Бо ба даст овардани Истиқлол ва сайъу талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон ба як кишвари ободу зебо ва амн табдил гардид. Дигар рафту омад байни дигар давлатҳои мухталиф рӯз то рӯз рӯ ба афзоиш ёфта сатҳи иқтисодии кишвар низ рӯ ба беҳбудӣ овард. Истиқлол ба шаҳрвандони Тоҷикистон пеш аз ҳама демократия, баробарҳуқуқӣ ва соҳибихтиёриро дод, ки инҳо яке аз неъматҳои арзишманде мебошанд. Бо ба даст овардани Истиқлол Тоҷикистон соҳиби муқаддасоти худ ба мисли пули миллӣ, парчаму нишон ва дигар унсурҳои миллӣ гардид.

 Имрӯз дар ҳақиқат, замоне фаро расидааст, то бо истифода аз имконияту захираҳои нерӯи инсонӣ иқтидори кишварро баланд бардошт. Зеро инкишофу муваффақияти давлат на танҳо аз захираҳои зеризаминӣ, балки бо захираи инсонӣ, ҳадди тавонмандӣ, маҳорати бунёд кориву созандагии шаҳрвандони он вобаста мебошад.

Ба андешаи мо, имрӯз дар ҳолати маърифати дурусти моҳияти масъалаи нерӯи ҷавонон метавон боз ҳам дар самтҳои гуногуни ҳаёти кишвар, аз он ҷумла, дар соҳаи варзиш, илм, ихтирооту навоварии техникӣ ба мувваффақиятҳои бештар ноил гардид. Таҷрибаҳо нишон додаанд, ки сифати нерӯи инсонӣ ҳарчи баланд бошад, ҳамон қадар имконияти рушду инкишофи давлат бештар мегардад. Имрӯз давлатҳои пешрафта ҳамон кишварҳое ҳисоб мешаванд, ки бо истифода аз нерӯи инсонӣ ба дастовардҳои баланд ноил гардидаанд. Дар ин самт, яке аз масъалаҳои муҳим дар роҳи инкишофи нерӯи ҷавонон – ин тарбияи тафаккури созанда ва бунёдкорӣ дар байни онҳо ба ҳисоб меравад.

Тафаккури созанда ҷузъи таркибии тафаккури давлатӣ қарор гирифта, дар байни аҳолии наврасу ҷавони кишвар тарбия ва тарғиб карда шавад. Ин чунин тафаккурест, ки ба рушди шахсияти ҷавонон, созандагиву бунёдкорӣ, таҳкими суботу оромӣ ва баланд бардоштани обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.

Тарбияи тафаккури созанда ва бунёдкорӣ дар байни ҷавонон имкон фароҳам меоварад, нерӯи зеҳниву ҷисмонии дуруст шинохта шуда, ба самти созандагиву бунёдкорӣ равона гардад. Меҳнатдӯстӣ чун унсури асоси ин тарзи тафаккур дар роҳи бунёди зиндагии арзанда барои ҳар фарди ҷавон, саҳм доштан дар ободии ҷомеа, пешравии кишвар, ҳифзи суботу оромӣ ва ба рушди ҳамаҷонибаи давлату миллат замина мусоид мегузорад. Дар ҳақиқат, меҳнат ҳам шахсро тарбия мекунад ва ҳам ӯро ба дастовардҳои баланд мерасонад. Ба андешаи донишмандон, дар бунёд ниҳодани бинои рӯзгор мақоми амал - меҳнату заҳмати шахсӣ ивазнопазир аст. Меҳнат на танҳо дар бунёди бинои рӯзгор, ҳатто, дар ҷодаи ба сатҳи шахсият расидани ҳар нафар мақоми асосӣ дорад. Таҷрибаҳои бойи шахсиятҳои варзида ин ҳамон натиҷаи маҷмӯи меҳнату заҳматҳое ҳастанд, ки дар давраи муайян анҷом додаанд.

Бояд гуфт, ки яке аз масъалаҳои ҳассоси замони имрӯз, ки бевосита ба ҳаёти ҷавонони кишвар дахл дорад, торафт доман паҳн намудани идеологияҳои бегона ва зудбоварии ин қишри ҷомеа ба ҳаргуна ваъдаҳои беасоси созмонҳои ифротӣ мебошад. Чуноне ки таҷрибаҳои солҳои охир нишон медиҳад, бештар вақт ҷавонон бо сабабҳои паст будани маърифати динӣ, фарҳанги сиёсӣ-ҳуқуқӣ, мушкилотҳои иҷтимоӣ фирефтаи идеологияи бегонаи ифротии динӣ гашта, вориди созмону ҳаракатҳои ифротгароёнаи динӣ мегарданд ва дар ин роҳ ҷони худро дар хатар мегузоранд. Дар умум онҳо на танҳо барои худ, балки барои падару модар, ҷомеаи тоҷик, миллати тоҷик, дини ислом ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон як масъалаи сиёсӣ мегарданд. Аз рӯи оморҳои мавҷуда, аксарияти онҳое, ки ба созмони бо ном «давлати исломӣ» ҳамроҳ шуданд, аксарият ҷавонон буда, бо роҳҳо ва мақсадҳои гуногун вориди хоки давлати Ироқ гардиданд. Аз ҳамин лиҳоз имрӯз ҷавонони тоҷик ба яке аз қишрҳои осебпазири ҷомеа мубаддал гардидаанд, ки аз нерӯи зеҳниву ҷисмонии онҳо гурӯҳҳои гуногуни сиёсиву динӣ ва қудратҳои хориҷӣ барои пиёда намудани мақсадҳои ғаразноки худ истифода менамояд. Бо ҳамин далел ва сабабҳои дигар имрӯз барои ҷавонон доштани маърифати баланди сиёсӣ ва зиракии сиёсӣ ниҳоят муҳим мебошад, то ки онҳо фирефтаи созмонҳои сиёсиву динии ифротӣ нагарданд. Ҳизбу созмонҳои ифротгароии дар ҷомеаи имрӯза зуҳур ва фаъолият дошта, пуштибони хориҷӣ дошта аз рӯи ҳадафҳои муайяни сиёсиву идеологӣ ва геополитикӣ амал менамоянд. Ҳамаи ҳизбу созмонҳои то имрӯз ба вуҷуд омада аз фурсати муносиби мавҷуда, яъне аз камсаводии динии ҷавонон ва шароити иҷимоиву иқтисодии ҷомеа истифода мебаранд.

Аз ин рӯ ҷалби ҷавонон ба корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳаёти сиёсии кишвар ва фароҳам намудани шароити боз бештар ба фаъолнокгардии онҳо метавонад пеши паҳн гардидани идеологияҳои бегона дар ҷомеа гардад.

Дар чунин шароити яке аз вазифаҳои асосии ҷавонон саҳм доштан дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ буда, маҳз бо фаъолияти густурда, пеша намудани касбу кори гуногун, пайваста ба меҳнат машғул шудан ва бо доштани тафаккури созандаву ободкорона метавон ин рисолати таърихиро иҷро намуд.

Насим Тошхӯҷаев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд