10.12.1969

Номзади илмҳои иқтисодӣ

 

Тав.: шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, аз хонадони хизматчӣ. Таҳсил: мактаби миёнаи №21. Хатмкардаи факултети технологии Филиали хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (с.1992). Назоратчии ҷамъияти саҳомии «Абрешим» (с.1992), ассистенти  кафедраи бофандагӣ, иқтисодиёт ва идораи  ФХДТТ (с.1995), аспиранти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (с.1997-2000), ҳимояи рисолаи номзадӣ дар шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (с.2000), ассистенти кафедраи иқтисодиёт ва менеҷменти ФХДТТ  ба номи академик М.С. Осимӣ (с.2000-2002), мудири кафедраи иқтисодиёти Донишгоҳи муосири гуманитарӣ (с. 2002-2005), омӯзгори калони кафедраи молия ва аудити ФХДТТ (с.2005-2007), мудири кафедраи молия ва қарзи ФХДТТ (с.2007-2010), сардори раёсати робитаҳои хориҷии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ (с.2010-2014), декани факултети муҳандисӣ-иқтисодии ДПДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ (с.2014–2019), аз моҳи сентябри соли 2019 эксперти сифати Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд.

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Муаллифи зиёда аз 40 интишороти дараҷаи ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ  мебошад. Курсҳои гуногуни омӯзишӣ ва таҷрибаомӯзиҳоро дар кишварҳои хориҷӣ гузаштааст.

Мукофоту ҷоизаҳо:

Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2009.

Робита: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.