Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст:              «Дар самти рушди соҳаҳои мухталифи саноат зарур аст, ки гузариш ба технологияҳои инноватсионӣ, хусусан, таҷҳизоти каммасрафи барқӣ таъмин гардида, дар ин замина истеҳсоли маҳсулоти рақобатнок бо истифода аз «энергияи сабз» васеъ ҷорӣ карда шавад».

          Албата истифодабарии асбобҳои каммасрафи барқӣ яке аз роҳи рушт додани саноат афзун гардонидани маҳсулоти тайёр бо масрафи энергияи кам мусоидат мекунад. Роҳбари мамлакатамон Эмомали Раҳмон ин масъаларо дарк намуда барои пеш бурдани соҳаи саноат ба хукумати мамлакат  супориш доданд, ки ҷиҳати таҳия ва васеъ истифода намудани технологияҳои муосир дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди мамлакат Стратегияи миллии «зеҳни сунъӣ»-ро қабул ва татбиқ намояд.

Вобаста ба талаботи соҳаи саноат зарур аст, ки ба масъалаи баланд бардоштани сифати таҳсилот, такмили нақшаҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва тайёр кардани мутахассисони касбҳои нав эътибори ҷиддӣ дода шавад.

Аз иқтидорҳои фаровони энергетикии мамлакат аз ҷумлаи омилҳои калидии рушди соҳаи саноат ба ҳисоб меравад васеъ истифода бурда шавад. Аз ин лиҳоз бо  дастгирии роҳбари мамлакатамон  барои рушди минбаъдаи соҳа татбиқи 18 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 16,6 миллиард сомонӣ амалӣ гардидан чораҳо андешида шуд истодааст.

Ҳоло дар кишвари мо 98 фоизи нерӯи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия, яъне асосан бо истифода аз нерӯи об истеҳсол гардида истифода булда мешаван., Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» шашум кишвари пешсафи сайёра мебошад.

Аз ин лиҳоз, истеҳсол ва истифодаи «энергияи сабз» аз ҷумлаи афзалиятҳои рақобатнокии иқтисоди кишвари мо ба ҳисоб меравад.

Дар ин самт, ҳоло дар Тоҷикистон лоиҳаҳои бузурги бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ амалӣ гардида истодаанд ва дар 7 соли оянда аз ҳисоби бунёди нерӯгоҳи «Роғун» ва таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обии «Норак», «Сарбанд» ва «Қайроққум» иқтидори энергетикии мамлакат иловатан ба 4 ҳазор мегаватт афзоиш дода мешавад.

Бо вуҷуди ин, истифодаи васеи дигар манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз ҷумла нерӯи офтоб ва шамол ба манфиат буда, дар ин самт асосноккунии 3 лоиҳа бо иқтидори умумии 260 мегаватт оғоз гардидааст, ки дар панҷ соли оянда татбиқ карда мешаванд. Ҳис карда тавонистани ин муаммо барои пешбарии соҳаи саноат муҳим ва саривақти мебошад. Самаранок ва сарфанок истифода бурдани манбаъҳои энергетики ва баҳисобгирии  маҷмӯи энергияи сарфшаванда боиси афзунгардии матоҳои истеҳсолӣ ва маҳсулотҳои истеҳсолӣ  мегардад. Вобаста ба ин, Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки ҷиҳати тадриҷан муҳайё сохтани инфрасохтор ва дигар шароити зарурӣ барои истифодаи чунин воситаҳои энергети дар қаламрави кишвар чораҷӯӣ намояд. Ҳукуматҳои маҳалли бояд ба ин тарафи кор аҳамият дода барои баландбардории рушди босуботи саноат чораҳои зарури андешанд.

    Ҳамеша кор бояд аз поён ҷараён гирад. Мо шаҳрвандону истеҳсолкунандагон бояд гуфтаҳои Эмомалӣ Раҳмонро барои амали гардонидан чораҳо андешем.

Кудузова М. А., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд