.
 
Дилафрўз Саидӣ, директори донишкада зимни ироаи номаи табрикотии хеш изҳор дошт, ки воқеан ҳам Наврӯз ба сифати ҷашни асосии тоҷикон, чун оғози соли нав қайд карда шуда, моро ба олами рангини табиати сабзоғӯш мебарад. Барои ҳар яки мо шукуҳу ҷалоли ин ҷашн дар он ҳосил мешавад, ки пас аз сардиҳои фасли зимистон рӯ ба гармӣ меорем. Модарону хоҳарони мо ҷиҳози хонаҳоро офтобӣ мекунанд. Аёдати шахсони бемор, яккаву танҳо, ятимону барҷомондагон аз одатҳои деринаи мардуми мо дар рӯзҳои наврӯзӣ маҳсуб мешавад. Донишкада солҳои сол сарпарасти мактаб парваришгоҳи кӯдакони имконияташон маҳдуди деҳаи Хистеварз буда, дар ҳар ҷашну маросимҳо ба ин муассиса кӯмак мекунад. Мо аз иқдомҳои пайвастаи устодону донишҷӯёни факултетҳои информатика ва энергетика истиқбол менамоем. Зеро онҳо ташаббус нишон дода, барои дидорбинии муассисаҳои иҷтимоӣ, хонаи пиронсолон бо дастовез мераванд.
Наим Маликисломӣ, раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд низ ҷомеаи донишкадаро бо наврўзи байналмилал табрику таҳният намуд.
Сипас ба як қатор ғолибони озмунҳои наврўзӣ диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Барномаи фарҳангии саршор аз муҳаббати ватандорӣ бо таронаҳои наврўзӣ аз ҷониби муҳассилини донишкада ва устодони санъат табъи ҳозиринро болида намуд.