20.08.1940

Номзади илмҳои техникӣ, дотсент

 

Тав:  деҳаи Қамишқурғон (ҳозира Меҳробод), ноҳияи Ашт, аз хонадони деҳқон. Таҳсил: мактаби ба номи С.М.Кирови ноҳияи Ашт. Хатмкардаи факултети механизатсияи техникуми хоҷагии қишлоқи шаҳри Ленинобод (с.1959), Институти хоҷагии қишлоқи шаҳри Душанбе, Донишкадаи хоҷагии қишлоқи ш. Ленинград (с.1967). Ассистенти кафедраи электрокунонӣ ва механиконии соҳаи чорводории Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон   (с.1967-1971). аспиранти Институти хоҷагии қишлоқи Ленинград (с.1971-1975), дифои рисолаи номзадӣ (с.1976), ассистент, муаллими калони кафедраи электрокунонӣ ва механиконии соҳаи чорводорӣ, ш. Душанбе (с.1975-1983), дотсенти кафедраи электрокунонӣ ва  механиконии соҳаи чорводорӣ (с.1983-1994), дотсент, и.в. мудири кафедраи электротехника ва автоматикаи ФХДТТ (с.1994-1995), дотсенти кафедраи электротехника ва автоматикаи Филиали Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд (с.1995-2010), соли 2010 инҷониб дотсенти кафедраи таъминоти барқ ва автоматикаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд.

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ба таъмини автоматикунонии равандҳои технологӣ дар корхонаҳои соҳаи кишоварзӣ, инчунин ҳалли масъалаҳои  энергосарфа дар шабакаҳои барқии баланд ва пастшиддат равона карда шудааст. Дар асоси иҷрои корҳои илмӣ зиёда аз 40 корҳои илмӣ-методӣ аз чоп бароварда шудаанд, аз он ҷумла 1 ихтироот “Устройство для электротермической обработки грубых кормов”.

Муҳимтарин дастовардҳо дар фаъолияти педагогӣ:

Дар тарбияи шогирдони баландихтисос дар сатҳи бакалавр ва магистр дар соҳаи электроэнергетика саҳми арзанда дорад. Шогирдони устод дар муҳимтарин объектҳои электроэнергетикии шаҳру вилоят ва ҷумҳурӣ дар вазифаҳои сармуҳандис ва сардори шабакаҳои барқӣ фаъолият мебаранд.

Дар давоми фаъолияти педагогӣ барои зиёда аз 10 фанҳои тахассусии ихтисосҳои 430103 ва 530105 матни лексияҳо, дастурҳои  методӣ оид ба иҷрои корҳои лабораторӣ, корҳои хаттӣ-графикӣ, корҳои курсӣ, лоиҳаҳои дипломӣ ва ғайра тайёр намуда аз чоп баровардааст.

Мукофоту ҷоизаҳо:

Ифтихорномаҳои директори донишкада ва мақомоти иҷроияи шаҳр ва ноҳия.

Робита: тел. +992 92 764 60 59